ҚАРОРИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ №564 АЗ 28.09.2021
Дар бораи баргузор намудани Форуми байналмилалии сармоягузорӣ “Душанбе - Инвест 2021”
Бо мақсади иҷрои банди 20 Нақшаи чорабиниҳо дар доираи татбиқи Барномаи байнидавлатии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил “Душанбе - пойтахти фарҳангии Иттиҳод - 2021”, банди 21 Нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе оид ба омодагӣ ва баргузории чорабиниҳо дар доираи эълон гардидани “Душанбе - пойтахти фарҳангии Иттиҳод - 2021”, ки бо қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 1 марти соли 2021, №135 тасдиқ гардидааст, инчунин ҷалби сармоягузориҳои мустақими хориҷӣ ба соҳаҳои мухталифи иқтисодиёти шаҳр, муаррифии имкониятҳои сармоягузорӣ ва сайёҳии кишвар, ҷалби сайёҳон, рушди имкониятҳои соҳибкорӣ ва таҳкими ҳамкориҳои бародаршаҳрӣ, мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ”
ҚАРОР МЕКУНАМ :
- Форуми байналмилалии сармоягузорӣ “Душанбе – Инвест 2021” 14 октябри соли 2021 дар шаҳри Душанбе баргузор карда шавад.
- Нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе оид ба омодагӣ ва баргузории Форуми байналмилалии сармоягузорӣ “Душанбе – Инвест 2021” ва ҳайати кумитаи тадорукот тибқи замимаҳои 1 ва 2 тасдиқ карда шаванд.
- Муовини якум, муовинони Раиси шаҳри Душанбе, роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, раисони ноҳияҳои шаҳр, роҳбарони воҳидҳои сохтории дастгоҳи Раиси шаҳр ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо сохторҳои дахлдори шаҳрӣ ва ҷумҳуриявӣ ҷиҳати дар сатҳи баланди ташкилӣ доир намудани форуми мазкур бо риояи қоидаҳои беҳдоштӣ тадбирҳо андешанд.
- Хароҷотҳои форуми мазкур аз ҳисоби маблағҳои суратҳисоби махсуси Раёсати сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе амалӣ карда шавад.
- Шуъбаи иттилооти дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, муассисаҳои давлатии “Телевизиони Душанбе”, рӯзномаи “Паёми Душанбе” қарори мазкур ва рафти баргузории чорабиниро тариқи воситаҳои ахбори омма васеъ инъикос намоянд.
- Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳри Душанбе, сарпарасти соҳа гузошта шавад.
РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ