ҚАРОРИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ №470 АЗ 09.08.2021

09 Августи 2021, Душанбе

Дар бораи қатъ намудани ҳаракати воситаҳои нақлиёти автомобилӣ  ҳангоми  гузаронидани тамринҳои сафороӣ ва Паради ҳарбӣ бахшида ба  ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бо мақсади таъмини иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 октябри соли 2018, №510 «Дар бораи ҷашн гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститут-сионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», моддаи 14 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи роҳҳои автомобилгард ва фаъолияти роҳдорӣ» ва моддаи 10 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳаракат дар роҳ»

ҚАРОР МЕКУНАМ: 

  1. Ҳаракати ҳамагуна воситаҳои нақлиёти автомобилӣ дар кӯчаи Ҳофизи Шерозӣ (аз буриши қӯчаи Карамов то буриши  кӯчаи Саъдӣ Шерозӣ) аз 10 то 26 август аз соати 1500 то 2100 ва дар хиёбони Исмоили Сомонӣ (аз буриши хиёбони Рӯдакӣ то буриши хиёбони Абуалӣ ибни Сино) аз 27 август то 7 сентябри соли 2021 аз соати 1800 то 2300 қатъ карда шавад.
  2. Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ҷиҳати таъмини ҳаракати воситаҳои нақлиёти автомобилӣ дар кӯчаю хиёбонҳои ҳамшафати макони баргузории чорабиниҳои мазкур ва бехатарии ҳаракати шаҳрвандон чораҳои мушаххаси мақсаднокро роҳандозӣ намояд.
  3. Шуъбаи нақлиёти дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо сохторҳои марбутаи соҳаи нақлиёти шаҳрӣ ҷиҳати таъмини мунтазами ҳаракати воситаҳои нақлиёти автомобилии истифодаи умум тавассути дигар кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Душанбе тадбирҳои зарурӣ андешанд.
  4. Шуъбаи иттилооти дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, муассисаҳои давлатии «Телевизиони Душанбе» ва рӯзномаи «Паёми Душанбе» инъикоси муҳтавои қарори мазкурро тавассути воситаҳои ахбори омма васеъ ба роҳ монанд.
  5. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шањри Душанбе, сарпарасти соҳа вогузор карда шавад.

       РУСТАМИ  ЭМОМАЛӢ  

Илова кунед