АҲАМИЯТИ ИРОАИ ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР НИЗОМИ ДАВЛАТДОРӢ
30 Ноябри 2021, Сешанбе
ш.Душанбе. 30.11.2021. Дар идомаи баргузории вохӯриҳо бо аҳолии пойтахт, Донишгоҳу донишкадаҳои олӣ ва муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе бо мақсади дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бамиёнгузошташуда, гурӯҳи таблиғотии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар ҳайати намояндагони мақомот бо устодону донишҷӯёни коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумоваи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ мулоқот намуданд. Масъулин аз аҳамияти ироаи Паём дар низоми давлатдории миллӣ сухан карданд. Гуфта шуд, ки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ барномаи мукаммал ва роҳнамои ҷомеа ба сӯйи ояндаи дурахшон маҳсуб меёбад. Таъкид рафт, ки ироа шудани Паём аз ҷониби роҳбари давлати Тоҷикистон ва дар доираи манфиатҳои миллии кишвар мустақилона муайян гаштани самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷӣ ва дурнамои рушди мамлакати мо, дар воқеъ, тантанаи давлатдории миллӣ ва амалӣ шудани ормонҳои таърихӣ маҳсуб мешавад. Бинобар ин, маҳз баррасии ҳадафу вазифаҳои марҳилаи рушди устувор дар меҳвари Паёми навбатӣ қарор гирифт. Дар рафти мулоқот ба масъалаҳои дигаре, ки зимни ироаи Паёми сарвари давлат ба он махсус таваҷҷуҳ шуд, аз ҷумла ба таъмини иштироки бештари фарзандон дар озмунҳои дар кишвар баргузоршуда, бо мақсади баланд бардоштани савияи дониши онҳо дахл шуд. Дар ин робита аз волидайн тақозо гардид, ки ба хотири таъмини ояндаи дурахшони фарзандони худ дар тарбияи онҳо масъулияти бештар зоҳир намоянд ва ҷиҳати баҳраманд гардидан аз имтиёзҳои зимни ироаи Паёми солона эълоншуда дар ин самт, иштироки онҳоро дар озмунҳои соҳавӣ таъмин созанд. Дар идома гуфта шуд, ки ироа шудани Паём аз ҷониби роҳбари давлати Тоҷикистон ва дар доираи манфиатҳои миллии кишвар, мустақилона муайян гаштани самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷӣ ва дурнамои рушди мамлакати мо, дар воқеъ, тантанаи давлатдории миллӣ ва амалӣ шудани ормонҳои таърихӣ маҳсуб мешавад.
Ҳамзамон гурӯҳи таблиғотии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар заминаи иҷрои нақша-чорабиниҳои мавҷуда бо омӯзгорону донишҷӯёни Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуданд. Қабл аз оғози вохурӣ меҳмонон аз шароити таълимии ин академия ошноӣ пайдо намуданд. Ҷойи таъкид аст, ки дар ин муассиса Марказӣ дӯстӣ ва ҳамкории СҲШ дар Тоҷикистон ва Маркази омӯзиши мактаби давлатдории Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фаъолият менамояд. Дар баробари дигар сохторҳои Академияи идоракунӣ, ҳамзамон аъзои гурӯҳи талиғотии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо фаъолияти ин ду марказ шинос шуданд.
Мулоқоти гурӯҳи талиғотӣ бо мақсади шарҳу тавзеҳи нуктаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии мамлакат ва дастовардҳои 30 соли соҳибистиқлолӣ баргузор шуд. Дар ҷараёни он аз ҳисоби гурӯҳи таблиғотӣ нахуст муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ доир ба дастовардҳои солҳои охир баромад намуда, онро бо пешниҳоди далелҳои мушаххас иброз дошт. Гуфта шуд, ки давоми соли 2020 новобаста ба мушкилоти бемории ҳамагири коронавирус рушди иқтисодиву иҷтимоӣ дар мамлакат таъмин шуда, дар ин давра 300 корхонаи саноативу истеҳсолӣ ба фаъолият оғоз намуданд, ки дар заминаи он 6500 ҷойи нави корӣ ба миён омадааст.
Дар ҷараёни ҳамоиши маърифатӣ дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баромадкунандагон дар самти татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон зикр намуданд, ки зери роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин самт санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ қабул ва татбиқ гардидаанд, ки барои рушди малакаву маҳорати ҷавонон ва ба таҳсилу илмомӯзӣ фаро гирифтани онҳо мусоидати фаъол намудаанд. Аз ин рӯ аз аҳли толор даъват гардид, ки бо истифодаи шароити муҳайёгардида пайи донишомӯзӣ бошанд. Дар идома ҳамзамон дар робита ба баланд бардоштани сатҳи худогоҳии ҷавонону наврасон ва дар замири онҳо тақвият бахшидани меҳри ватандӯстиву меҳанпарастӣ низ миёни ширкатдорони чорабинӣ ва аъзои гурӯҳи талиғотии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе табодули афкор сурат гирифт.