Тоҷикӣ

ҚАРОРИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ №265 АЗ 31.05.2022

31 Майи 2022, Сешанбе

  Дар бораи баргузор намудани мусобиқаи кушоди  варзишӣ оид ба футболи хурд байни кормандони вазорату кумитаҳо, раёсатҳо ва ташкилоту муассисаҳо барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар шаҳри Душанбе. 

  Бо мақсади дар сатҳи баланди ташкилӣ, ғоявию бадеӣ  таҷлил намудани Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, ташвиқу тарғиб ва рушду равнақи варзиш, таъмини оммавияти варзишу солимгардонӣ, мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» ва моддаи 8 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш» 

                                                    Қ А Р О Р   М Е К У Н А М :

  1. Мусобиқаи кушоди варзишӣ оид ба футболи хурд байни кормандони вазорату кумитаҳо, раёсатҳо ва ташкилоту муассисаҳо барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар шаҳри Душанбе дар майдончаҳои Федератсияи футболи Тоҷикистон, воқеъ дар кучаи Исмоили Сомонӣ 45 аз 27 май то 27 июни соли 2022 баргузор карда шавад. 

     2. Ҳайати кумитаи тадорукот, тартиби баргузорӣ ва харҷномаи мусобиқа тибқи замимаҳои № 1, 2 ва 3 тасдиқ карда шаванд.

     3. Сарраёсати молияи шаҳри Душанбе аз ҳисоби маблағҳои Фонди рушди пойтахт ба бахши муҳосиботи  дастгоҳи Раиси шаҳри  Душанбе  тибқи  харҷномаи замимагардида бо дарназардошти андоз маблағи 152325 (яксаду панҷоҳу    ду ҳазору сесаду бисту панҷ) сомонӣ ҷудо намояд.

     4. Муовини Раиси шаҳри Душанбе сарпарасти соҳа, Муассисаи давлатии «Раёсати кор  бо мактабҳо ва иншооти варзишӣ», Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе дар ҳамкорию ҳамоҳангсозӣ бо Кумитаи тадорукот, Федератсияҳои футболи Тоҷикистон ва шаҳри Душанбе барои даъват ва ҷалби дастаҳои футболи кормандони вазорату кумитаҳо, раёсатҳо ва ташкилоту муассисаҳо тадбирҳои зарурӣ андешида, ҷиҳати дар сатҳи баланди касбӣ доир гардидани мусобиқаи мазкур чораҷӯӣ намоянд.

      5.  Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, Хадамоти давлатии оташнишонӣ, Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе, Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳри Душанбе, ҷиҳати таъмини ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, амнияти шаҳрвандон, хизматрасонии “Ёрии таъҷилӣ” ва бехатарӣ аз сухтор чораҳои зарурӣ андешанд. 

      6.  Шуъбаи иттилооти дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, муассисаҳои давлатии «Телевизиони Душанбе» ва рӯзномаи «Паёми Душанбе» инъикоси васеи муҳтавои қарор ва рафти баргузории мусобиқаи мазкурро тавассути васоити      ахбори омма таъмин намоянд.

      7.   Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳри Душанбе, сарпарасти соҳа гузошта шавад.

 

                                                                 Рустами  Эмомалӣ

Илова кунед