Тоҷикӣ

ҚАРОРИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ №40 АЗ 31.01.2022

31 Январи 2022, Душанбе

Дар бораи Комиссияи байниидоравии шаҳрӣ оид ба маърифати экологии аҳолӣ

Бо мақсади татбиқи «Барномаи давлатии маҷмӯии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии шаҳри Душанбе барои солҳои 2021-2025», ки бо қарори Раиси шаҳри Душанбе №283 аз 17 майи соли 2021 тасдиқ шудааст, мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ»   ва моддаи 14 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маърифати экологии аҳолӣ»

                                    Қ А Р О Р  М Е К У Н А М:        

  1. Комиссияи байниидоравии шаҳрӣ оид ба маърифати экологии аҳолӣ таъсис дода шавад.
  2. Низомнома ва ҳайати Комиссияи байниидоравии шаҳрӣ оид маърифати экологии аҳолӣ тибқи замимаҳои 1 ва 2 тасдиқ карда шавад.
  3. Раёсати ҳифзи муҳити зисти шаҳри Душанбе якҷоя бо раёсату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияҳои шаҳри Душанбе ва ташкилоту муассисаҳои дар ҳудуди маъмурии шаҳри Душанбе фаъолиятдошта новобаста аз шакли моликияташон, иҷрои «Барномаи давлатии маҷмӯии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии шаҳри Душанбе барои солҳои 2021-2025» -ро таъмин намоянд.
  4. Раёсати ҳифзи муҳити зисти шаҳри Душанбе фаъолияти Комиссияи байниидоравии шаҳриро дар сатҳи зарурӣ роҳандозӣ намояд.
  5. Қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 25 майи соли 2016, № 167-8 “Дар бораи Комиссияи байниидоравии шаҳрӣ оид ба тарбия ва маърифати экологӣ дар шаҳри Душанбе” аз эътибор соқит дониста шавад.
  6. Шуъбаи иттилооти дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, муассисаҳои давлатии «Телевизиони Душанбе» ва рӯзномаи «Паёми Душанбе» инъикоси васеи муҳтавои қарори мазкурро тавассути воситаҳои ахбори омма таъмин намоянд.
  7. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳри Душанбе, сарпарасти соҳа гузошта шавад.

  РУСТАМИ  ЭМОМАЛӢ

Илова кунед