МАРОСИМИ СУПОРИДАНИ МУКОФОТҲОИ ДАВЛАТӢ

03 Сентябри 2020, Панҷшанбе

ш.Душанбе. 03.09.2020. Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 июли соли 2020, №1571 “Дар бораи сарфарозгардонии кормандони соҳаҳои  илму фарҳанг, тандурустӣ, истеҳсоли мол ва хизматрасонӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, дигар хизматчиёни давлатӣ ва соҳибкорон” барои саҳми арзанда дар рушди илму фарҳанги мамлакат, ҳифзи саломатии аҳолӣ, фаъолияти самаранок дар хизмати давлатӣ ва дастовардҳои баланди истеҳсолию соҳибкорӣ имрӯз дар вазъияти ботантана 3 нафар кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо медали “Хизмати шоиста” ва 1 нафар бо "Ифтихорнома"- и Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардиданд.

Мукофотҳои давлатиро дар вазъияти пуршукӯҳ муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон-Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода аз номи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе супорид.

Ҳамин тариқ, Азизиён Самӣ Солеҳ-директори Корхонаи воҳиди давлатии "Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотӣ ва лоиҳакашии "Душанбешаҳрсоз", Расулзода Насимҷон-роҳбари ташкилоти ҷамъиятии  ҷавонони "Созандагони Ватан" дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе, Усмонзода Қосим-сардори Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии шаҳри Душанбе бо медали "Хизмати шоиста" ва  Вализода Илҳомиддин Навиддин-мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи раиси ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе бо "Ифтихорнома"-и Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд. 

Зимни чорабинӣ муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанберо барои сазовор шуданашон бо мукофотҳои давлатӣ   сидқан шодбош гуфта, шарафёб шуданашонро ба ин қадршиносии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон натиҷаи кору фаъолияти аҳлонаву содиқанаашон дар роҳи ободонию созандагӣ арзёбӣ кард.

Номбурда дар идома таъкид намуд, ки пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон - шаҳри Душанбе давоми солҳои охир дар тамоми бахшҳо ба пешрафтҳои назаррас ноил гардид.

Имрӯзҳо сокинону меҳмонони пойтахт шоҳиди ободкориву  падидаҳои нав мегарданд, ки дар ин самт кору заҳмати роҳбарият ва кормандони мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе баръало ба мушоҳида мерасад.

Дар идома зикр гардид, ки  бо мақсади дар сатҳи баланди омодагӣ истиқбол гирифтани ҷашни  таърихии 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамагонро мебояд кору фаъолияти хешро хубтару беҳтар ба роҳ монанд, то ин ки шаҳри Душанбе, ҳамчун хонаи умеди тамоми тоҷикони дунё  ва  макони асосии пазироии меҳмонон дар рӯзҳои ҷашнӣ, бештар аз ҳарвақта ободтару зеботар гардад.

Илова кунед