НИШАСТҲОИ МАТБУОТИИ НОҲИЯҲОИ ШОҲМАНСУР ВА ФИРДАВСИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ БАРГУЗОР ГАРДИДАНД
15 Феврали 2022, Сешанбе
ш.Душанбе. 15.02.2022. Имрӯз дар толори маҷлисии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе бо иштироки намояндагони васоити ахбори омма нишасти матбуотӣ баргузор гардид.
Дар оғоз раиси ноҳия Билол Иброҳим оид ба дастоварду муваффақиятҳо ва норасоиву камбудиҳо дар соҳаи иқтисодиёт, иҷтимоиёт, хосса, хизматрасониҳои коммуналӣ муфассал иттилоъ дода, зикр карданд, ки соли 2021 бо такя ба ҳадафи чоруми стратегӣ дар асоси қарорҳои Раиси шаҳри Душанбе дар ҳудуди кӯчаҳои Айнӣ ва Зебуниссои ноҳияи Шоҳмансур 15 адад корхонаҳои истеҳсолӣ бунёд шуданд, ки дар онҳо 3250 ҷойи нави корӣ муҳайё гардидаанд.
Инчунин қайд карда шуд, ки ба кор оғоз намудани корхонаҳои мазкур ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ва содироти он ба мамлакатҳои хориҷи кишварро ба маротиб зиёд намуда, бо дарназардошти бахши ғайридавлатӣ дар ҳаҷми 458,0 миллион сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол кардаанд, ки дар муқоиса ба соли 2020 116,0 миллион сомонӣ зиёд мебошад.
Ёдовар мешавем, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олӣ 21 декабри соли 2021 солҳои 2022–2026-ро бинобар аҳамияти бузурги соҳаи саноат дар рушди минбаъдаи мамлакат, ҳалли масъалаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ ва таъмин намудани иҷрои ҳадафҳои стратегии миллӣ, аз ҷумла раванди саноатикунонии босуръати кишвар Солҳои рушди саноат эълон намуданд.
Ҳамчунин дар толори маҷлисии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе низ бо иштироки намояндагони васоити ахбори омма нишасти матбуотӣ доир гардид.
Дар нишасти матбуотӣ раиси ноҳия Усмонзода Фатҳиддин Баҳриддин оид ба дастоварду муваффақиятҳо ва норасоиву камбудиҳо дар соҳаи иқтисодиёт, иҷтимоиёт, фарҳангу варзишу маънавиёт муфассал иттилоъ дода, зикр намуданд, ки дар соҳаи саноат ва сохтмон пешравиҳои назаррас ба вуҷуд омадаанд, ки нишондиҳандаҳои иҷтимоии ноҳия низ беҳтар гардида, музди миёнаи кормандон дар ноҳия хуб шуда, дар ноҳия даҳҳо ҳазор метри мураббаъ бинои истиқоматӣ аз ҳисоби соҳибкорони инфиродӣ ба истифода дода шуд.
Бояд гуфт, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе дар партави сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат кӯшишҳои худро баҳри баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ ва пешрафти кишвар бахусус, пойтахти азизамон равона намуда, тадбирҳои лозимиро дар ин самт амалӣ менамояд.