БАРГУЗОРИИ РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА ДАР ПОЙТАХТ
01 Октябри 2021, Ҷумъа
ш.Душанбе. 01.10.2021. Имрӯз дар шаҳри Душанбе маросими даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ таҳти унвони “Рӯзи даъватшаванда” баргузор гардид.
Қайд бояд намуд, ки ҳамасола санаи 1 октябр бо мақсади Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 сентябри соли 2021, №246 «Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1994-2003 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ» ва Қарори дахлдори Раиси шаҳри Душанбе «Дар бораи даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1994-2003 ба хизмати ҳарбӣ» маъракаи гусели наваскарон ба сафи Кувваҳои мусаллаҳи кишвар баргузор карда мешавад.
Дар чорабинии мазкур муовини Раиси шаҳри Душанбе, Раиси Комиссияи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ Гуреззода Умед, Муовини Сардори стоди генералии Қувваҳои мусаллаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Мироваров Хушбахт, муовини якуми Раиси Кумитаи кор ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Назарзода Ризо Шодӣ, муовини якуми Раиси Кумитаи марказии ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Каримхон Бобоев иштирок ва суханронӣ намуда, зикр карданд, ки ҷавонони сарбаланди тоҷикро мебояд ба Ватан содиқона хизмат намуда, барои ҳимояи марзу буми сарзамини аҷдодиамон бо ҳушёрию далерӣ ва мардонагӣ омода бошанд ва онро чун гавҳараки чашм ҳифз созанд.
Тазаккур бояд дод, ки дар ин маросим, ба даъватшудагон, ки курсҳои кӯтоҳмуддати ронандагиро омӯхтаанд, ҳуҷҷати хатми ронандагӣ тақдим гардида, сипас намоиши машқҳои ҳарбӣ - варзишӣ аз ҷониби афсарону сарбозони Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номиш гузошта шуда, чун анъана маросими «Нонгазон» сурат гирифт.
Ҳукумати мамлакат ҷиҳати боз ҳам рушд додан ва фароҳам сохтани шароити созгор барои сарбозону афсарони шуҷои Ватан пайваста тадбирҳои мақсаднок андешида истодааст, ки бо дарназардошти таъмини шароити мусоид дар ҷузъу томҳои қувваҳои мусаллаҳи кишвар сол то сол сафи ихтиёриёни ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ афзуда истодааст. Инаст, ки дар рӯзи аввали даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ аз шаҳри Душанбе 430 нафар ҷавонон, ихтиёран ба хизмати ҳарбӣ гусел карда шуданд.
Тавре дар Қарори Раиси шаҳри Душанбе, муҳтарам Рустами Эмомалӣ омадаст, комиссарҳои ҳарбӣ, раисони комиссияҳои даъвати шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он муваззаф гардидаанд, ки даъвати шаҳрвандонро аз ҳисоби даъватшавандагон ба таври дақиқ интихобшударо ба қӯшунҳои сарҳадӣ, Гвардияи миллӣ ва қисмҳои ҳарбии таъйиноти махсус, бо дарназардошти хусусияти хоси хизмат дар ин воҳидҳо ва дар навбати аввал, пуррагардонии онҳо бо иштироки намояндагони мақомоти амният ва корҳои дохилӣ амалӣ намоянд.
Дар анҷоми чорабинӣ, барномаи рангини фарҳангиву фароғатӣ ва намоиши театрӣ баҳри болидарӯҳии наваскарон аз ҷониби ҳунармандони Раёсати фарҳанги шаҳри Душанбе пешниҳод гардонида шуд.