Тоҷикӣ

ҚАРОРИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ №471 АЗ 10.08.2021

10 Августи 2021, Сешанбе

Дар бораи баргузор намудани озмуни нон ва маҳсулоти нонӣ таҳти унвони «Нон шудам, шоистаи ҳар хон шудам» дар шаҳри Душанбе

Бо мақсади иҷрои банди 28 ҷадвали баргузории фестивал, намоиш, ид ва озмунҳои анъана ва ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2021, ки бо амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 январи соли 2020, №АП-1332 тасдиқгардидааст, мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ»

 ҚАРОР МЕКУНАМ:

  1. Озмуни нон ва маҳсулоти нонӣ таҳти унвони «Нон шудам, шоистаи ҳар хон шудам» дар шаҳри Душанбе санаи 12 августи соли 2021 дар Муассисаи давлатии «Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ» баргузор карда шавад.
  2. Ҳайати аъзои гурӯҳи кории озмуни нон ва маҳсулоти нонӣ таҳти унвони «Нон шудам, шоистаи ҳар хон шудам» дар шаҳри Душанбе, нақшаи чорабиниҳо оид ба омодагию баргузорӣ ва ҳисобномаи хароҷотии озмуни мазкур тибқи замимаҳои 1, 2 ва 3 тасдиқкарда шаванд.
  3. Муовинони Раиси шаҳри Душанбе (Муини М.М. ва Гуреззода У.), раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе, роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, воҳидҳои сохтории дастгоҳ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҷиҳати дар сатҳи баланди фарҳангию ташкилӣ бо риояи қоидаҳои беҳдоштӣ доир намудани озмуни мазкур тадбирҳои дахлдор андешанд.
  4. Даврҳои якум ва дуюми озмун тибқи муқаррароти Низомномаи озмуни ҷумҳуриявии нон ва маҳсулоти нонӣ таҳти унвони «Нон шудам, шоистаи ҳар хон шудам» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2021, ки бо фармоиши Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 июни соли 2019, №16 тасдиқшудааст, ташкилу баргузор карда шаванд.
  5. Сарраёсати молияи шаҳри Душанбе аз ҳисоби фонди захиравии Раиси шаҳри Душанбе маблағи 9073 (нуҳ ҳазору ҳафтоду се) сомониро тибқи замимаи 3 ба бахши муҳосиботи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ҷудо намояд.
  6. Бахши муҳосиботи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе пардохти саривақтии маблағи ҷудошударо тибқи тартиби муқарраргардида таъмин намояд.
  7. Шуъбаи иттилооти дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, муассисаҳои давлатии «Телевизиони Душанбе» ва рӯзномаи «Паёми Душанбе» инъикоси васеи муҳтавои қарор ва рафти баргузории озмуни мазкурро тавассути воситаҳои ахбори омма ба роҳ монанд.
  8. Қарори мазкур барои тасдиқба Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе пешниҳод карда шавад.
  9. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳри Душанбе, сарпарасти соҳа гузошта шавад.

РУСТАМИ  ЭМОМАЛӢ

Илова кунед