ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ ДАР ВОХӮРӢ БО ҚИШРҲОИ ГУНОГУНИ ҶОМЕА
24 Январи 2022, Душанбе
ш.Душанбе. Мулоқоти навбатие, ки дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдасвӣ бо иштироки имомхатибони масҷидҳои ҷомеъ ва панҷвақтаи шаҳри Душанбе доир гардид, дар он масъулини Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давалатии шаҳри Душанбе вобаста ба шарҳу тавзеҳи нуқтаҳои муҳими Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон сухан карданд.
Зимни чорабинии навбатӣ муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ зикр намуд, ки Певои миллат муҳтарам Эмомали Раҳмон борҳо дар Паёмҳояшон қайд менамоянд, ки вазифаи аввалиндараҷаи ҳар яки мо сокинони барӯманди кишвар ин Истиқлолияти давлатамонро мустаҳкам карда, насли наврасу ҷавонро дар руҳияи ватандӯстиву ифтихори миллӣ, садоқат ба анъанаву суннатҳои таърихиву фарҳангии миллат ва эҳтиром ба арзишҳои умумибашари тарбия намудан аст. Яъне насли имрӯз бояд шахсони бомаърифат бофарҳанг, мутамадину эҷодкор, номбардори миллати қадима ва давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон гарданд.
Ҳамчунин дар мулоқот зикр гардид, ки яке аз масъалаҳои мубрами рӯз, ки ҳар сол дар фасли сармо сокинон ба он гирифтор мешаванд ин пай дар пай гирифторшавӣ ба ҳар гуна бемориҳои сироятӣ ва мавсимӣ мебошад, ки дар айни ҳол мардум ба он гирифторанд. Ин беморињои мавсимӣ пайваста аз сокинон тозагиву эҳтиёткорӣ ва риояи қоидаҳои беҳдоштиро тақозо менамояд. Масҷидҳои ҷомеъ ва панҷвақта яке аз маконҳое ба ҳисоб мераванд, ки пайваста дар ин мавзеҳо шумораи зиёди намозгӯзорон ба чашм мерасанд ва аз ин лиҳоз ин маконҳо пайваста тозаву озода ва бо маҳлулҳои махсус поккорӣ карда шаванд.
Васоити ахбори омма низ дар самти тарғибу ташвиқи дастовардҳои кишвар саҳми назаррас дошта пайваста дариқи хамагуна иттилоърасонӣ ба мардум маводњои зарури дастрас менамояд. Саҳми ВАО баҳри инъикоси шарҳу тавзеҳи Паёми Пешвои миллат назаррас буда, ҳамарӯза барномаҳои гуногунро вобаста ба Паём таҳия ва пахш менамояд.
Таъкид гардид, ки имомхатибони масҷидҳо бояд дар мавъизаҳояшон, ки дар намозҳо бо сокинон (Намозгузорон) мекунанд дар доираи як мавзӯъ суханронӣ намоянд, то ки мавзӯи матраҳгардида ба намозгузорон фаҳмо бошад. Инчунин аз ҳозирин даъват ба амал оварданд то дар вақти гузоштани намозҳои панҷвақта ва ҷумъа, ҳолати санитариро риоя намоянд ва таъкид кунанд, ки нафароне, ки дар худ ҳарорати баланд ва атсазанӣ доранд, аз рафтан ба ҷойҳои серодам худдорӣ намоянд.
Дар фарҷоми вохӯрӣ ба имомхатибони масҷидҳои ҷомеи пойтахт пешниҳод карда шуд, ки дар мулоқот бо сокинони кишвар алалхусус аз ҷавонон даъват намоянд, ки зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд ва ба фиреби ҳар хизбу ҳаракатҳои ифротӣ чӣ дар дохил ва чӣ дар хоричи кишвар ҳастанд, ворид нашаванд ва ояндаи хешро доғдор насозанд.