ИДОМАИ КОРҲОИ СОЗАНДАГИВУ БУНЁДКОРӢ ДАР ПОЙТАХТ

30 Сентябри 2021, Панҷшанбе

ш.Душанбе. 30.09.2021. Бо роҳнамоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат ва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ташаббусу тадбирандешиҳои Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ шаҳри Душанбе ба пешравию дастовардҳои назаррас ноил гардидааст ва дар ин замина биноҳои истиқоматӣ, корхонаҳои саноатию истеҳсолӣ ва марказҳои хизматрасонӣ бунёд ва ба фаъолият оғоз намудаанд. Дар доираи нақшачорабиниҳои ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе имрӯз як қатор иншооти таъиноти гуногун мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе дар кӯчаи Мушфиқии ноҳияи Фирдавсии пойтахт ҷойгир буда, таъмири бинои ин Раёсат яке аз бандҳои нақшачорабиниҳои ҷашни 30 солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад. Масъулини ин сохтори шаҳрӣ корҳои таъмириро дар сатҳи зарурӣ анҷом дода, имрӯз намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва ноҳияи Фирдавсӣ бо шароити кору хизматрасонии бинои Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе баъди таъмир шинос шуданд. Ҳоло шароити зарурӣ барои кормандони ин сохтор фароҳам шудааст.
Инчунин дар ин рӯз масъулини сохторҳои болозикр аз бинои Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Фирдавсӣ дидан намуданд. Ин бино низ ба хотири беҳтарсозии шароиту имконияти кору фаъолияти кормандони он таъмир ва навсозӣ гардидааст. Бинои ин раёсат аз 14 ҳуҷраи корӣ, роҳрав ва ҳуҷраҳои ёрирасон иборат буда, аз ҷониби ҶДММ «Сафархон» таъмир гардидааст. Тавре иттило дода шуд айни замон кормандони Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Фирдавсӣ ба 12504 нафар нафақагирони ноҳия хизмат мерасонанд. Дар баробари ҳуҷраҳои корӣ, ҳамзамон роҳраву утоқҳои иловагӣ ва саҳну атрофи бино низ таъмир гардидааст.
Ҳамзамон имрӯз бо иштироки намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва ноҳияи Фирдавсӣ дар ҳудуди ин ноҳияи пойтахт Маркази савдою хизматрасонии «Волна» ба истифода дода шуд. Ин маркази савдо дар масоҳати 1200 метри мураббаъ ташкил гардида, дар кӯчаи Неъмат Қарабоевҷ ойгир аст. Дар заминаи фаъолияти иншооти мазкур 30 нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардидаанд. Дар ин бино ҳамзамон Маркази савдои Би-1 низ мавриди истифодабарӣ қарор дода шуд. Масоҳати умумии ин маркази савдо 580 метри мураббаъ буда, дар он 21 нафар бо ҷойи кор таъмин шудаанд.
Инчунин, дар ноҳияи Фирдавсӣ бинои истиқоматии бисёрошёна дар кӯчаи Борбад мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Иншооти мазкур ба хотири истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии истиқлоли давалатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардида, фармоишгар ва пудратчии иншоот ҶДММ «Байтулло сохтмон» буда, масоҳати умумии он 2400 метри мураббаъ мебошад. Бинои мазкур дорои 140 ҳуҷраи алоҳида мебошад. Тавре иттилоъ дода шуд, бинои истиқоматӣ дар асоси нишондоди қарори Раиси шаҳри Душанбе «Дар бораи додани қитъаи замин ба шаҳрванд Азимов барои сохтмони биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ бо ҷойгиронии марказҳои савдою хизматрасонӣ ва тафаққуфгоҳи нақлиётӣ дар таҳхонаи онҳо дар заминаи иншооти хусусӣ воқеъ дар кӯчаи Борбад ½» сохта шудааст. Ифтитоҳи иншооти таъиноти гуногун барои ташкили ҷойҳои нави корӣ, беҳтар гардидани сатҳи хизматрасонӣ ва зебо намудани гӯшаву канори шаҳри Душанбе мусоидат менамояд.
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 

Илова кунед