Тоҷикӣ

ҚАРОРИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ №136 АЗ 01.04.2022

01 Апрели 2022, Ҷумъа

Дар бораи баргузор намудани озмуни “Беҳтарин акси шаҳри Душанбе”

Бо мақсади муаррифии маконҳои ҷолиби шаҳри Душанбе ва инъикоси манзараҳои зебои шаҳри Душанбе дар сомонаҳои байналмилалии интернетӣтибқи банди 39 Нақшаи кори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе барои соли 2022, ки бо қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 29 декабри соли 2021, №791 тасдиқ шудааст, мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ”

ҚАРОР МЕКУНАМ :

  1. Озмуни “Беҳтарин акси шаҳри Душанбе” бахшида ба Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон – шаҳри Душанбе дар давоми моҳи апрели соли 2022 гузаронида шуда, тартиби баргузории озмун ва ҳисобномаи хароҷотии он тибқи замимаи 1 ва 2 тасдиқ карда шавад.
  2. Муовини Раиси шаҳри Душанбе, сарпарасти соҳа, роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, шуъбаи рушди сайёҳии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҷиҳати дар сатҳи баланди ташкилӣдоир намудани озмуни мазкур тадбирҳо андешанд.
  3. Сарраёсати молияи шаҳри Душанбе аз ҳисоби маблағҳои фонди захиравии Раиси шаҳри Душанбе 8500 (ҳашт ҳазору панҷсад) сомонӣба бахши муҳосиботи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе тибқи ҳисобномаи замимаи 2 ҷудо намояд.
  4. Бахши муҳосиботи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе пардохти саривақтии маблағи ҷудошударо бо инобати фоизи андозҳо тибқи тартиби муқарраргардида таъмин намояд.
  5. Шуъбаи иттилооти дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, муассисаҳои давлатии “Телевизиони Душанбе”, рӯзномаи “Паёми Душанбе” қарори мазкур ва рафти баргузории чорабиниро тариқи воситаҳои ахбори омма васеъ инъикос намоянд.
  6. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳри Душанбе, сарпарасти соҳа гузошта шавад.

РУСТАМИ  ЭМОМАЛӢ

Илова кунед