НИШАСТҲОИ МАТБУОТИИ НОҲИЯҲОИ ИСМОИЛИ СОМОНӢ ВА СИНОИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ БАРГУЗОР ГАРДИДАНД
16 Феврали 2022, Чоршанбе
ш.Душанбе. 16.02.2022. Имрӯз дар толори маҷлисии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ нишасти матбуотӣ доир гардид. Дар нишаст роҳбарияти ин ниҳод изҳор доштанд, ки дар асоси нақшаи чорабиниҳои тасдиқгардида аз оғози мавсими кабудизоркунӣ (аз 1-уми ноябри соли 2020 то 31-уми марти соли 2021) дар кӯчаю хиёбонҳо, гулгаштҳо, маҳаллаҳо, корхонаю ташкилотҳо ва муассисаҳои таълимию тандурустии ҳудуди ноҳия, зиёда аз 13 ҳазору 353 бех дарахтони гуногун, аз ҷумла 733 бех сояафкан, 12 ҳазору 334 бех ороишӣ, 183 бех мевадиҳанда ва 43 адад буттаҳо шинонида шудааст. Иттилоъ дода шуд, ки бо мақсади иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарори Раиси шаҳри Душанбе “Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2022-2021” дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ пайвастшавии 510 адад биною иншоотҳои ҳудуди ноҳия ба шабакаҳои гармидиҳии мутамарказ дар мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2021-2022, ба нақша гирифта шудааст, ки ин нишондод нисбати соли 2020 ба андозаи 10 адад иншоот зиёд мебошад. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар оянда тамоми фаъолияти худро баҳри иҷрои вазифаҳои аз тарафаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати мамлакат роҳандозӣ намуда, соли 2022-ро бо дастовардҳои назаррас ҷамъбст хоҳад кард.
Дар толори маҷлисии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сино нишасти матбуотӣ оид ба ҷамъбастӣ натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии соҳаҳои хоҷагии халқи ноҳия дар соли 2021 баргузор гардид. Дар доираи нақша-чорабиниҳо оид ба ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия 1675 адад чорабинӣ ба нақша гирифта шуд, ки бо инобати ғайринақшавӣ иҷроиш 103,0 фоизро дар бар мегирад. Вобаста ба татбиқи қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 11 майи соли 2021 «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ш.Душанбе барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2021-2022» барои қабули нерӯи гармӣ 1297 иншоотҳои таиноташон гуногун, новобаста аз шаклу моликият ба нақша гирифта шуда, иҷроиш 1306 адад ё 100,7% таъмин гардид. Инчунин зимни нишаст гуфта шуд, ки дар соли 2021 дар ноҳия 2 муассисаи таълимӣ барои 1640 ҷойи нишаст дар як баст ва 2 адад муассисаи томактабӣ бо фарогирии 200 тарбиятгиранда бо тарҳи замонавӣ бунёд гардида, ба истифода супорида шуд.