ОҒОЗИ ДАВРИ ШАҲРИИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ "ИЛМ ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ"
04 Октябри 2021, Душанбе
ш.Душанбе. 04.10.2021. Имрӯз дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №102-и пойтахт даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» баргузор гардид.
Қайд боян кард, ки озмуни мазкур дар асоси Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади амалисозии «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф», рушди тафаккури техникӣ, васеъ намудани ҷаҳонбинии илмӣ, дастрасӣ пайдо кардан ба техникаву технология, тавсеаи ихтироъкориву навоварӣ, ҷалби бештари хонандагону донишҷӯён ва дигар қишрҳои ҷомеа ба омӯзиши фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ доир мегардад.
Қабл аз оғози маросими ифтитоҳи даври сеюм иштирокдорон аз намоишгоҳи дастовардҳои соҳаи маорифи ш. Душанбе дидан намуданд. Дар оғози Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ, муовини Раиси ш. Душанбе Мавсума Муинӣ, намояндагони мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияҳои пойтахт, Шуъбаи маориф, олимону донишмандон, ҳайати ҳакамони даврҳои ноҳиявии озмун ва иштирокчиёни даврҳои ноҳиявии озмун ширкат варзиданд.
Тазаккур бояд дод, ки Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» аз рӯи номинатсияҳои математика (арифметика, алгебра, геометрия), физика, астрономия, химия, биология (ботаника, зоология, анатомия), география, технологияи иттилоотӣ, ихтироъкорӣ ва навоварӣ доир карда мешавад.
Тибқи талаботи Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» донишу истеъдоди иштирокчиёни озмун аз рӯйи донишҳои назариявии донистани қонун қоидаҳо, ҳалли масъалаҳои амалӣ ва корҳои озмоишӣ, инчунин намоиши дастовардҳои илмӣ ва навовариҳо муайян карда мешавад. Як шахс танҳо дар як номинатсия иштирок карда метавонад. Мавриди зикр аст, ки ғолибони ҳар давр бо диплому ифтихорнома, мукофотҳои мукофотҳои пуллӣ ва тӯҳфаҳои хотиравӣ кадрдонӣ карда мешаванд.