ҶАЛАСАИ СИТОДИ ШАҲРӢ ҶИҲАТИ ПЕШГИРӢ АЗ ПАҲНШАВИИ БЕМОРИИ СИРОЯТИИ COVID-19
06 Июли 2021, Сешанбе
ш.Душанбе. 06.07.2021. Имрӯз дар пойтахт бо мақсади пешгирӣ аз паҳншавии бемории сироятии COVID-19 оид ба пурзӯр намудани қоидаҳои беҳдоштӣ, истифодаи ҳатмии ниқоб дар пойтахт ва вазифагузориҳо барои идомаи фаъолияти корӣ ҷаласаи Ситоди шаҳрӣ доир гардид.
Дар ҷаласа роҳбарият ва намояндагони мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва роҳбарону масъулони сохторҳои марбутаи шаҳриву ноҳиявӣ иштирок ва суханронӣ намуданд. Таъкид гардид, ки дар шаҳри Душанбе тадбирҳо ҷиҳати риояи қоидаҳои беҳдоштӣ ва истифодаи ҳатмии ниқоб бояд пурзӯр карда шавад. Зеро мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки новобаста аз таъкидҳои табибону мутахассисон шаҳрвандон дар бархе маврид бениқоб гуштугузор менамоянд. Аз ин хотир корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни аҳолӣ баҳри пешгирӣ аз бемориҳои сироятии коронавируси COVID-19 аз нав ба роҳ монда шуданд. Ҳамчунин гуфта шуд, ки мавҷи навбатии сирояти COVID-19 чандин кишварҳои минтақа ва ҷаҳонро фаро гирифта, ин раванд ҳанӯз ҳам идома дорад.
Мутахассисон изҳор медоранд, ки сабаби асосии паҳншавии ин бемории сироятӣ - риоя накардани қоидаҳои беҳдоштиву масофаи иҷтимоӣ, беэътиноӣ нисбати саломатии худу атрофиён ва истифода накардани ниқоб мебошад.
Бояд гуфт, ки давоми чанд рӯзи охир сокинону меҳмонони шаҳри Душанбе нисбати саломатии худ ва атрофиён фориғбол гардида, дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, маконҳои серодам, бозору марказҳои савдо, боғу гулгашт ва нақлиёти ҷамъиятӣ аз ниқобҳои муҳофизатӣ истифода намебаранд, ки ин амал дар вазъияти хуруҷи мавҷи навбатии бемории сироятии коронавируси COVID-19 нодуруст мебошад. Зимни наворбардорӣ дар КВД Бозори деҳқон маълум гардид, ки шумораи зиёди сокинон ба бозор бе ниқоб ворид мешаванд ва ҳамчунин аксарияти фурӯшандагони ин бозор низ бе ниқоб фаъолият менамоянд, ки ин ҳолат боиси нигаронӣ аст.
Аъзоёни гурӯҳи корӣ миёни сокинон корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронда, аз онҳо даъват ба амал оварданд, ки дар ин марҳилаи хуруҷи мавҷи навбатии COVID-19 қоидаҳои беҳдоштиро риоя намоянд ва масъулиятшинос бошанд. Бино ба иттилоъи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон сабаби асосии бистаринамоии беморон дар беморхонаҳо, ин риояи нодурусти қоидаҳои беҳдоштӣ, набастани ниқоб дар кӯчаву хиёбонҳо, ва ҷойҳои ҷамъиятӣ мебошад, ки боис ба паҳншавии беморӣ мегардад.