Тоҷикӣ

РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ: МУЛОҚОТ БО САФИРИ ФАВҚУЛОДА ВА МУХТОРИ ҶУМҲУРИИ БЕЛАРУС ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

08 Феврали 2022, Сешанбе

ш.Душанбе. 08.02.2022. Имрӯз Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе, муҳтарам Рустами Эмомалӣ Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Беларус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Виктор Александрович Денисенкоро бо хоҳиши ӯ ба ҳузур пазируфтанд.
Муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар оғози суҳбат Виктор Александрович Денисенкоро ба муносибати Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Беларус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин гардиданаш самимона табрик гуфтанд.
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе, муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз вазъи муносибатҳои мутақобилан судманди байни Тоҷикистону Беларус бо таваҷҷуҳ ба робитаҳои қавии сиёсӣ, иқтисодӣ, илмиву техникӣ ва фарҳангӣ, ки аз мулоқотҳои мунтазами сатҳи олии роҳбарони ду давлат маншаъ мегиранд, изҳори қаноатмандӣ карданд.
Аснои мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои мубрами рушди робитаҳои байнипарламентии Тоҷикистону Беларусро дар сиғаи дуҷониба, инчунин дар доираи созмонҳои байниминтақавӣ ва байналмилалӣ баррасӣ намуданд.
Дар баробари ин, зарурати муҳокимаи вазъ ва дурнамои ҳамкории бисёрҷонибаи байни Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шӯрои Ҷумҳурии Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Беларус, инчунин дар доираи меъёрҳои ҳуқуқиву қонунгузорӣ тақвият додани натиҷаҳои назарраси бадастовардаи шохаҳои ҳокимияти иҷроияи ду кишвар, таъкид карда шуд.
 

Илова кунед