ЭЪЛОН: ТАНЗИМИ ХИЗМАТРАСОНӢ ДАР ХАТСАЙРҲОИ НАҚЛИЁТИ МУСОФИРБАРИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба таваҷҷуҳи сокинон ва меҳмонони пойтахт мерасонад, ки шуруъ аз санаи 23 майи соли 2022 хатсайри нави автобусии №27 (Муассисаи таълимии ѓайридавлатии коллеҷи тиббӣ - Терминали Ҷанубӣ) ба фаъолият оѓоз менамояд. Автобусҳо дар хатсайри мазкур тавассути кӯчаву хиёбонҳои Истиқлол-2, Машъал, А.Қаҳоров, А.Ҷомӣ, Н.Қарабоев, А.Фирдавсӣ, Қосимов, Ҷанубӣ, шоҳроҳи Душанбе - Бохтар то Терминали ҷанубӣ ҳаракат менамоянд. Аз шаҳрвандон хоҳиш карда мешавад, ки аз хизматрасонии автобусҳои муосири тамѓаи «KING LONG» истифода баранд. Пардохти ҳаққи роҳкиро тариқи корти нақлиётӣ ба роҳ монда мешавад.