БАРНОМАИ ФАРҲАНГӢ БА ИФТИХОРИ ҶАШНИ 30-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ ДАР МАЙДОНИ “НИШОНИ ДАВЛАТӢ”

10 Сентябри 2021, Ҷумъа

ш.Душанбе. 10.09.2021. Имрӯз дар майдони “Нишони давлатӣ” ба ифтихори ҷашни бузурги миллӣ – 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе барои сокинону меҳмонони пойтахт барномаи бошукуҳ ва рангини ҳунарӣ, иборат аз суруду мусиқӣ, рақсу бозӣ ва шоу - барномаи дронҳо бо намоиши 13 элементи нави ҷаззобу диданӣ, баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур шумораи зиёди сокинони пойтахт ва меҳмонони хориҷӣ ширкат намуданд.

Мавриди зикр аст, ки имсол мардуми шарафманд ва тамаддунсози тоҷик 30-солагии Истиқлолияти давлатиро бо дастовардҳои арзандаи меҳнатӣ таҷлил менамоянд.

Тантанаҳои асосии идона ба ифтихори ин санаи муҳим ҳанӯз 7 сентябри соли 2021 бо баргузории паради ҳарбӣ бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ, оғоз гардида буд.

8 сентябр дар Кохи Борбад бо иштироки Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷамъомади тантанавӣ баргузор шуд.

9 сентябр дар майдони марказии пойтахт бо иштироки Сарвари давлат ва Раиси шаҳри Душанбе бо иштироки беш аз 30 ҳазор нафар сокинони пойтахт, намояндагони сохторҳои давлатӣ ва донишҷӯёну хонандагон роҳпаймоии осоишта ва бегоҳии рӯзи 9 сентябр дар Наврӯзгоҳи пойтахт чорабинии бошукуҳи фарҳангӣ доир гардид.

Маҳз бо ташуббуси бевоситаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ имсол чорабинии ҷашнӣ дар Наврӯзгоҳи пойтахт бахшида ба 30-юмин солгарди Истиқлоли кишвар дар сатҳу сифати нав ва бо истифода аз технологияи муосир ҷашн гирифта шуд, ки аз ҷониби меҳмонон, сокинон ва иштирокчиёни чорабинӣ хеле хубу хуш пазируфта шуд.

Чорабинии имрӯза идомаи тантанаҳои идонаи ҷашни истиқлоли ватан буда, дар майдони Нишони давлатӣ сокинони шукргузори пойтахт ва меҳмононро ба ҳам овард.

Тавре иттилоъ додем, сокинони пойтахт солҳои охир бо ҷонибдорӣ аз сиёсати созандаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳти сарварии роҳбари ҷавону кордон Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба дастовардҳои арзанда ноил гардиданд.

Шаҳри Душанбе ҳамчун пойтахти ватани соҳибистиқлоламон сол ба сол рушд карда истодааст.

Қобили зикр аст, ки давоми солҳои соҳибистиқлолӣ дар мамлакат, бахусус пойтахти кишвар - шаҳри Душанбе бо ташаббуси бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҷонибдории Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ корҳои бесобиқаи ободониву бунёдкорӣ дар ҳама самту соҳаҳо ба таври густурда ба анҷом расонида шуд, ки ин боиси сарфарозии ҳар як сокини кишвар мебошад.

Дар шаҳр дар баробари бунёди иншооти муҳимми инфрасохтори пойтахт ба масъалаи сохтмон ва таъсиси муассисаҳои таълимии наву замонавӣ ва ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир таваҷҷуҳи махсус зоҳир мегардад.

Танҳо тайи солҳои 2017 - 2020 дар шаҳри Душанбе бо харҷи зиёда аз 450 миллион сомонӣ 24 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ барои 31 ҳазор ҷойи нишаст ва 9 муассисаи таҳсилоти томактабӣ барои қариб 2000 кӯдак бунёд гардидааст. Илова бар ин, дар доираи нақшаи чорабиниҳо ба ифтихори 30 - солагии истиқлоли давлатӣ дар шаҳри Душанбе бунёди 19 муассисаи таҳсилоти умумӣ бо зиёда аз 41 ҳазор ҷойи нишаст ва сохтмони 7 муассисаи таҳсилоти томактабӣ барои 1900 кӯдак идома дорад.

Роҳбарият ва сокинони шаҳри Душанбе дар баробари дигар шаҳру ноҳияҳои кишвар ба истиқболи ҷашни мубораку муқаддаси 30 - солагии истиқлоли давлатии Тоҷикистон нақшаҳои азими созандаро амалӣ намуда, то ба имрӯз беш аз 250 иншооти нави иҷтимоиву истеҳсолӣ, аз ҷумла 57 корхонаи муосири саноатиро бунёд карда, ба истифода супориданд, ки ифтитоҳи муассисаи таълимии имрӯза аз ҷумлаи онҳост.

Дар пайи сохтмонҳо ва ободкориҳои хеле зиёд шаҳри Душанбе маркази бузурги сиёсиву фарҳангӣ ва илму маданият шуд.

Бо ибтикори роҳбарияти кишвар дар пойтахти Тоҷикистон - шаҳри Душанбе даҳҳо маротиба чорабиниҳои сатҳи ҷаҳонӣ баргузор шуданд. Дар ин гуна ҳолатҳо мардуми ҷаҳон шоҳиди мизбонии беҳтарини Душанбе шудаву аз шеваи ободкорӣ, меҳмондорӣ ва ташкилотчигии тоҷикон ба ҳайрат омаданд.

Дигаргуниҳои ҷиддӣ, осоишу ободӣ ва шоҳкориҳои Душанбе боис шуд ва пойтахти Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ маҳбубияти зиёдеро соҳиб гашт. Ҳамин тавр, соли 2004 аз ҷониби ЮНЕСКО ба шаҳри Душанбе ҷоизаи “Шаҳри сулҳ” - барои таҳкими сулҳ ва арзишҳои башарӣ ва такроран соли 2016 аз ҷониби “Бунёди роҳи абрешим” барои таъмини суботу оромӣ, амнияту ҳамзистии осоиштаи қишрҳои ҷомеаву адён ва рушди бомароми иқтисодию иҷтимоӣ бо ин ҷоиза сарфароз гардонида шуд.

Дар баробари ин, шаҳри Душанбе аз тарафи созмону нашрияҳои байналмилалӣ ҳамчун шаҳри “Барои сафари тирамоҳӣ ҷолибтарин”, “Барои сафари баҳорӣ ҷолибтарин” ва “Шаҳри амнтарин” дар ҷаҳон эътироф шуда, соли 2017 дар қатори 20 шаҳри тамошобоби қитъаи Осиё ҳисобида шуд. Инчунин, давоми солҳои 2020 - 2021 Душанбе - пойтахти сайёҳии кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ ва соли 2021 - пойтахти фарҳангии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил эълон карда шуд.

Барномаи рангини имрӯза ба ифтихори ҷашни бузурги миллӣ - 30 -солагии Истиқлоли давлатӣ, ки аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе баргузор шуд, бисёр бошукуҳ ва хотирмон буд.

Дар барномаи ҳунарӣ аз ҷониби ҳунармандони кишвар ва сарояндаҳои боистеъдоди хориҷи кишвар суруду таронаҳои тараннумкунандаи сулҳу ваҳдат, дӯстӣ, бузургии сарзамини аҷдодӣ ва дар бораи талошҳову ташаббусҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи бунёди ҷомеаи ободу осуда, садо доданд.

Илова кунед