ЭЪЛОН: ҲАРАКАТИ ВОСИТАҲОИ НАҚЛИЁТИ АВТОМОБИЛӢ ДАР ЧОРРОҲАИ КӮЧАИ САДРИДДИН АЙНӢ БО ГУЗАРГОҲИ ЯКУМИ КӮЧАИ НИСОР МУҲАММАД МУВАҚҚАТАН ҚАТЪ КАРДА МЕШАВАД

13 Июли 2021, Сешанбе

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба таваҷҷуҳи сокинон ва меҳмонони пойтахт мерасонад, ки дар асоси қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 13 июли соли 2021, №415 бо мақсади анҷом додани корҳои сохтмонӣ дар чорроҳаи кӯчаи С.Айнӣ бо гузаргоҳи якуми кӯчаи Н.Муҳаммадӣ (назди беморхонаи Ёрии таъҷилӣ) ҳаракати ҳамагуна нақлиёти автомобилӣ аз санаи 15 то 18 июли соли 2021 тавассути чорроҳаи мазкур қатъ карда мешавад.

Ҳаракати автобусҳои хатсайрҳои №2,4,7,43 ва хатсайрҳои троллейбусии №2,4,9 ва 10 тариқи кӯчаҳои Лоҳутӣ, Н.Муҳаммад, Дустии халқҳо, А.Дониш, автобусҳои хатсайрҳои №8 ва 55 тариқи хиёбони Рӯдакӣ, кӯчаҳои М.Назаршоев ва А.Дониш ба роҳ монда мешавад.

Аз ронандагони дигар воситаҳои нақлиёт эҳтиромона хоҳиш карда мешавад, ки аз кӯчаҳои ҳамшафат истифода баранд.

Илова кунед