Тоҷикӣ

ЭЪЛОН: ИФТИТОҲИ ХАТСАЙРИ АВТОБУСӢ ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ

13 Январи 2022, Панҷшанбе

  Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба таваҷҷуҳи сокинон ва меҳмонони пойтахт мерасонад, ки шуруъ аз санаи  24 январи соли 2022 фаъолияти хатсайри микроавтобусии №55А (кӯчаи Фучик 60/1-Терминали дарвозаи ҷанубӣ) қатъ карда шуда, фаъолияти хатсайри автобусии №55 “Терминали дарвозаи ҷанубӣ-боғи Локомотив” бо кӯчаҳои Ҷанубӣ, Н. Қарабоев, А. Ҷомӣ, Соҳилӣ, С. Шерозӣ, С. Айнӣ, А. Дониш ва М. Мастонгулов ба роҳ монда мешавад. Дар ин масир бо зиёд намудани шумораи автобусҳо таъмини мунтазами ҳаракат роҳандозӣ мегардад. Аз шаҳрвандон хоҳиш карда мешавад, ки аз хизматрасонии автобусҳои муосири ватании тамғаи “АКИА ОРИЁ-LE8” истифода баранд. Пардохти ҳаққи роҳкиро тариқи корти нақлиётӣ ба роҳ монда мешавад.

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Илова кунед