"СЕ ДАҲСОЛАИ ШАРИКИИ ИДМ: ДУРНАМО ВА СТРАТЕГИЯИ РУШД"

30 Сентябри 2021, Панҷшанбе

ш.Душанбе. 30.09.2021. Имрӯз бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон» Конференсияи байналмилалии китобдорон таҳти унвони «Се даҳсолаи шарикии ИДМ: дурнамо ва стратегияи рушд» дар доираи эълон гардидани «Душанбе-пойтахти фарҳангии Иттиҳод-2021», бахшида ба 30-солагии ташкили Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид.
Дар конференсия Директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон Файзализода Ҷумахон Хол, муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ, роҳбарону намояндагони китобхонаҳои пойтахт, инчунин меҳмонон аз Белорусия, Озарбойҷон, Россия, Арманистон, Ӯзбекистон, ва Удмуртияи Федератсияи Россия иштирок доштанд.
Дар оғози конференсия Директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон Файзализода Ҷумахон Хол суханронӣ намуда, меҳмононро ба пойтахти Тоҷикистон шаҳри Душанбе хайрамақдам гуфтанд.
Дар кори ҷаласа иштирокчиён ба самтхои асосии ҳамкории китобхонаҳои ИДМ оид ба дирӯз ва имрӯз, арзишҳои анъанавии соҳаҳои китобдорӣ, маҳаки самаранокии ҳамкории касбии байналмилалӣ ва дигар мавзуъҳои соҳаи китобдориро мавриди баррасӣ қарор доданд. Дар ҷараёни конференсия намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ва «Илм фурӯғи маърифат» ибрози андеша намуда, зикр карданд, ки озмун бо мақсади баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти нерӯи зеҳнӣ, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, такмили захираи луғавӣ миёни аҳолии кишвар гузаронида мешавад.
Дар анҷоми конференсияи мазкур Ёддошти тафоҳум миёни Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва Китобхонаи давлатии миллии Ӯзбекистон ба номи Алишер Навоӣ, созишномаи ҳамкорӣ миёни Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва Китобхонаи давлатии умумироссиягии адабиёти хориҷӣ ба номи М.И. Рудомино ба имзо расонида шуд.
 
 
 
 
 

Илова кунед