Тоҷикӣ

БАРГУЗОРИИ СЕМИНАР МАШВАРАТ ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ

11 Августи 2021, Чоршанбе

ш.Душанбе. 11.08.2021. Имрӯз бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар меҳмонхонаи “Серена” Семинар машварат оид ба баҳодиҳии устувории шаҳри Душанбе ба офатҳо ва коркарди лоиҳаи Стратегияи устувории шаҳр баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур роҳбарияту намояндагони дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, раёсату шуъбаҳо, ташкилотҳои давлатӣ ва корхонаҳои воҳиди давлатӣ иштирок намуданд.

Лозим ба ёдоварист, ки семинари мазкур дар ҳамкорӣ бо дафтари минтақавии аврупоии  СММ оид ба коҳиши хатари офатҳои табиӣ (UNDRR) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамоҳангсозони таъйиншуда-Ситоди ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании шаҳри Душанбе, инчунин КВД “Шаҳри ҳушманд (Smart city)”-и Душанбе дар мувофиқа бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба нақша гирифта шуда,  аз санаи 11 то 12 августи соли ҷорӣ идома хоҳад кард.

Дар оғози чорабинӣ муовини якуми раиси шаҳри Душанбе Қурбонзода Амирхон суханронӣ карда, аз таваҷҷуҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ нисбат ба ободу зебо гардонидани пойтахти кишвар ва ташаббусҳои бузурги Пешвои миллат оид ба ҳалли масъалаҳои глобалии тағйирёбии иқлим, обшавии пиряхҳо, коҳиш додани хатарҳои офатҳои табиӣ изҳори миннатдорӣ намуд.

Семинари имрӯза фарогири ҳалли масъалаҳои глобалии тағйирёбии иқлим ва коҳиш додани хатарҳои офатҳои табиӣ, пешгирии афзоиши офатҳои табиӣ бар асари тағйирёбии босуръати иқлими сайёра ва таъсири инсон ба табиат буда, вобаста ба масъалаҳои болозикр гурӯҳҳои корӣ таъсис дода шудааст. Қайд бояд намуд, ки семинар фардо низ ба кори худ идома мебахшад.

 

 

Илова кунед