БАРГУЗОРИИ ФЕСТИВАЛИ «ОШИ ПАЛАВ» ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ
30 Октябри 2021, Шанбе
ш. Душанбе, 30.10.2021. Имрӯз бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар майдони шаршараи Муассисаи давлатии “Наврӯзгоҳ”-и пойтахт Фестивали «Оши палав» баргузор гардид. Фестивали мазкур бо мақсади муаррифии фарҳанги дастурхондорӣ, тарғибу ташвиқи ҳунари ошпазӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ, арҷгузорӣ ба мероси фарҳангии халқи тоҷик ва доираи эълон гардидани «Душанбе – пойтахти фарҳангии Иттиҳод-2021» ва солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ гузаронида мешавад. Дар Фестивал намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, вазорату кумитаҳо ва раёсату идораҳо ширкат доштанд.
Дар оғози чорабинӣ муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Қурбонзода Амирхон баромад намуда, қайд намуданд, ки Оши палав яке аз хўрокҳои асосии ҷашну маросимҳо, маъракаҳо, маҳфилҳои дўстонаи мардуми тоҷик ба шумор рафта, дар фарҳанги суннатии тоҷикон як қатор расму оинҳое мавҷуданд, ки ба оши палав рабти бевосита доранд. Дар ҳар кишвар таомҳое мавҷуданд, ки дар рўзгор ва фарҳанги он халқ мавқеи муҳим доранд. Масалан, оши палави тоҷикӣ, бешбармақи қазоқӣ, мурғобикабоби чинӣ, донеркабоби туркӣ, борши украинӣ, фалофили арабию яҳудӣ, кимчии кореягӣ, сушии ҷопонӣ ва монанди инҳо дар ҷаҳон маъруф буда, мояи ифтихори халқу миллатҳои мазкур мебошанд.
Ёдовар мешавем, ки соли 2015 Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуд, ки Оши палавро ба Феҳристи репрезентативии ЮНЕСКО оид ба фарҳанги ғайримоддӣ дар номинатсияи «Оши палав ҳамчун хӯроки анъанавӣ ва фазои иҷтимоию фарҳангии он дар Тоҷикистон» сабт гардад. Хурсандибахш аст, ки «Оши палав»-и тоҷикӣ дар ҷаласаи ёздаҳуми байнидавлатии ЮНЕСКО оид ба ҳифзи мероси фарҳанги ғайримоддӣ, ки аз 28 ноябр то 2 декабри соли 2016 дар шаҳри Аддис-Абебаи Эфиопия баргузор шуд, дар Феҳристи репрезентативии ЮНЕСКО расман сабти ном гардид.
Дар доираи баргузории Фестивали «Оши палав» дар ҳудуди боғ 50 деги ошпазӣ, аз ҷумла 40 адад аз шаҳри Душанбе намояндагиҳои кишварҳои узви ИДМ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 10 дег гузошта шуда, аз ҷониби ҳунармандони соҳаи таббохӣ беш аз 5000 килограмм оши палав омода гардид.
Аз ҷумла, барои меҳмонон ва ҳакамони озмун намудҳои гуногуни оши палави миллӣ, ба монанди «Оши палав бо биринҷи девзира", “Оши палав бо биринҷи кенҷа», «Оши палав бо гӯшти кабк», “Оши палав бо кабки кӯҳӣ”, «Оши палав бо равғани зағир ва тухми харбуза», «Оши палав бо қазӣ», «Оши палав бо кишмиш», «Оши палав бо тухми бедона», «Оши палав бо гӯшти мурғ» ва ғайра тайёр ва пешниҳод карда шуд.
Қайд бояд кард, ки ҷавҳари асосии фестивал деги бузург бо ғунҷоиши қариб 2 тонна маҳсулот, ки аз ҷониби шаҳри Душанбе дар даромадгоҳи майдон гузошта шуда буд, ба шумор мерафт. Дар он дар як вақт як тонна «оши палав» омода карда шуда, бо ин мақсад 8 нафар таббохон ҷалб гардиданд. Омода намудани оши палавро дар деги калон таббохон аз соати 01.00-и шаб оғоз карданд.
Барои омода намудани ош дар деги калон, 800 килограмм биринҷ, 170 литр равған, 270 килограмм гӯшт, 15 килограмм думбаи гӯсфанд, 1 тонна сабзиреза, 150 килограмм пиёз, 30 килограмм намак, 8 килограмм зира, 30 килограмм кишмиши ошӣ, 8 килограмм лиму, 250 дона тухми бедона, 80 бедона, 8 килограмм сирпиёз, 8 килограмм қазӣ, 8 килограмм гӯшти хушккардашуда истифода гардидааст.
Ҳамзамон, дар рафти баргузории Фестивали мазкур намоиш ва фурӯши маҳсулоти ҳунарҳои мардумӣ, қанодӣ, нонӣ, обҳои ташнашикан ва маҳсулоти ошӣ (гўшт, биринҷ, зира ва дигар лавозимотњо аз қабили дег, таҳдегӣ, кафгир ва табақҳои ошкашӣ) ба фурӯш гузошта шуданд. Савту навои карнаю сурнай, шеъру суруд ва таронаҳо дар васфи оши палав ба фестивали «Оши палав» шукӯҳу шаҳомати идона бахшида, мавзеъи баргузории фестивалро ба базмгоҳ табдил доданд. Ҳар нафаре, ки аз фестивали «Оши палав» дидан намуд, аз тамъу лаззати «оши палав» баҳравард гардид. Бо ин мақсад дар роҳравҳои боғ мизу курсӣҳо гузошта шуда буданд, ки сокинону меҳмонон нишаста, аз оши палави тоҷикӣ баҳравар гардиданд.
Дар Фестивал ҳамчунин коммисияи махсуси босалоҳияти иборат аз мутахассисону коршиноси варзида барои санҷидани ҳунари ошпазон таъсис дода шуда буд, ки аз рӯи муқаррароти муайян маҳорати ошпазон ва сатҳу сифати оши палави аз ҷониби онҳо омодагардидаро баҳогузорӣ намуда, беҳтаринҳоро муайян кард.
Тибқи низомномаи фестивал ғолибон аз рӯи 3 номинатсия, аз ҷумла шоҳҷоизаи озмун-«Беҳтарин оши палав» ва номинатсияҳои «Беҳтарин дастурхони ошӣ», ва «Беҳтарин ошхӯр» муайян карда шуданд. Маврид ба зикр аст, ки аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе барои ғолиби шоҳҷоизаи фестивал- «Беҳтарин оши палав» ҷом ва мукофот ва барои барандагони номинатсияҳои дигари фестивал - «Беҳтарин дастурхони ошӣ» ва «Беҳтарин ошхӯр» мукофотҳо муқаррар гардида буданд.
Пас аз таҳлилу баррасӣ ва муайян намудани тамъу лаззат, сифат ва ороиши маҳсулоти пешниҳодгардида, аз ҷониби ҳайати ҳакамон барандаи шоҳҷоиза – «Беҳтарин оши палав» ва ғолибони номинатсияҳои дигари фестивал муайян гардиданд. Ҳамин тариқ, тибқи хулосаҳои ҳайати коммисияи босалоҳияти фестивал Шоҳҷоиза - «Беҳтарин оши палав» ба Кохи наврӯз дода шуд. Дар баробари ин ғолибони номинатсияҳои дигари фестивал бо ҷоизаҳо сарфароз гардиданд. Ҷоизаҳои «Беҳтарин дастурхони ошӣ» ба ноҳияи И. Сомонӣ ва «Беҳтарин ошхӯр» ба Муҳаммад Ғиёев тақдим гардиданд.
Қобили зикр аст, ки ошҳои омодашуда тибқи дастури роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба мактаб-интернатҳо ва қисмҳои ҳарбии зерини пойтахт расонида шуданд:
1. Муассисаи давлатии таҳсилоти умумии асосӣ “Мактаб-интернати №1 барои кӯдакони ятим ва бепарастор”-и шаҳри Душанбе;
2. Мактаб-интернати махсуси таҳсилоти асосии №2-и шаҳри Душанбе;
3. Муассисаи давлатии махсуси таҳсилоти умумии асосӣ “Мактаб-интернати ёрирасони №3”-и шаҳри Душанбе;
4. Муассисаи давлатии таҳсилоти миёнаи умумии махсуси ношунавоёни шаҳри Душанбе;
5. Муассисаи давлатии таҳсилоти ибтидоии шабонарӯзии махсус барои кӯдакони нобино ва сустбини шаҳри Душанбе;
6. Муассисаи давлатии Хонаи кӯдакони синни томактабии №1-и шаҳри Душанбе;
7. Муассисаи давлатии “Маркази дастгирии оила ва кӯдаки №1”-и шаҳри Душанбе (собиқ Хонаи кӯдакони №1)
8. Муассисаи давлатии “Маркази дастгирии оила ва кӯдаки №2”-и шаҳри Душанбе (собиқ Хонаи кӯдакони №2)
9. Маркази минтақавии хизмати иҷтимоии нафақахӯрон ва маъюбони шаҳри Душанбе.
10. Беморхонаи Раёсати тиббии ВКД-и Ҷумҳурии Тоҷикистон;
11. Беморхонаи ҳарбии 0127-и Қушунҳои сарҳадии КДАМ-и Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Баргузор намудани фестивали «Оши палав» дар шаҳри Душанбе баҳри болидахотирии сокинону меҳмонони пойтахт нақши муҳим гузошта, дар баробари ин ҷиҳати ҳифзу арҷгузорӣ ва муаррифии санъати ошпазии мардуми тоҷик аҳамияти хоса дорад. Ҳамин тариқ баъди супоридани мукофоту туҳфаҳо ба ғолибон, барномаи фарҳангии саршор аз меҳру муҳаббат ва тараннуми ватану меҳан тақдими ҳозирин гардид.