Тоҷикӣ

ҚАРОРИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ №624 АЗ 01.11.2021

01 Ноябри 2021, Душанбе

Дар бораи баргузор намудани даври шаҳрии озмуни қаннодӣ ва ҳалвопазӣ

 Бо мақсади иҷрои банди 29 ҷадвали баргузории фестивал, намоиш, ид ва озмунҳои анъана ва ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2021, ки аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2020, тасдиқ гардидааст ва иҷрои банди 29 ҷадвали баргузории фестивал, намоиш, ид ва озмунҳои анъана ва ҳунарҳои мардумӣ дар шаҳри Душанбе барои солҳои 2019-2021, ки бо қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 2 феврали соли 2021, №50 тасдиқ гардидааст, мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ»

                                                        ҚАРОР  МЕКУНАМ:

 Ҳайати Кумитаи тадорукот оид ба баргузории даври шаҳрӣ ва нақшаи чорабиниҳо оид ба омодагӣ ва баргузории озмуни қаннодӣ ва ҳалвопазӣ тибқи замимаҳои 1 ва 2 тасдиқ карда шавад.

  1. Муовини якум ва муовинони Раиси шаҳри Душанбе, роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳр, раисони ноҳияҳои шаҳр, роҳбарони воҳидҳои сохтории дастгоҳ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҷиҳати дар сатҳи баланди ташкилӣ ва ғоявӣ баргузор намудани озмуни қаннодӣ ва ҳалвопазӣ тадбирҳои дахлдорро амалӣ намоянд.
  2. Сарраёсати молияи шаҳри Душанбе аз ҳисоби фонди захиравии Раиси шаҳри Душанбе маблағи 9820 (нуҳ ҳазору ҳашсаду бист) сомониро тибқи замимаи 3 ба бахши муҳосиботи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ҷудо намояд.
  3. Бахши муҳосиботи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе пардохти саривақтии маблағи ҷудошударо тибқи тартиби муқарраргардида таъмин намояд.
  4. Шуъбаи иттилооти дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, муассисаҳои давлатии «Телевизиони Душанбе» ва рӯзномаи «Паёми Душанбе» инъикоси васеи муҳтавои қарор ва рафти баргузории озмуни мазкурро тавассути воситаҳои ахбори омма ба роҳ монанд.
  5. Қарори мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе пешниҳод карда шавад.
  6. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳри Душанбе, сарпарасти соҳа гузошта шавад.

 

                                                                                                                                                                                                                                          Рустами  Эмомалӣ

Илова кунед