ОҒОЗИ ДАВРИ ШАҲРИИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ "ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ"
ш.Душанбе. 02.11.2021. Имрӯз бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар толори Муассисаи давлатии "Маркази кӯдакону наврасони шаҳри Душанбе" даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», ки бо қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 1 ноябри соли 2021, №623 тасдиқ шудааст, ба кори худ ифтитоҳ бахшид.
Бо қарори мазкур ҳайати комиссияи озмун ва 111 љоиза бо маблағи 1млн. 400 ҳазор сомонӣ, аз ҷумла 90 љоиза тибқи наминатсияҳо барои ғолибони озмун, 20 ҷоиза барои омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ки шогирдонашон сазовори ҷойҳои ифтихорӣ мегарданд ва 1 Шоҳҷоиза тасдиқ карда шудааст.
Озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» бо амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 11 феврали соли 2021, №АП-43 миёни тарбиятгирандагону хонандагони муассисаҳои таҳсилоти томактабиву миёнаи умумӣ ва донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, баъд аз муассисаҳои таҳсилоти касбӣ (магистрҳо, аспирантҳо, докторантҳо), калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун бо мақсади баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти нерӯи зеҳнӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худшиносию худогоҳӣ, такмили захираи луғавӣ, тақвияти ҷаҳони маънавӣ гузаронида мешавад.
Дар даври шаҳрии озмун ғолибони даври ноҳиявӣ аз 4 ноҳияи пойтахт - Исмоили Сомонӣ, Сино, Фирдавсӣ ва Шоҳмансур дар панҷ номинатсия иштирок мекунанд.
Тазаккур бояд дод, ки даври ноҳиявии озмун бо рақобати солими иштирокчиёни он ҷамъбаст гардида, барои иштирок дар даври шаҳрии он 280 нафар довталабон роҳхат гирифтаанд.
Дар рӯзи аввали даври шаҳрии озмун довталабон аз ноҳияҳои пойтахт аз рӯи номинатсияҳои “Хондан ва аз ёд кардани осори адибони классики тоҷик”, “Хондан ва аз ёд кардани осори адибони муосири тоҷик”, “Хондан ва аз ёд кардани ашъори бачагона ва афсонаҳои халқи тоҷик”, “Хондан ва аз ёд кардани осори адабиёти ҷаҳон” ва номинатсияи “назму наср” байни худ рақобат намуда, ба ҳайати ҳакамон истеъдоди худро муаррифӣ намуданд.
Лозим ба зикр аст, ки даври шаҳрии озмуни мазкур аз 02 ноябри соли 2021 дар толори Муассисаи давлатии "Маркази кӯдакону наврасони шаҳри Душанбе" бо иштироки ҳайати васеи ҳакамон иборат аз мутахассисону коршиносони варзидаи бахши назму наср, шоирону нависандагон ва аҳли қаламу адаб гузаронида мешавад.
Ғолибони озмун бо мукофотпулӣ ва диплому сипосномаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе сарфароз гардонида шуда, соҳиби роҳхат ба даври ниҳоӣ, яъне даври ҷумҳуриявии озмуни “Фуруғи субҳи доноӣ китоб аст” мегарданд.