Тоҷикӣ

ИФТИТОҲИ МАКТАБИ №79 НОҲИЯИ ШОҲМАНСУРИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

31 Августи 2019, Шанбе

ш.Душанбе. 31.08.2019. Имрӯз дар арафаи соли нави таҳсил бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №79, воқеъ дар маҳаллаи Бӯстони ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе ба истифода дода шуд.

Бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №79 дар заминаи филиали Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №63 бо сифати баланд бунёд гардида, имрӯз дар арафаи соли нави таҳсил ва дарси сулҳ аз ҷониби роҳбарияти шаҳри Душанбе ифтитоҳ гардид.

Фармоишгари иншоот Муассисаи давлатии «Раёсати сохтмони асосӣ»-и шаҳри Душанбе буда, корҳои сохтмониро коргарону мутахассисони Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Шаҳриёрсохтмон» анҷом додаанд.

Бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №79 аз се ошёна ва таҳхона иборат буда, бо сохта ба истифода додани он барои хонандагон шароити муосири таълим фароҳам оварда шуд.

Мувофиқи лоиҳа иншооти нав дорои 15 синфхонаи таълимӣ буда, барои 640 нафар хонанда дар ду баст пешбинӣ гардидааст.

Муассиса бо мизу курсии наву замонавӣ, тахтаҳои электронӣ, технологияи компютерӣ муҷаҳҳаз гардонда шудааст.

Дар таҳхонаи бино ошхона барои 120 ҷойи нишаст, толори барҳавои варзишӣ барои гузаронидани мусобиқаҳои варзишӣ ва дигар утоқҳои ёрирасон ҷойгир мебошанд.

Барои ба омӯзиши касбу ҳунар фаро гирифтани духтарон ва писарон ду синфхонаи таълимӣ дӯзандагӣ ва дуредгарӣ сохта бо дастгоҳу таҷҳизоти моусир таъмин карда шуданд.

Хонандагон дар рафти таҳсил соҳиби касбу ҳунар гашта, дар оянда дар рушду равнақи ҳунарҳои мардумӣ саҳм мегузоранд.

Мактаб 8 синфхонаи фаннӣ, аз ҷумла, химия, биология, физика, синфхонаи лингафонӣ бо таҷҳизоти муосир, синфхонаи кампютерӣ, китобхона барои 20 ҷойи нишаст ва маҷлисгоҳ бо ғунҷоиши беш аз 200 ҷойи нишаст дорад.

Бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 79 дар заминаи таваҷҷуҳ ва дастгириҳои давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикитсон ва Раиси шаҳри Душанбе бо тарҳи муосир сохта шудааст.

Ҳамчунин дар доираи тадбирҳои бунёдкорӣ як километр роҳи ин маҳалла, ки пурра мумфарш карда шудааст.

Масъулон зимни шиносоӣ ба синфхонаҳо ва шароити таълим ба рафти корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, мавриди баҳрабардорӣ қарор додани бинои нави мактабро дар арафаи ҷашни 28 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва соли нави таҳсил туҳфаи арзандаи Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба мактаббачагони ноҳия унвон карданд.

Маврид ба зикр аст, ки давоми солҳои охир бо дастгирӣ ва таваҷҷуҳи Давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарияти шаҳри Душанбе соҳаи маорифи пойтахт рушд карда, барои дар шароити муосир ба таҳсил фаро гирифтани хонандагон садҳо бинои мактабҳои наву замонавӣ сохта ба истифода дода шудаанд.

Бинои нави мактаб бо системаи муттамаркази гармидиҳӣ пайваст буда, бо ба истифода супоридани он имкон фароҳам гардид, ки хонандагон соли нави таҳсилро дар мактаби муосир истиқбол гиранд.

Илова кунед