Тоҷикӣ

ИФТИТОҲИ ФИЛИАЛИ ТАРАБХОНАИ АМРИКОИИ ЗУДХИЗМАТРАСОНИ KFC ДАР ПОЙТАХТ

16 Декабри 2021, Панҷшанбе

ш.Душанбе. 16.12.2021. Имрӯз бо иштироки намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва ноҳияи Шоҳмансур бо роҳбарии муовини Раиси шаҳри Душанбе Умед Гуреззода дар хиёбони Рўдакӣ 33а филиали тарабхонаи амрикоии зудхизматрасони KFC мавриди истифода қарор дода шуд. Дар асоси иттилои масъулин, дар ин тарабхона айни замон зиёда аз 100 нафар бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гардидаанд. Ин аввалин тарабхонаи брендӣ зери унвони KFC дониста мешавад, ки дар шаҳри Душанбе ифтитоҳ гардид ва дар оянда дар назар даст, ки дар Маркази савдои Душанбе Молл ва Маркази савдои Сиёма Молл филиалҳои навбатии тарабхона ифтитоҳ гардад. Тавре, ки масуълин изҳор доштанд, дар асоси равиши фаъолият филиали тарабхона дар тамоми шаҳрҳо пас аз 1 моҳи фаъолият мавриди истифода қарор дода мешавад, то сокинони ин ё он шаҳр дар бораи ин бренд маълумоти кофӣ ба даст биёранд. Дар ин тарабхона асосан тамоми хӯрокҳои зудпаз аз гӯшти мурғ ки дар тамоми ҷаҳон машҳур аст ва тамъи хоссаро доро мебошад, омода карда мешавад. Аз ин пас сокинону меҳмонони шаҳри Душанбе имкон доранд, то дар тарабхонаи наву замонавӣ ба истеъмоли хӯроки табъи дили худ машғул шаванд. Дар асоси иттилоъ, айни замон зиёда аз 21 ҳазор филиали тарабхонаи брендии KFC дар 130 кишвари дунё фаъолият менамояд. Дар оянда дар шаҳри Душанбе боз ифтитоҳи 3 адад филилаи ин тарабхона дар назар дошта шудааст ва дар маҷмуъ 300 нафар сокинони пойтахт бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин мегарданд. Кентуки Фрайд Чикен ё худ мурғи бирёншуда аз Кентукӣ як занҷираи байналмилалии хизматрасонии ғизо аст, ки хўрокҳои мурғӣ тахассус дода мешавад. Идораи марказии ширкат дар Луисвил Кентуккии Америка ҷойгир аст. Тарабхонаи дуюм ширкати машҳури ҷаҳоӣ аст, ки ҳаводорони зиёд дорад. Зимни боздид намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва ноҳияи Шоҳмансур аз шароити фароҳамовардашуда дар ин тарабхона боздид намуда, бо сокинон ва мизоҷони тарабхона суҳбат намуданд. Асосгузори ин бренд Харланд Сандерс мебошад, ки дар синни 62-солагиаш ин тарабхонаро бори аввал соли 1952 дар штати Ютаи ИМА ифтитоҳ намудааст.
 

Илова кунед