ИДОМАИ МУЛОҚОТУ ВОХӮРИҲОИ СУДМАНД ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ

27 Октябри 2021, Чоршанбе

ш. Душанбе. 27.10.2021. Имрӯз бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, дар толори маҷлисгоҳи Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат бо намояндагони сохторҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе, устодону шогирдони ин муассисаи олии таълимии пойтахт мулоқоти хотирмон баргузор  гардид.

       Вохўриро бо суханони ифтитоҳӣ муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ ҳусни оғоз бахшида, роҷеъ ба масъалаҳои муҳими ҳаёти рўзмарра ва нуктаҳои дар Паёми Пешвои муаззами миллат ироагардида, тарғиби ҳадафҳои арзишҳои миллию маънавӣ, ҳифзи солимии инсон, хурўҷи нави маризии сироятии «КОВИД - 19»,  муборизаи дастаҷамъона дар соли гузашта нисбати ин вируси хатарнок, нақши муассири Пешвои миллат ва Раиси шаҳри Душанбе дар пешгирии ин вабои аср, масъулиятшиносӣ дар таълиму тарбияи фарзанд, пешгирии амалҳои исрофкорӣ, танзими анъана ва ҷашну маросим, одобу ахлоқи ҳамида, фарҳанги шаҳрнишинӣ ободониву сабзгардонӣ  дар  пойтахт ва дигар масъалаҳои марбут ба пешрафти ҷомеа муфассал суханронӣ намуд.

      Зимни мулоқот аз ҷумла зикр гардид, ки ҳар сол сокинони кишвар  Паёми навини Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бесаброна интизор мешаванд. Зеро Паёмҳои Сарвари давлат ҳамчун санаду дастурҳои ниҳоят ҳадафманде барои зиндагии мардуми шарифи Тоҷикистон эътироф гардида, ҳамагонро ба меҳнату фаъолияти созанда ва фардои  бунёдкорона даъват менамоянд. Паёми навини Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 26 январи соли 2021 ироа шуд, фарогири самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ гардид. Мо тавассути суханронии Сарвари давлат аз комёбию мувафаққиятҳои Тоҷикистони маҳбуб  дар соли 2020 хеле хуб огаҳ гардидем ва боз дилпур шудем, ки ҳамкорию ҳамдастӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ моро ба ҳар гуна мушкилоти сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоӣ зафарманд мегардонад.

     Дар мулоқот ҳамчунин таъкид гардид, ки мо ҳамагон ҷавобан ба ғамхориҳои давлату Ҳукумати Тоҷикистон бояд масъулиятшинос ва бо донишу маърифати баланди хеш дар арсаи байналмилалӣ намунаи ибрат бошем.

 

 

Илова кунед