РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ: МУЛОҚОТ БО ФАРМОНДЕҲИ ПОЙГОҲИ НИЗОМИИ 201-УМИ ФЕДЕРАТСИЯИ РОССИЯ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
08 Феврали 2022, Сешанбе
ш.Душанбе. 08.02.2022. Имрӯз Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ Фармондеҳи навтаъйини Пойгоҳи низомии 201-уми Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Евгений Геннадевич Ковилинро бо хоҳиши ӯ ба ҳузур пазируфтанд.
Раиси шаҳри Душанбе Муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар оғози суҳбат Е.Г. Ковилинро ба муносибати Фармондеҳи Пойгоҳи низомии 201-уми Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин гардиданаш, самимона табрик гуфтанд.
Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои марбут ба ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои мутақобилан судманд байни мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Пойгоҳи низомии 201-уми Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ гардид.
Ҷонибҳо бештар ба мавзўоти такмили робитаҳо дар доираи муносибатҳои шарикии стратегии миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия дахл карданд.
Таъкид гардид, ки тайи 30 соли барқарории муносибатҳои дипломатӣ миёни ду кишвар ҳамкориҳо сатҳу уфуқҳои навро касб карданд.
Қисми бештари мулоқот ба масъалаи ба роҳ мондани ҳамкориҳои мутақобилан судманд миёни Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо субектҳои Федератсияи Россия дар соҳаҳои гуногун бахшида шуд.
Дар мулоқот Сафири Фавқулода ва мухтори Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Игор Лякин-Фролов иштирок доштанд.
Мулоқот ба таври созанда ва дар фазои якдигарфаҳмии комил сурат гирифт.