ҚАРОРИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ №97 АЗ 02.03.2022
Дар бораи ҷудо намудани маблағ
Бо мақсади расонидани кумакпулии яквақтаина ба занони раёсатҳои истифодабарии роҳҳо, муассисаҳои давлатии боғҳои фарҳангӣ - фароғатии шаҳрӣ, бонувон, фаррошони дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, дигар воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва занони собиқадорону фаъол дар доираи анъаноти шаҳрдорӣ бахшида ба Рӯзи Модар ва Иди байналмилалии Наврӯз, мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» ва моддаи 18 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи молияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
ҚАРОР МЕКУНАМ:
- Сарраёсати молияи шаҳри Душанбе аз ҳисоби маблағҳои фонди рушди пойтахт ба бахши муҳосиботи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе 3 767 450 (се миллиону ҳафтсаду шасту ҳафт ҳазору чорсаду панҷоҳ) сомонӣ ҷиҳати расонидани кумакпулии яквақтаина ба занони раёсатҳои истифодабарии роҳҳо, муассисаҳои давлатии боғҳои фарҳангӣ - фароғатии шаҳрӣ, бонувон, кормандони дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ва дигар воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва барои гузаронидани барномаи фарҳанги мутобиқи замимаҳои № 1 ва 2 ҷудо намояд.
- Муовинони Раиси шаҳри Душанбе – сарпарасти ноҳияҳо якҷоя бо раисони ноҳияҳои Шоҳмансур, Исмоили Сомонӣ, Фирдавсӣ ва Синои шаҳри Душанбе то 6 марти соли 2022 ҷиҳати дар фазои тантанавӣ дастрас гардонидани маблағҳои ҷудошуда ва туҳфаҳо чораҳои зарурӣ андешанд.
- Бахши муҳосиботи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе истифодаи мақсаднок ва пардохти саривақтии маблағҳои ҷудошударо бо тартиби муқарраргардида таъмин созад.
- Қарори мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе пешниҳод карда шавад.
- Шуъбаи иттилооти дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе инъикоси васеи қарори мазкурро тавассути воситаҳои ахбори омма таъмин намояд.
- Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳри Душанбе, сарпарасти соҳа гузошта шавад.
РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ