Тоҷикӣ

ОҒОЗИ ФЕСТИВАЛИ БОЗИҲОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШӢ ДАР ПОЙТАХТ

30 Июли 2021, Ҷумъа

ш.Душанбе. 30.07.2021. Бо ташаббусҳои созандаю некбинонаи Раиси шаҳри Душанбе, муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва Макомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар қаламрави пойтахт ҳамарӯза даҳҳо чорабиниҳои мухталиф роҳандозӣ мегарданд.
Албатта, роҳандозии кулли ин чорабиниҳои гуногуни аҳамиятбахш ва хеле самараовар аз тахаюлоти бою рангин, ғояҳои беназиру беҳамто, иқдомоти шоистаю беназири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма мегиранд.
Дар боғи фарҳангу фароғати ба номи С. Айнии ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе ба истиқболи 30 - юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи дастуру супоришҳои бевоситаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ таҳти садорати муовини Раиси шаҳри Душанбе Муинӣ Мавсума Муинзода Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ расман кушода эълон гардид.
Мавсума Муинзода дар чорабинии доиргардида, аз сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, азму талошҳои шабонарӯзии Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ, дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ, аҳамияти сулҳу субот, хиради азалии халқи тоҷик, дастовардҳои ҷодаи варзиш ва ҷавонони боғайрату баномуси миллат, боз ҳам ободу хуррам гардонидани Ватани азизамон, муфассал андешаронӣ намуданд.
Баъдан, муовини раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон - Дилшод Назаров низ суханронӣ намуда, аз аҳамияти ин чорабинии муҳими доиргардида, ибрози назар намуданд.
Боиси ифтихор ва ҷолибу хотирмон буд, ки зимни чорабинӣ намояндагони аксари навъҳои варзиши кишвар ҳунару маҳорат ва тамоми услубу сабки шевою дидании намудҳои варзишро пешкаши тамошобинон намуданд.
Дар чорабинӣ ҷавонон, фаъолон, зиёиён ва ҳамзамон, масъулину мутасаддиёни тамоми бахшу сохторҳои шаҳри Душанбе ва чаҳор ноҳияи пойтахт фаъолона ширкат варзиданд. Чорабинии мазкур дар сатҳи хеле баланд ва ниҳоят тассуротбахш ҷараён гирифт.

 

 

 

 

Илова кунед