МУЛОҚОТ БО КОРМАНДОНИ СОҲАИ ТАНДУРУСТИИ ПОЙТАХТ
15 Июли 2021, Панҷшанбе
ш.Душанбе. 15.07.2021. Имрӯз бо ташаббуси раҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар бинои Маркази назорати давлатии санитарию эпидемологии шаҳри Душанбе таҳти садорати муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ бо масъулину мутасаддиён, кормандону ходимони идораи санитарию эпидемологӣ, кормандону коршиносон ва хизматчиёни бахши тандурустии пойтахт мулоқот баргузор гардид.
Дао оғози чорабинӣ сардори Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе Шарифзода Хушвахт Салим суханронӣ намуда, зикр карданд, ки дар ин рӯзҳои хеле ҳассосу тақдирсоз бетарафиро ихтиёр накарда, баҳри ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта, иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Раиси шаҳри Душанбе роҷеъ ба ҳифзи саломатии аҳли ҷомеа, муборизаи алайҳи ҳамагуна бемориҳои сироятии саҳмгузор бошанд.
Сипас муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ вобаста ба дастуру супоришҳои Раиси Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ, ки дар Иҷлосияи шашуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати шашум ироа намуда буданд, суханронӣ намуда, таъкид сохтанд, ки ҷиҳати зудтар анҷом додани ваксинатсия миёни аҳолии пойтахт, риояи қатъӣ намудан ба истифодаи ниқобҳои муҳофизатӣ, диққати ҷиддӣ додан ба тозагию озодагии марказҳои саломатии пойтахт, риояи фосилаи иҷтимоӣ, ислоҳи камбудиву норасоиҳои дар марказу корхонаҳо ҷойдошта, вусъат додани корҳои ободониву хуррамгардонӣ бахшида ба таҷлили ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чораҳои мушаххасу амалиро роҳандозӣ намоянд.
Зимни мулоқот мутахассисони соҳа зикр карданд, ҷиҳати пешгирӣ аз хуруҷи бемории сироятии COVID-19 дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, бозору мағозаҳо, марказҳои савдою хизматрасонӣ, нақлиётҳои мусофирбар корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба риояи гигиенаи шахсӣ, истифодаи маводҳои антисептикӣ, истифодаи доимии ниқоб ва нигоҳ доштани масофаи иҷтимоӣ гузаронида шавад.