ВОХӮРӢ БО ХОДИМОНИ ДИН ВА ИМОМХАТИБОНИ МАСҶИДҲОИ ПОЙТАХТ
16 Июли 2021, Ҷумъа
ш.Душанбе. 16.07.2021. Имрӯз бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар толори маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияи давлатии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе бо кулли имомхатибони масоҷиди пойтахт, ходимони дин, масъулину мутасаддиён, кормандону коршиносон, зиёиён, фаъолон ва намояндагони бахши тандурустии ноҳия мулоқот доир гардид.
Дар оғози вохӯрӣ муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ суханронӣ намуда, оид ба дастуру супоришҳои Раиси Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ, ки дар Иҷлосияи шашуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати шашум ироа намуданд ибрози андеша карданд.
Таъкид гардид, ки оид ба анҷом додани ваксинатсия миёни аҳолии пойтахт, риояи қатъии истифодаи ниқобҳои муҳофизатӣ, диққати ҷиддӣ додан ба тозагию озодагии марказҳои саломатии пойтахт, риояи фосилаи иҷтимоӣ дар масҷидҳо, бурдани корҳои ташвиқотию тарғиботӣ дар байни намозгузорон, инчунин ривоҷу вусъат додани корҳои ободониву хуррамгардонӣ ба истиқоболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чораҳои амалӣ роҳандози карда шавад.
Ҳамзамон дар чорабинӣ Сардори Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе Шарифзода Хушвахт Салим ва мудири Шуъбаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе Абдуалим Норасов суханронӣ карда, ҳар як масъулу мутасаддии соҳаро дар ҷаласа ҷиҳати анҷоми корҳои муҳиму таъҷилӣ ба таври хеле ҷиддӣ вазифадор намуданд, ки баҳри ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта, иҷрои саривақтии супоришҳои Раиси шаҳри Душанбе роҷеъ ба ҳифзи саломатии аҳли ҷомеа тадбирҳои амалӣ андешанд.
Масъулин ва мутасаддиёни соҳа, имомхатибон ва ходимони дин дар анҷоми вохӯрӣ бори дигар вазифадор карда шуданд, ки камбудиву норасоиҳои ҷойдоштаро сари вақт ислоҳ намуда, дар таҷлили ҷашни бошукӯҳи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми назарраси хешро гузоранд.