Тоҷикӣ

ҶАМЪБАСТИ МУСОБИҚАИ КУШОД ОИД БА САҚҚОБОЗӢ БАРОИ ДАРЁФТИ ҶОМИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

17 Июли 2021, Шанбе

ш.Душанбе. 17.07.2021. Имрӯз дар толори саққобозии Муассисаи давлатии “Кохи Наврӯз” мусобиқаи кушоди варзишӣ оид ба саққобозӣ байни кормандони вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, дастаҳои Вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ байни варзишгарони касбӣ ва ғайрикасбӣ бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дарёфти "Ҷоми шаҳри Душанбе" ҷамъбаст гардид.
Дар оғози чорабинии мазкур Сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе Шоҳзод Раҳимзода ғолибони мусобиқаро барои ғалабаашон муборакбод намуда, доир ба иқдомҳои наҷибу варзишдӯстонаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ суханронӣ карданд.
Қайд бояд кард, ки мусобиқа бо мақсади иҷрои қарори Раиси шаҳри Душанбе, таъмини оммавияти варзишу солимгардонӣ, тарғиби тарзи ҳаёти солим миёни сокинони шаҳр, рушди варзиши саққобозӣ ва сазовору хотирмон таҷлил намудани ҷашни таърихии 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Ёдовар мешавем, ки мусобиқаи мазкур дар асоси қарори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз 16 то 17 июли соли 2021 баргузор гардида, дар он дастаҳо аз вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳо миёни ҳам рақобат намуданд.
Дар фарҷоми мусобиқа аз ҷониби роҳбарият ва намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба ғолибон диплом, медал, сипоснома, мукофотҳои пулӣ ва ҷоизаи асосии мусобиқа Ҷоми шаҳри Душанбе тақдим карда шуд.
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 

Илова кунед