ҚАРОРИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ №98 АЗ 05.03.2022
Дар бораи баргузор намудани Чемпионати Осиё оид ба велосипедронӣ дар шоҳроҳ байни наврасон, ҷавонон, калонсолон, бонувон ва шахсони имконияташон маҳдуди кишварҳои минтақаи Осиё
Бо мақсади ташвиқу тариб ва рушду равнақи варзиши велосипедронӣ, таъмини оммавияти варзишу солимгардонӣ, мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» ва моддаи 8 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш»,
Қ А Р О Р М Е К У Н А М:
- Чемпионати Осиё оид ба велосипедронӣ байни наврасон, ҷавонон, калонсолон, бонувон ва шахсони имконияташон маҳдуди кишварҳои минтақаи Осиё аз 25 то 29 марти соли 2022 дар роҳҳои шаҳри Душанбе ва шоҳроҳи Душанбе – Рӯдакӣ - Хуросон – Бохтар – Душанбе баргузор карда шавад.
- Нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, ҳайати кумитаи тадорукот, хатсайри баргузорӣ ва харҷномаи мусобиқа тибқи замимаҳои №1, 2 ва 3 тасдиқ карда шаванд.
- Сарраёсати молияи шаҳри Душанбе аз ҳисоби маблағҳои озоди беҷети шаҳрӣ, тибқи замимаи 3 харҷнома барои гузаронидани чемпионати мазкур маблағи 532500 (панҷсаду сивуду ҳазору панҷсад) сомонӣ ба Бахши муҳосиботи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ҷудо намояд.
- Муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе, муовини Раиси шаҳри Душанбе - сарпарасти соҳаи иҷтимоӣ ва Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе дар ҳамкорию ҳамоҳангӣ бо Кумитаи тадорукот ва Федератсияи велосипедронии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои даъвати беҳтарин варзишгарони кишварҳои минтақаи Осиё ва варзишгарони ҷумҳурӣ тадбирҳои зарурӣ андешанд.
- Муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе, муовинони Раиси шаҳри Душанбе, Роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе ва роҳбарони сохторҳои марбутаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, дар ҳамкорӣ бо сохторҳои дахлдори ҷумҳуриявӣ барои дар сатҳи баланди ташкилӣ гузаронидани мусобиқаи мазкур чораҳои зарурӣ андешанд.
- Раёсати фарҳанги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе барои таъмини асбобҳои пахши садо ва ташкили барномаҳои рангини фарҳангӣ бо ҷалби ҳунармандони шинохтаи Тоҷикистон дар ҷойҳои муайянгардида тадбирҳои мушаххас андешад.
- Раёсатҳои Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, тандурустӣ, кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе, Хадамоти давлатии оташнишонӣ, Муассисаи давлатии «Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ»-и шаҳри Душанбе, ҷиҳати таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, амнияти шаҳрвандон, хизматрасонии «Ёрии таъҷилӣ», нақлиёти сўхторхомўшкунӣ бо риояи қоидаҳои беҳдоштӣ дар сатҳи баланди касбӣ доир намудани мусобиқаи мазкур чораҳои зарурӣ андешанд.
- Шуъбаи иттилооти дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, муассисаҳои давлатии «Телевизиони Душанбе», рўзномаи «Паёми Душанбе» якҷо бо Муассисаи давлатии «Телевизиони варзиш» инъикоси васеи муҳтавои қарор ва рафти баргузории мусобиқаи мазкурро тавассути воситаҳои ахбори омма таъмин намоянд.
- Қарори мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе пешниҳод карда шавад.
- Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе ва муовини Раиси шаҳри Душанбе, сарпарасти соҳаи иҷтимоӣ гузошта шавад.
РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ