ҚАРОРИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ №519 АЗ 23.08.2019

26 Августи 2019, Душанбе

Дар бораи гузаронидани озмуни «Боғи беҳтарин»

Бо мақсади иҷрои банди 5 нақшаи чорабиниҳои амалисозии дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни мулоқот бо роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе 5 марти соли 2019 дар Муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳ» ва Масҷиди сохташаванда дар кӯчаи Карамови ноҳияи Сино баён доштанд ва сазовор таҷлил намудани ҷашни 28-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мутобиқи моддаи 8 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақоми пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ»

ҚАРОР МЕКУНАМ:

1. Бахшида ба таҷлили ҷашни 28-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон озмуни «Боғи беҳтарин» гузаронида шавад.

2. Ҳайати Комиссияи шаҳрӣ оид ба гузаронидани озмун, Низомнома ва меъёрҳои муайян намудани ғолиби озмуни «Боғи беҳтарин» тибқи замимаҳои 1, 2 ва 3 тасдиқ карда шаванд.

3. Комиссияи шаҳрӣ натиҷаи озмунро то 5 сентябри соли 2019 ҷамъбаст намояд.

4. Муовини Раиси шаҳри Душанбе, сарпарасти соҳаи ободонӣ барои дар рӯзҳои таҷлили ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври тантанавӣ ба ғолибони озмун супоридани Дипломи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо зикри соли баргузории озмун, навиштаҷоти «Боғи беҳтарин» тадбирҳои зарурӣ андешад.

5. Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе инъикоси васеи қарори мазкур ва рафти баргузории озмунро тавассути воситаҳои ахбори омма ба роҳ монад.

6. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳри Душанбе, сарпарасти соҳа гузошта шавад.

 

                                                                           Рустами Эмомалӣ

Илова кунед