ЭЪЛОН: ҚАТЪ ГАРДИДАНИ ҲАРАКАТИ ВОСИТАҲОИ НАҚЛИЁТ

21 Октябри 2021, Панҷшанбе

   Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба таваҷҷуҳи сокинон ва меҳмонони пойтахт мерасонад, ки санаи 23-юми октябри соли 2021 аз соати 9:00 то 10:00, бинобар гузаронидани веломарафони оммавӣ бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳаракати ҳамагуна воситаҳои нақлиёт аз назди МД “Наврӯзгоҳ” тавассути кӯчаи Ҳофизи Шерозӣ то гулгашти Карамов (гардиди товус), қатъ мегардад. Аз ин лиҳоз, аз ронандагони ҳамагуна воситаҳои нақлиёти автомобилӣ эҳтиромона хоҳиш карда мешавад, ки аз кӯчаву хиёбонҳои ҳамшафат ба кӯчаи Ҳ.Шерозӣ истифода баранд.  

 

Илова кунед