ЭЪЛОН: ҚАТЪ ГАРДИДАНИ ҲАРАКАТИ ВОСИТАҲОИ НАҚЛИЁТ

21 Сентябри 2021, Сешанбе

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба таваҷҷуҳи сокинон ва меҳмонони пойтахт мерасонад, ки шуруъ аз санаи 22-юми сентябри соли 2021, бинобар сабаби оғози таъмири роҳи кӯчаи Фирдавсӣ (аз буриши кӯчаи Н.Қарабоев то буриши кӯчаи М.Қосимов) ҳаракати ҳамагуна воситаҳои нақлиёт манъ карда шуда, ба нақшаи хатсайрҳои нақлиёти мусофиркашонии автобусии №2, 18, 81, инчунин хатсайрҳои микроавтобусии №30, 42, 54, 57, 81 ва 88 тағйирот ворид намуда, фаъолияти онҳо то ба истифода додани роҳи кӯчаи Фирдавсӣ, тавассути кӯчаҳои Н.Қарабоев, Ҷанубӣ, Қосимов ва хиёбони А.Ҷомӣ ба роҳ монда мешавад.

Илова кунед