МУЛОҚОТ БО ДИРЕКТОРИ БОНКИ АВРУПОИИ ТАҶДИД ВА РУШД ДАР ОСИЁИ МАРКАЗӢ

25 Октябри 2021, Душанбе

ш. Душанбе. 25.10.2021. Имрӯз муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Қурбонзода Амирхон бо Директори минтақавии Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд дар Осиёи Марказӣ хонум Жужанна Харгитай ва роҳбари  намояндагии Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Рика Ишии вохӯрӣ баргузор намуд.

Дар ҷараёни вохӯрӣ ҷонибҳо атрофи масъалаҳои рушди ҳамкорӣ оиди татбиқи лоиҳаҳо дар самти технологияҳои рақамӣ, маблағгузории иқтисодиёти сабз, энергетика ва обтаъминкунӣ мубодилаи афкор намуданд.

 Инчунин иштирокчиёни вохӯрӣ татбиқи босамари лоиҳаҳои банақшагирифтаи Корхонаи воҳиди давлатии «Шаҳри ҳушманд (Smart city)»-ро дар соҳаҳои маориф, тандурустӣ ва хоҷагии манзилию коммуналӣ баррасӣ намуда,  қарор доданд, ки минбаъд низ ҳамкориҳои барои ҳар ду ҷониб муфидро дар соҳаҳои болозикр идома дода, лоиҳаҳои нави муштаракро роҳандозӣ намоянд.

Илова кунед