АЗНАВСОЗИИ МУАССИСАИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ УМУМИИ №94
ш.Душанбе. 30.08.2019. Хонандагони Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №94 ноҳияи Сино баъди таваҷҷуҳи хоси роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар шароити боз ҳам беҳтар ба тадрис машғул мегардаднд.
Қаблан дар ин боргоҳи илму маърифат бо сабаби шароити миёнаи муассиса мушкилоти синфхонаҳои фанни ҷой дошт. Ҷиҳати беҳтар намудани сатҳу сифати таълим соли 2018 Қарори махсуси Раиси шаҳри Душанбе ба тасвиб расида, барои таъмири ин махзани илм маблағи муайян равона гардид.
Сохтмончиён талош ба харҷ доданд, ки дар як муддати кутоҳ иншооти мазкурро бо тарҳу сифати баланд мавриди баҳрабардорӣ қарор диҳанд.
Дар расми ифтитоҳ намояндагон аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе иштирок намуда, чунин имкониятҳои фароҳамсохтаро аз ғамхориҳои рӯзафзуни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба соҳаи маориф арзёбӣ намуданд.
Муассиса пурра азнавсозӣ шуда, дар он 12 дарсхонаи фаннӣ, 2 синфхонаи муосири лингафонӣ, маҷлисгоҳ, толори варзишӣ, 3 синфхонаи компютерӣ, 8 тахтаи электронӣ, 2 адад видеопроектр ҷойгир карда шудааст.
Имкониятҳои фароҳамсохтаро толибилмону омӯзгорони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 94 баҳри ба таври дилхоҳ сипарӣ намудани идомаи таҳсили худ муҳим ва нафъдор арзёбӣ карданд.
Ёдовар мешавем, ки давоми 2 соли охир дар ҳудуди пойтахти мамлакат 16 адад муассисаҳои замонавӣ мавриди истифода қарор дода шуда, ҷиҳати беҳтар гардидани шароити таълиму тадрис замина ба вуҷуд омада, ба фароҳам гардидани ҷойҳои нави корӣ барои омӯзгорони ҷавон ва соҳибтахассус имконият фароҳам гардидааст.
Дар маҷмӯъ то соли 2021 дар доираи нақшаи чорабиниҳо оид ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтмону азнавсозӣ ва таъмиру таҷдиди 27 муассисаи таҳсилоти умумӣ барои беш аз 42 ҳазор нафар хонанда ва 13 муассисаи таҳсилоти томактабӣ ба маблағи умумии қариб 400 миллион сомонӣ пешбинӣ гардидааст.