Буҷет

Қ А Р О Р И

Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе

аз 25 декабри  соли 2020, №38

 Дар бораи буҷети шаҳри Душанбе барои соли 2021

Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе ҳисобот дар бораи лоиҳаи буҷети шаҳри Душанбе барои соли 2020 ва тасдиқи иҷрои буҷети шаҳри Душанбе дар соли 2019-ро баррасӣ намуда, мутобиқи моддаҳои 8, 9, 34 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», моддаи 28 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи молияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2021»

Қ А Р О Р  М Е К У Н А Д:

  1. Буҷети шаҳри Душанбе барои соли 2021 аз рӯи даромад ва хароҷот ба маблағи ­2 316 300 000 (ду миллиарду сесаду шонздаҳ миллиону сесад ҳазор) сомонӣ қабул карда шавад.
  2. Воридоти андоз ба буҷетҳои шаҳр ва ноҳияҳои он дар соли 2021 бо таносуби (фоизҳои) зерин тасдиқ карда шавад:

бо фоиз

Номгӯи андозҳо

Шоҳмансур

И. Сомонӣ

Фирдавсӣ

Сино

Шаҳрӣ

ш. Душанбе

Андоз аз даромад

30

11

57

55

45

68

Андоз аз фоида

-

-

-

-

100

100

Андоз аз арзиши иловашуда

30

3

53

57

33

50

Низоми махсуси андозбандӣ

100

100

100

100

-

100

Аксизҳо

100

100

100

100

-

100

Андоз аз молу мулки ғайриманқул

100

100

100

100

-

100

Андоз аз

воситаҳои нақлиёт

100

100

100

100

-

100

Андозҳо барои захираҳои табиӣ

100

100

100

100

-

100

Боҷи давлатӣ

100

100

100

100

-

100

Даромадҳои дигари ғайриандозӣ

100

100

100

100

100

100

  1. Буҷети шаҳрӣ барои соли 2021 аз рӯи даромад ва хароҷот ба маблағи 1 419 314 279 (як миллиарду чорсаду нуздаҳ миллиону сесаду чордаҳ ҳазору дусаду ҳафтоду нуҳ) сомонӣ:

      -аз рӯи даромадҳо аз ҳама гуна субъектҳои шаҳри Душанбе ба тариқи зайл:

 

 

       Номгӯи даромадҳо

 

                     бо сомонӣ

              

 

 

Андоз аз даромад

408 250 325

 

Андоз аз фоида

707 817 000

 

Андоз аз арзиши иловашуда

281 205 634

 

Даромадҳои дигари ғайриандозӣ

22 041 320

 

     Даромад – ҳамагӣ;

1 419 314 279

 

 

 

       Номгӯи хароҷотҳо

 

Сектори ҳокимият ва идоракунии давлатӣ

12 709 655

Мудофиа

      5 367 068

Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ  (Оташхомӯшкунӣ)

14 272 812

Маориф

Тандурустӣ

Суғуртаи иҷтимоӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ

Ҳифзи иҷтимоӣ

Хоҷагии манзилию коммуналӣ

Аз он ҷумла:

Маблағгузориҳои асосии марказонидашуда

Фарҳанг

Тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш

Чорабиниҳои фарҳангӣ-маърифатпарварӣ

Нақлиёт ва коммуникатсия

Фонди захиравии Раиси шаҳри Душанбе

Хароҷот – ҳамагӣ                                                

160 835 447

144 399 844

4 714 173

4 714 173

830 927 724

 

680 000 000

33 312 801

870 378

32 442 423

205 652 886

7 121 869

    1 419 314 279

             

тасдиқ карда шавад.

  1. Маблағҳои нақди гардони хазинавии буҷети шаҳрӣ ба 1 январи соли 2022 ба маблағи 5 448 284 (панҷ миллиону чорсаду чилу ҳашт ҳазору дусаду ҳаштоду чор) сомонӣ мутобиқи замимаи №1 тасдиқ карда шавад.
  2. Фонди музди меҳнати буҷети шаҳрӣ ба маблағи 130 758 812 (як саду си миллиону ҳафтсаду панҷову ҳашт ҳазору ҳаштсаду дувоздаҳ) сомонӣ мутобиқи замимаи №2 тасдиқ карда шавад.
  3. Ҳаҷми маблағгузории асосӣ дар соли 2021 барои сохтмони асоси, таъмиру таҷдиди роҳҳои шаҳр ба маблағи 680 000 000 (шашсаду ҳаштод миллион) сомонӣ тасдиқ карда шавад.
  4. Сарраёсати молияи шаҳри Душанбе, маблағҳои махсуси муассисаю ташкилотҳои аз буҷети шаҳри Душанбе маблағгузоришавандаро дар қисми даромаду хароҷоти сметаи ягонаи онҳо ба ҳисоб гирад. Аз ҳисоби маблағҳои махсуси муассисаю ташкилотҳо пардохти ҳатмӣ ба буҷетҳои дахлдор бо андозаи зерин муқаррар карда шавад:

      -муассисаҳои томактабӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ - 1 фоиз, таҳсилоти умумӣ, ибтидоӣ, миёнаи касбӣ ва муассисаҳои соҳаи тандурустӣ  - 5 фоиз, муассисаҳои дигари соҳаи маориф, илм ва фарҳанг - 10 фоиз;

      - ташкилотҳои дигар буҷетӣ - 20 фоиз;

-пардохти ҳатмӣ аз ҳисоби маблағҳои махсуси ташкилотҳои буҷетӣ ба буҷети маҳаллӣ ҳар семоҳа на дертар аз санаи 25-уми баъди давраи ҳисоботӣ гузаронида шавад.

  1. Воридоти андозҳои танзимшавандае, ки ҳиссаи онҳо дар қисми даромади буҷети шаҳрӣ пешбинӣ шудаанд, сараввал қатъиян ба буҷети шаҳрӣ ворид карда шуда, ҳиссаи буҷети ноҳияҳо саривақт мутобиқи банди 2 қарори мазкур дар ҳар 15 рӯз гузаронида шаванд. Масъулияти саривақт гузаронидани маблағҳо ба буҷети ноҳияҳо ба зиммаи Сарраёсати молияи шаҳри Душанбе гузошта шуда, тартиби мазкур ба маълумоти бонкҳо расонида шавад.
  2. Сарраёсати молияи шаҳри Душанбе:

       -ҷиҳати мақсаднок ва самаранок истифода бурдани маблағҳои буҷетӣ назорати хазинавиро пурзӯр намояд;

       -дар доираи маблағҳои ҳиссагузории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ­барои татбиқи Лоиҳаи  обтаъминкуни ва корезии шаҳри Душанбе, ки муодили 500 000  (панҷсад ҳазор) доллари ИМА-ро ташкил медиҳад, аз рӯи қурби асъори хориҷии Бонки миллии Тоҷикистон дар рӯзи пардохт муайяншуда, аз ҳисоби маблағҳои барои иҷрои вазифаҳои пойтахт пешбинишуда ҷудо намояд.

       -бо мақсади зиёд намудани даромади буҷет, маблағҳои озоди буҷети шаҳрӣ, ки ба ҳолати 1 январи соли 2021 ба вуҷуд меоянд, ҳамчун амонат бо дастури Раиси шаҳри Душанбе дар Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк” ба давраи кӯтоҳмуддат дар давоми соли буҷетӣ ҷойгир намояд;

       -ҳангоми зарурат ва мавҷуд будани сарфа аз рӯи моддаҳои дахлдори хароҷот, дар ҳолати набудани қарз аз рӯи онҳо метавонад бо тартиби муқарраргардида ба нақшаи тасдиқшудаи моддаҳои хароҷот тағйироти дахлдор ворид намояд.

  1. Бо мақсади фароҳам овардани шароит барои фаъолияти муътадили корхонаҳо Комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе оид ба буҷет ва идораю ихтиёрдории моликияти коммуналӣ, манбаи андозбандии гурӯҳҳои алоҳидаи андозсупорандагон ва унсурҳои алоҳидаи андозбандиро омӯхта, на дертар аз 1 апрели соли 2021 дар бораи беҳсозии фаъолияти воҳидҳои сохторӣ ҷиҳати ҷамъоварии андозҳо, истифодаи самараноку мақсадноки маблағҳои буҷетӣ ва амволи коммуналӣ ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе таклифҳои мушаххас пешниҳод намояд.
  2. Ҷиҳати таъмини пурраи андозбандӣ мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияҳои шаҳр дар ҳамбастагӣ бо мақомоти андоз, Шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, Кумитаи заминсозии шаҳри Душанбе ва дигар воҳидҳои сохторӣ баҳисобгирии дақиқи андозсупорандагони андози замин, андоз аз молу мулки ғайриманқул ва андоз аз воситаҳои нақлиётро то 1 апрели соли 2021 ба анҷом расонанд.
  3. Муовини Раиси шаҳри Душанбе сарпарасти соҳа, сардори Сарраёсати молияи шаҳри Душанбе ва сардори Раёсати андози шаҳри Душанбе ҷиҳати баланд бардоштани масъулияти андозсупорандагон ва татбиқи чораҳои маҷбурӣ ситонидани андозҳо нисбати қарздорон тадбирҳои заруриро амалӣ ва корҳои назоратию профилактикӣ, тарғиботию фаҳмондадиҳиро дар ин самт куллан беҳтару пурзӯр намоянд.
  4. Раисони ноҳияҳои шаҳр дар ҳамкорӣ бо воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва ноҳияҳои он барои ба андозбандии пурра ҷалб намудани шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ чораҳои мушаххасро амалӣ намуда, баҳри мақсаднок истифодабарии маблағҳои буҷетӣ маблағгузории хароҷотҳоро аз ҳисоби буҷет ба таври қатъӣ дар доираи даромадҳои воридшуда ба роҳ монда, назоратро баҳри самарабахш ва мақсаднок истифода бурдани онҳо пурзӯр намоянд ва маблағҳои аз нақша барзиёд воридшавандаи мансуб ба буҷети ноҳияҳоро барои таъмири муассисаҳои соҳаи иҷтимоӣ, пиёдагардҳо ва роҳҳои байни шаҳраку маҳаллаҳо равона созанд.
  5. Маблағҳои озоди буҷети шаҳрӣ ба 1-уми январи соли 2021 барои маблағгузории сохтмони асосӣ, таъмиру таҷдиди роҳҳо ва дигар масъалаҳои марбут ба фаъолияти афзалиятноки шаҳрдорӣ равона карда шаванд.
  6. Муқаррар карда шавад, ки сабзкорӣ ва нигоҳубини майдону гулгаштҳои шаҳр танҳо тавассути раёсатҳои истифодабарии роҳҳои ноҳияҳои шаҳр амалӣ шуда, назорати он, ба зиммаи раисони ноҳияҳои шаҳр вогузор карда шавад.
  7. Иловапулӣ ба нафақаи иштирокчиён ва маъюбони Ҷанги Бузурги Ватанӣ, иштирокчиёни ҷангҳои дар қаламрави давлатҳои дигар, маъюбони садамаи Нерӯгоҳи барқии атомии Чернобил, шахсоне, ки бо ордену медалҳо барои меҳнати шоён ва хизмати софдилонаи ҳарбӣ дар ақибгоҳ сарфароз гардидаанд, кумаки яквақта ба муносибати Рӯзи куҳансолон ба нафақахӯрони синнашон 75 сола ва аз он боло, аз 1 то 3 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ба нафақахӯроне, ки дар назди шаҳри Душанбе хизматҳои махсус доранд, аз ҳисоби маблағҳои озоди буҷети шаҳрӣ мутобиқи замимаи №3 муқаррар карда шавад.
  8. Ба инобат гирифта шавад, ки дар соли 2021 мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2021» 20 фоизи иҷроиши барзиёди қисми даромади буҷети маҳаллӣ ба Фонди стабилизатсионӣ оид ба рушди иқтисодиёт ва 5 фоизи он ба суратҳисоби махсуси захираҳои иловагии молиявӣ барои маблағгузории сохтмони иншоотҳои муҳими давлатӣ равона карда мешавад.
  9. Ҳисобот оид ба иҷрои буҷети шаҳри Душанбе дар соли 2019 аз рӯи даромад ба маблағи 2 053 303 587 (ду миллиарду панҷову се миллиону сесаду се ҳазору панҷсаду ҳаштоду ҳафт) сомонӣ ва аз рӯи хароҷот ба маблағи 1 958 709 766 (як миллиарду нуҳсаду панҷову ҳашт миллиону ҳафтсаду нуҳ ҳазору ҳафтсаду шасту шаш) сомонӣ, бо барзиёдии даромад нисбат ба хароҷот ба маблағи 94 593 821 (наваду чор миллиону панҷсаду наваду се ҳазору ҳаштсаду бисту як) сомонӣ тасдиқ карда шавад.
  10. Бо сабаби тағйир ёфтани ҳаҷми истеҳсолот (кор ва хизматрасонӣ), зиёдшавии меъёрҳои хизматрасонии коммуналлӣ, андозаи нарх, меъёри андоз, заминаи андозбандӣ, инчунин тағйирёбии сохтори ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ, ки аз санадҳои меъёрии ҳуқуқии қабулнамудаи мақомоти давлатӣ бармеоянд, Сарраёсати молияи шаҳри Душанбе ба қисми даромад ва хароҷоти буҷетҳои дахлдор тағйирот ворид намуда, бо тартиби муқарраргардида дар байни буҷети шаҳрӣ ва буҷети ноҳияҳои шаҳри Душанбе ҳисоби байниҳамдигарӣ гузаронад.
  11. Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе тавассути воситаҳои ахбори омма инъикоси васеи муҳтавои қарори мазкурро таъмин намояд.
  12. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи комиссияҳои доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе оид ба буҷет ва идораю ихтиёрдории моликияти коммуналӣ, оид ба фарҳанг, маориф, илм ва инноватсия, оид ба масъалаҳои гендерӣ, тандурустӣ, ҳифзи модар ва кӯдак, оид ба нақлиёт, коммуникатсия ва беҳдошти роҳҳо ва оид ба меъморӣ, шаҳрсозӣ, сохтмон ва ободонӣ гузошта шавад. 

         Раиси

          Маҷлиси вакилони          
          халқи шаҳри Душанбе                                                                                    Рустами Эмомалӣ


Илова кунед