ҚАРОРИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ №99 АЗ 05.03.2022
Дар бораи баргузор намудани озмуни “Беҳтарин ролики сайёҳии шаҳри Душанбе”
Бо мақсади амалисозии тадбирҳо вобаста ба рушди сайёҳӣ, муаррифии имкониятҳои сайёҳии шаҳри Душанбе, таҳияи роликҳои тарғиботӣ ҷиҳати ҷалб намудани сайёҳон ба пойтахти кишвар, инчунин иҷрои банди 28-и Нақшаи кори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе барои соли 2022, ки бо қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 29 декабри соли 2021, №791 тасдиқ шудааст, мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ”
ҚАРОР МЕКУНАМ :
- Озмуни “Беҳтарин ролики сайёҳии шаҳри Душанбе” дар соли 2022 гузаронида шуда, Низомнома ва ҳисобномаи хароҷотиии озмуни “Беҳтарин ролики сайёҳӣ” тибқи замимаи 1 ва 2 тасдиқ карда шавад.
- Муовини Раиси шаҳри Душанбе, сарпарасти соҳа, роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, шуъбаи рушди сайёҳии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҷиҳати дар сатҳи баланди ташкилӣ доир намудани озмуни мазкур тадбирҳо андешанд.
- Сарраёсати молияи шаҳри Душанбе аз ҳисоби маблағҳои фонди захиравии Раиси шаҳри Душанбе 140000 (яксаду чил) ҳазор сомонӣ ба бахши муҳосиботи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе тибқи харҷномаи замимаи 2 ҷудо намояд.
- Бахши муҳосиботи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе пардохти саривақтии маблағи ҷудошударо бо инобати фоизи андозҳо тибқи тартиби муқарраргардида таъмин намояд.
- Шуъбаи иттилооти дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, муассисаҳои давлатии “Телевизиони Душанбе”, рӯзномаи “Паёми Душанбе” қарори мазкур ва рафти баргузории чорабиниро тариқи воситаҳои ахбори омма васеъ инъикос намоянд.
- Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳри Душанбе, сарпарасти соҳа гузошта шавад.
РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ