Тоҷикӣ

МАРОСИМИ КУШОДАШАВИИ ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА ВЕЛОСИПЕДРОНӢ ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ

24 Марти 2022, Панҷшанбе

ш.Душанбе. 24.03.2022. Имрӯз дар майдони 800 солагии Москваи пойтахт, маросими кушодашавии чемпионати Осиё оид ба велосипедронӣ дар шоҳроҳ бо мақсади амалигардонии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастуру роҳнамоиҳои Раиси шаҳри Душанбе, муҳтарам Рустами Эмомалӣ баргузор шардид.
Дар чорабинӣ намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Панҷшанбезода Муҳиддин, муовини якуми раиси шаҳри Душанбе Табарзода Ҷамшед, муовини раиси шаҳри Душанбе Одилзода Дилбар, раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмонзода Абдулло Қурбоналӣ, намояндагон аз кишварҳои гуногун, иштирокчиёни Чемпионати Осиё оид ба велосипедронӣ ва намояндагони васоити оммаи дохилу хориҷ ширкат доштанд.
Дар оғоз меҳмонон ва иштирокдорони ин чорабинии бонуфузи байналмилалӣ дар Боғи Куриши Кабир аз Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ бо иштироки беш аз се ҳазор нафар варзишгарону дӯстдорони навъи бозиҳои миллии варзишӣ дидан намуданд.
Дар маросими ифтитоҳи Чемпионати Осиё оид ба велосипедронӣ муовини якуми раиси шаҳри Душанбе Табарзода Ҷамшед баромад намуда, ҳамаи меҳмонон ва иштирокдорони чорабиниро, ки аз 30 кишвари олам ташриф овардаанд, аз номи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ хайрамақдам гуфта, ба онҳо барору комёбӣ таманно намуд.
Раиси Федератсияи велосипедронии Осиё ҷаноби Осама ал Шафар зимни баромади хеш қайд намуд, ки "истиқболи гарму самимии мардуми бофарҳангу самимии тоҷик моро хеле хушҳол намуд ва Тоҷикистон барои гузаронидани чунин чорабинии сатҳи байналмиллалӣ хеле мусоиду муносиб аст. Мехостам пеш аз ҳама ба Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ изҳори миннатдории бепоёни худро расонам.
Баъд аз суханронӣ дастаҳои мунтахаби иштирокчии чемпионат маросими гузаштро анҷом доданд, ки ҳар яки онҳоро сокинони бофарҳангу меҳмоннавози Душанбе бо як самимияти хоса истиқбол гирифтанд.
Дар фарҷом барои болидахотирии меҳмонони олиқадр барномаи консертӣ доир карда шуд.
Хотиррасон менамоем, ки Чемпионати Осиё оид ба велосипедронӣ аз 25 то 30 марти соли ҷорӣ дар шоҳроҳҳои кишвар баргузор хоҳад гашт.
 
 
 

Илова кунед