ҚАРОРИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ №426 АЗ 20.08.2020

20 Августи 2020, Панҷшанбе

Дар бораи эълон намудани озмун барои  ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ дар дастгоҳи Раиси шаҳри  Душанбе  ва  мақомоти иҷроияи ҳокимияти  давлатии шаҳри  Душанбе 

Мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» ва Низомнома дар бораи тартиби гузаронидани озмун барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ, ки бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 марти соли 2016, №647 тасдиқ гардидааст, 

Қ А Р О Р    М Е К У Н А М: 

  1. Барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе озмун эълон карда шавад (замима мегардад).
  2. Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе инъикоси ба тасвиб расидани қарори мазкурро тавассути воситаҳои ахбори омма таъмин намояд.
  3. Комиссия оид ба гузаронидани озмун барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе фаъолияти худро тибқи  тартиби муқарраргардида ба роҳ монад.
  4. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи раиси Комиссия оид ба гузаронидани озмун барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе вогузор карда шавад. 

 РУСТАМИ  ЭМОМАЛӢ

Илова кунед