Муовинони Раис

 Муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе

Қурбонзода Амирхон Файзулло

3 августи соли 1964 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ.

Соли 1986 Донишкадаи политехникии  Тоҷикистонро бо ихтисоси сохтмони саноатӣ ва гражданӣ  хатм намудааст.

Солҳои 1986-1989 Муҳандиси трест-майдончаи “Кӯлобстрой”.

Солҳои 1989-1990 Муҳандиси дараҷаи 2-и трест-майдончаи “Кӯлобстрой”.

Солҳои 1990-1991 Ташкилотчии сохтмони трест-майдончаи “Кӯлобстрой”.

Солҳои 1991-1993 Муҳандиси лоиҳакаши муассисаи хурди давлатии “Шарқ”, шаҳри Кӯлоб.

03-07 соли 1993    Иқтисодчии Идораи сохтмонии №1-и трести “Кӯлобстрой”.

Солҳои 1993-1997 Устои сохтмони Идораи сохтмонии №1-и трести “Кӯлобстрой”.

Солҳои 1997-1998 Устои сохтмони Идораи сохтмонии №2-и трести “Кӯлобстрой”.

Солҳои 1998-2000 Мутахассиси дараҷаи 1-и Идораи сохтмониии Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Солҳои 2000-2005 Муҳандис дар идораи сохтмонии шаҳри Душанбе.

Солҳои 2005-2006 Сармуҳандиси ҶСШК “Хоҷамуъмин”, ноҳияи Восеъ.

Солҳои 2006-2010 Муҳандиси идораи лоиҳакашии минтақавии таҳлили гумруки Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Солҳои 2010-2018 Сардори Идораи сохтмони асосии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Солҳои 2018-2019 Муовини раиси вилояти Хатлон.

Солҳои 2019-2020 Раиси шаҳри Истаравшани вилояти Суғд.

аз 18 ноябри соли 2020  муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе таъин гардид.

 

Муовини Раиси шаҳри Душанбе 

МУИНӢ Мавсума Муинзода

 8 октябри соли 1981 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ.

Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистонро бо ихтисоси ҳуқуқшинос хатм намудааст.

Соли 2003 фаъолияти худро ҳамчун омӯзгори кафедраи ҳуқуқ ва мурофиаи ҷиноятии факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон оғоз намуд.

Аз соли 2004 то 2009 дар кафедраҳои «Ҳуқуқи судӣ ва назорати прокурорӣ» ва «Ҳуқуқи ҷиноятӣ ва криминалистика»-и Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ба ҳайси омӯзгор фаъолият кардааст.

Солҳои 2009-2014 Муовини Раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буд.

Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 июли соли 2014 муовини якуми Раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардида то 12 январи соли 2017 дар ин вазифа фаъолият намудааст.
12 январи соли 2017 муовини Раиси шаҳри Душанбе таъин гардид.
Забонҳои русӣ ва англисиро медонад.

 

Муовини Раиси шаҳри Душанбе

ГУРЕЗЗОДА Умед

5 июли соли 1976 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст, миллаташ тоҷик, маълумоташолӣ.

Соли 1994 Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусравро бо ихтисоси иқтисодчӣ хатм намудааст.

Фаъолияти кориро соли 2000-ум ба ҳайси нозири андози шуъбаи баҳисобгирӣ ва таҳлили андози идораи Хатлонии НААК Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷиикистон, шаҳриБохтар (собиқ ш.Қурғонтеппа) шурӯъ намуда, то соли 2002 дар ҳамин вазифа кор кардааст.

Аз соли 2002 то 2007 дар вазифаҳои нозири калони гурӯҳи аудити шуъбаи Хатлонии нозироти андози андозсупорандагони калони Вазорати даромад ва пардохтҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мутахассиси пешбар ва ҳамчунин нозири калони гурӯҳи таъмини ҷамъоварии андозҳо ва барҳамдиҳии қарзҳои шуъбаи Хатлонии нозироти андози андозсупорандагони калони Вазорати даромад ва пардохтҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Бохтар адои хизмат намудааст.

Инчунин солҳои 2007 ва 2017 дар мансабҳои сармутахассиси бахши дуюми шуъбаи назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон (шаҳри Бохтар) ва сардори Раёсати молияи шаҳри Бохтар фаъолияти пурсамар намудааст.

Аз соли 2017 то моҳи апрели соли 2019 вазифаи муовини якуми раиси шаҳри Бохтарро ба уҳдадошт.

Моҳи апрели соли 2019 муовини Раиси шаҳри Душанбе таъйин гардид.

 

Муовини Раиси шаҳри Душанбе

САИДЗОДА Фирдавс Ҳамро

9 июли соли 1970 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ.

Соли 1991 Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи Муҳаммад Осимиро бо ихтисоси иқтисодиёт ва ташкили нақлиёти автомобилӣ хатм намудааст.

Солҳои 1991-1993 ба ҳайси механик-муҳандис, сармеханики СПМК-№9 дар ноҳияи  Мир Саид Алии Ҳамадонӣ, ҳамчунин аз якуми апрели соли 1993 дар вазифаи механик-назоратчӣ, муҳандис дар Муассисаи таксомотории №2-и шаҳри Душанбе кору фаъолият намудааст.

Дар байни солҳои 1993 то 1997 дар Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вазифаҳои сардори шуъбаи нақлиётии Иттиҳодияи мусофиркашонӣ ва сардори шуъбаи Иттиҳодияи Ҷумҳуриявии терминалҳои мусофиркашонии Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон адои вазифа намудааст.

Аз соли 1997 то соли 2000 сардори шуъбаи истифодабарии Ҷамъияти саҳҳомии «Пассажиртранс»-и шаҳри Душанбе буда, дар байни солҳои 2000 то 2007 ба ҳайси муовини сардори Корхонаи воҳиди давлатии нақлиётии автомобилии мусофиркашонии №1-и шаҳри Душанбе фаъолият кардааст.

Вазифаи сардори Корхонаи коммуналии воҳиди давлатии «Троллейбус»-и шаҳри Душанберо аз соли 2007 то соли 2008-ум ба уҳда доштааст.

Инчунин солҳои 2008 ва 2013-ум дар мансаби директори Корхонаи коммуналии воҳиди давлатии «Автобус-1»-и шаҳри Душанбе кор кардааст.

Дар солҳои 2013-2018 вазифаҳои директори Муассисаи давлатии коммуналии «Душанбенақлиётхадамотрасон» ва дар байни солҳои 2015-2018 директори  Корхонаи коммуналии воҳиди давлатии «Насби нақлиёти барқӣ (троллейбус) ва велосипед»-ро ба уҳда дошт.

29 майи соли 2018 муовини Раиси шаҳри Душанбе таъйин гардид. 

 

Муовини Раиси шаҳри Душанбе

ОДИНАЗОДА Дилшод Нурулло

 

 

22 марти соли 1973 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ.

Соли 1995 Донигоҳи Технологии Тоҷикистонро бо ихтисоси «Технологияи маҳсулотҳои нонӣ, қаннодӣ, хамирӣ ва консентратҳои хӯрокворӣ» ва соли 2004 Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистонро бо ихтисоси «Молия ва қарз» хатм намудааст.

Аз соли 1995 то соли 1996 ба сифати назоратчии равандҳои технологӣ дар корхонаи нони №3 шаҳри Душанбе, аз соли 1996 то соли 2002 ба ҳайси сариқтисодчии хоҷагии деҳқонии Лангари ноҳияи Мӯъминобод, аз соли 2002 то соли 2004 сариқтисодчии Раёсати кишоварзии ноҳияи Муъминобод, аз соли 2004 то соли 2009 ассистенти кафедраи «Молия ва қарз»-и Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ва аз соли 2009 то соли 2013 Муаллими калони кафедраи «Молия ва қарз»-и Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон фаъолият кардааст.

Солҳои 2013-2019 Мушовири иқтисодии Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва аз соли 2019 то 14 августи соли 2020 дар мувофиқа бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифаи Раиси Корхонаи воҳиди давлатии «Хӯрокворӣ»-ро ба уҳда доштааст.

14 августи соли 2020 муовини Раиси шаҳри Душанбе таъйин гардид.

 

Муовини Раиси шаҳри Душанбе

РАҲИМЗОДА Толиб Карим

3 июли соли 1979 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ.

Соли 2000 бо дараҷаи бакалавр, соли 2002 бо дараҷаи магистр Донишгоњи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш. Шоњтемурро бо ихтисоси агроном хатм намудааст.

Соли 2000 фаъолияти кориро ба ҳайси агрономи ассотсиатсияи хоҷагиҳои деҳқонӣ дар  ноҳияи Рӯдакӣ оғоз намуда, то соли 2007 дар вазифаҳои мутахассиси ассотсиатсияи истифодабарандагони оби «Куктош» (ноҳияи Рӯдакӣ), мутахассиси пешбар, сармутахассиси Бозрасии назорати давлатии истифода ва ҳифзи замин, Кумитаи давлатии ҳифзи муҳити зист ва хоҷагии ҷангали ҶумҳурииТоҷикистон адои хизмат намудааст.

Солҳои 2007-2008 дар вазифаҳои сармутахассиси Бозрасии махсусгардонидашудаи назорати давлатии истифода ва ҳифзи замин ва муомилот бо партовҳои Хадамоти назорати давлатӣ оид ба истифода ва ҳифзи табиат, Вазорати кишоварзӣ ва ҳифзи табиати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият кардааст.

Дар солҳои 2008 то 2014 бошад, ҳамчун мутахассиси пешбари шуъбаи назорати истифода ва ҳифзи замин ва муомилот бо партовҳои Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сардори шуъбаи ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Рӯдакӣ, Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон адои вазифа намудааст.

Аз соли 2014 то соли 2017 вазифаи сардори Раёсати ҳифзи муҳити зисти шаҳри Душанбероба уҳда дошт.

15 марти соли 2017 муовини Раиси шаҳри Душанбе таъйин гардид. 



Илова кунед