ҚАРОРИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ №175 АЗ 14.04.2022
Дар бораи андешидани чораҳои иловагӣ оид ба таъмини бехатарии ҳаракати нақлиёти автомобилӣ дар кӯчаи Зарафшон аз хиёбони Н. Махсум то кӯчаи А. Навоӣ
Бо мақсади таъмини бехатарии ҳаракати воситаҳои нақлиёти автомобилӣ ҳангоми гузаронидани корҳои таъмири асосӣ дар кӯчаи Зарафшон аз хиёбони Н. Махсум то кӯчаи А. Навоӣ, мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», моддаи 14 Кодекси шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаи 14 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи роҳҳои автомобилгард ва фаъолияти роҳдорӣ», моддаҳои 10, 20 ва 22 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳаракат дар роҳ»
ҚАРОР МЕКУНАМ:
Бинобар оғоз шудани корҳои сохтмонӣ дар кӯчаи Зарафшон аз хиёбони Н. Махсум то кӯчаи А. Навоӣ аз 15 апрел то 30 декабри соли 2022 њаракати ҳамагуна воситаҳои нақлиёти автомобилӣ, муваққатан қатъ карда шавад.
Вобаста ба муқаррароти банди 1 қарори мазкур Муассисаи давлатии коммуналии «Душанбенақлиётхадамотрасон», шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ва Раёсати хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт дар шаҳри Душанбе самти ҳаракати нақлиёти автомобилии мусофирбарро, ки аз иншооти таъмири асосии кӯчаи Зарафшон аз хиёбони Н. Махсум то кӯчаи А. Навоӣ мегузарад, тавасути кўчаҳои ҳамшафат муайян намуда дар нақшаи хатсайрҳои нақлиёти автомобилии мусофирбар тағйироти дахлдор ворид намоянд.
Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳсоз»-и мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҳамчун пудратчии асосӣ, вобаста ба тағйири самти ҳаракати нақлиёт дар мувофиқа бо шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе гузоштани аломатҳои роҳ ва дигар лавҳаҳои иттилоотию огоҳкунандаро барои ронандагони воситаҳои нақлиёт таъмин намоянд.
Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе барои таъмини бехатарии ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар кўчаҳои ҳамшафат тадбирҳои мушаххас андешад.
Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳсоз»-и мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе барои танзими алоқаи мунтазами нақлиётӣ дар қитъаи роҳи иншооти мазкур, инчунин бе монеа даромадани воситаҳои нақлиёти ёрии таъҷилии тиббӣ, милитсия ва хадамоти оташнишонӣ ба минтақаҳои атрофи иншооти сохташаванда чорањои зарурӣ андешад.
Шуъбаи иттилооти дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе инъикоси васеи қарори мазкурро тавассути воситаҳои ахбори омма таъмин намояд.
Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе, сарпарасти соҳа вогузор карда шавад.
Рустами Эмомалӣ