Рушди иқтисодиёт

Натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе то 01.06.2020 

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар доираи сиёсати бунёдкоронаю созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва талаботиқонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», инчунин дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда фаъолиятро роҳандозӣ намуда, баҳри таъмини рушди иқтисодию иҷтимоӣ, дигаргунсозиҳо дар соҳаҳои инфрасохторию хизматрасонӣ, дастгирии соҳибкории хурду миёна, бахусус соҳибкории истеҳсолӣ ва дар ин замина таъсис додани ҷойҳои нави корӣ, инчунин дарёфти манбаъҳои иловагии андозу пардохтҳо якқатор чорабиниҳои мушаххасро ба роҳ монд.

Қобили зикр аст, ки пайдо гардидани бемории сироятии короновирус (COVID-19) ва ҳолати сироятёбии он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таъмини рушди баъзе аз нишондиҳандаҳои иқтисодии пойтахт таъсири манфӣ расонид.

Бо дарназардошти роҳандозии тадбирҳои зарурӣ, дар ин давра тамоюли мусбии аксари соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ ва устувории нишондиҳандаҳои асосии иқтисодии шаҳр таъмин карда шуд.

 

Маҷмӯи маҳсулоти минтақавӣ (МММ)

Мувофиқи маълумоти пешакии оморӣ Маҷмӯи маҳсулоти минтақавӣ дар нимсолаи аввали соли 2020 ба 6729,9 миллион сомонӣ баробар гардида, суръати афзоиши воқеии он нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 3,3 фоиз ва саҳми он дар Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД) 20,7 фоизро ташкил дод.

 

Тамоюли афзоиши ҳаҷми номиналӣ ва рушди воқеии

МММ дар моҳҳои январ – июни солҳои 2019 ва 2020

 

Дар моҳҳои январ - июни соли 2020 сохтори МММ аз ҳисоби истеҳсоли молҳо 19,5 фоиз (моҳҳои январ - марти соли 2019-ум 19,5 фоиз), хизматрасонӣ 77,2 фоиз (77,2 фоиз) ва андозҳо 3,3 фоиз (3,3 фоиз) ташаккул ёфтааст.

 

Сохтори Маҷмӯи маҳсулоти минтақавӣ дар

моҳҳои январ - июни солҳои 2019 ва 2020 (бо фоиз)

 

Дар моҳҳои январ - июни соли 2020 рушди МММ асосан аз ҳисоби зиёд гардидани ҳаҷми маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ ба андозаи 103,3 фоиз, гардиши савдо 109,5 фоиз, хизматрасонии пулакӣ 103,5 фоиз ва боркашонӣ 111,5 фоиз таъмин гардидааст.

 

Соҳаи саноат

Истифодаи самараноки иқтидорҳои нав, роҳандозии истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазиру воридотивазкунанда ҷиҳати афзоиш ёфтани соҳаи саноати шаҳр дар нимсолаи аввали соли 2020 заминаи мусоид фароҳам овард. 

Дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби 464 адад корхонаҳои саноатӣ новобаста аз шакли моликият ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 1192,0 миллион сомонӣ баробар гардид, ки суръати афзоиши он нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 96,1 фоизро ташкил дод.

+ Тамоюли ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ

дар моҳҳои январ - июни солҳои 2019 - 2020

Дар соҳаи саноати истихроҷи маъдан истеҳсоли маҳсулот ба 25,5 миллион сомонӣ ё 1,5 маротиба, саноати коркард 577,7 миллион сомонӣ ё 79,7 фоиз, таъминоти нерӯи барқ, газ, буғ, об ва тозакунии ҳаво 559,8 миллион сомонӣ ё 108,2 фоиз нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта таъмин гардидааст.

Дар нимсолаи аввали соли 2020 суръати афзоиши маҷмӯи маҳсулоти саноатӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта дар ноҳияҳои И. Сомонӣ – 92,7 фоиз, Шоҳмансур – 75,8 фоиз, Фирдавсӣ – 107,2 фоиз ва Сино – 96,5 фоизро ташкил додааст. 

Таносуби соҳаҳои саноат
дар ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ
дар моҳҳои январ – июни соли 2020 (бо фоиз)

Дар моҳҳои январ – июни соли 2020 ба афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ зиёдшавии истеҳсоли маҳсулотҳо дар соҳаи коркард, аз ҷумла коркарди чӯбу тахта ва истеҳсоли маҳсулот аз чӯб, фаъолияти табъу нашр ва коғаз 106,7 фоиз, истеҳсоли кимиёвӣ 2,1 маротиба, истеҳсоли таҷҳизоти барқӣ 1,7 маротиба ва истеҳсоли воситаҳои нақлиёт 7,6 маротиба мусоидат намуданд.

Дар ин давра 101,1 ҳазор дона либоси мактабӣ ба маблағи зиёда аз 4,3 миллион сомонӣ истеҳсол гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта истеҳсоли он 7,6 фоиз зиёд мебошад.

Ҳаҷми маҳсулот дар анбори корхонаҳо бо инобати захираи маҳсулот аз солиқаблӣ ба маблағи 1203,7 миллион сомонӣ бақайд гирифта шудааст, ки дар ин давра 1143,3 миллион сомонӣ ё  95,0 фоизи он ба фурӯш бароварда шудааст.

Содироти корхонаҳои саноатии шаҳри Душанбе дар ин давра ба 2,3 миллион доллари ИМА баробар шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 11,0 фоиз зиёд мебошад.

Дар ин давра дар шаҳр барои оғози фаъолият 12 адад корхонаю коргоҳҳои истеҳсолӣ бо таъсиси 454 адад ҷойҳои нави корӣ бақайд гирифта шудааст. 

Истеҳсоли нерӯи барқ ва гармӣ

Тибқи маълумоти оморӣ дар моҳҳои январ – июни соли 2020 истеҳсоли энергияи барқ ҳамагӣ 949,0 миллион кВт соатро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,4 фоиз ё 22,4 миллион кВт соат зиёд мебошад.

 Ҳаҷми истеҳсоли энергия дар

моҳҳои январ – июни солҳои 2019 – 2020

Дар давраи ҳисоботӣ аз тарафи ҶСК «Шабакаҳои барқии шаҳри Душанбе» дар маҷмӯъ ба миқдори 1,6 миллиард кВт соат энергияи барқ қабул гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 19,5 миллион кВт соат зиёд мебошад.

Маблағи умумии ҳисобшудаи энергияи барқ дар давраи ҳисоботӣ ба 380,9 миллион сомонӣ баробар шуда, ҷамъоварии он бошад, 330,0 миллион сомониро ташкил дод, ки ба 86,6 фоизи нақша баробар мебошад.

Ҳаҷми истифоданамудаи энергияи барқ аз ҷониби аҳолӣ 209,6 миллион сомонӣ ҳисобӣ шуда, ҷамъоварии он 190,2 миллион сомонӣ ё 90,7 фоизи нақшаро ташкил медиҳад.

Истеҳсоли энергияи гармӣ дар давраи ҳисоботӣ ба 677,4 ҳазор Гкал баробар гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 40,3 фоиз ё 194,6 ҳазор Гкал зиёд мебошад.

Ба тамоми муштариён энергияи гармӣ ба маблағи 32,3 миллион сомонӣ, аз ҷумла ба аҳолӣ 9,2 миллион сомонӣ ва ба ташкилоту идораҳои гуногун 23,1 миллион сомонӣ интиқол гардидааст.

Дар давраи ҳисоботӣ пардохти маблағҳо дар маҷмӯъ 26,2 миллион сомонӣ ё 81,0 фоиз, аз ҷумла аз ҷониби аҳолӣ 7,6 миллион сомонӣ ё 82,8 фоиз ва аз ҷониби ташкилоту идораҳои гуногун 18,5 миллион сомонӣ ё 80,3 фоизро ташкил медиҳад.

Бояд зикр намуд, ки бо мақсади иҷрои Нақшаи чорабиниҳоиқарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 марти соли 2020, №199 «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2020 - 2021» вақарори дахлдори Раиси шаҳри Душанбе бароиқабули энергияи гармӣ дар пойтахт 2511 адад иншоот бо дарназардошти соли гузашта ба нақша гирифта шудааст.

Бо мақсади омодагиҳо ба фасли тирамоҳу зимистони солҳои 2020 - 2021 дар ин давра таъмири ҷорииқубурҳои гармидиҳанда бо дарозии 14,1 км, иваз намуданиқубурҳои гармидиҳанда 2,2 км, таъмири ҷории истгоҳҳои насосӣ 16 адад, таъмири ҷории чоҳҳои гармитақсимкунӣ 117 адад, таъмири ҷории лукидонҳо 735 адад, иваз намудани лукидонҳо 44 адад, таъмири ҷории дегхонаҳои локалӣ 2 адад, таъмири ҷории таҷҳизотҳои технологии бунгоҳҳои гармидиҳӣ 1 адад, таъмири асосии элеваторҳо 16 адад, таъмири ҷории элеваторҳо 457 адад ва захира намудани ангишт дар ҳаҷми 1390 тонна иҷро гардид.

Маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ

Дар нимсолаи аввали соли 2020 ҳаҷми умумии маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои маблағгузорӣ бо нархҳои муқоисавӣ ба 1272,2 миллион сомонӣ баробар гардида, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 3,3 фоиз зиёд мебошад.

Ҳаҷми маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ дар

моҳҳои январ - июни солҳои 2019 – 2020

Аз ҳаҷми умумии маблағҳои асосии азхудкардашуда 468,2 миллион сомонӣ ё 36,8 фоиз ба маблағгузориҳои давлатӣ, 645,8 миллион сомонӣ ё 50,8 фоиз ба маблағгузориҳои шахсӣ ва 158,2 миллион сомонӣ ё 12,4 фоиз ба сармояҳои хориҷӣ рост меояд.

Дар давраи ҳисоботӣ бо истифода аз имкониятҳои молиявӣ тавассути Муассисаи давлатии «Раёсати сохтмони асосӣ»-и мақомот барои иҷрои корҳои сохтмонӣ - васлгарӣ, лоиҳакашию муҳаққиқӣ ва бартарафкунии иншоотҳо дар ҳаҷми 310,9 миллион сомонӣ (барои корҳои сохтмону васлкунӣ 202,4 миллион сомонӣ, корҳои лоиҳакашӣ 784,3 ҳазор сомонӣ ва барои бартарафкунии иншоотҳо 107,7 миллион сомонӣ) маблағгузорӣ амалӣ шудааст.

Дар ин давра аз ҷониби муассиса дар 10 иншооти таъиноти гуногун корҳои сохтмонӣ - васлгарӣ, бахусус дар соҳаи манзил 1 иншоот, коммуналӣ 2 иншоот, маориф 1 иншоот, фарҳанг 3 иншоот ва дигар соҳаҳо 3 иншоот, инчунин дар 7 иншоот корҳои лоиҳакашию муҳаққиқӣ (дар соҳаи коммуналӣ 3 иншоот, фарҳанг 1 иншоот, тандурустӣ 1 иншоот ва дар дигар соҳаҳо 2 иншоот) дар ҳаҷми 118,3 миллион сомонӣ корҳо иҷро гардидааст.

Дар ин давра тибқи ҷадвали тасдиқгардида дар 12 иншоот корҳои сохтмонию васлкунӣ ва дар 3 иншоот корҳои лоиҳакашию муҳаққиқӣ бо маром идома доранд.   

Дар давраи ҳисоботӣ дар соҳаи маориф корҳои сохтмонӣ, таъмир ва азнавсозӣ дар 12 иншоот барои 13284 ҷойи нишаст дар як баст ба роҳ монда шудааст.

Аз ҷумла, аз ҳисоби Муассисаи давлатии «Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтмони 6 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ барои 6764 ҷой, аз тарафи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон 1 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ барои 1200 ҷой ва аз ҷониби соҳибкорон сохтмони 5 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ барои 5320 ҷой идома доранд.

Инчунин, дар ҳудуди ноҳияҳои пойтахт аз ҷониби соҳибкорону эҳсонкорон корҳои лоиҳакашии 8 муассисаи таълимӣ барои 6272 ҷойи нишаст дар як баст оғоз гардидааст.  

Дар ин давра сохтмони 12 муассисаи томактабӣ барои беш аз 2380 ҷой ва корҳои лоиҳакашии 9 муассисаи томактабӣ барои 1900 ҷой идома доранд.

Қобили зикр аст, ки таҷдиду таъмири пули роҳи оҳан ва автомобилгард дар хиёбони Б. Ғафуров ва кӯчаи А. Ғуломов ба анҷом расида, корҳои сохтмонӣ дар мавзеи бунёди Боғи Истиқлол бо майдони «Истиқлол ва Озодӣ» ва дар кӯчаи Айнӣ аз бурриши кӯчаҳои Айнӣ ва А. Дониш то маркази савдои «Пайкар», инчунин азнавсозии кӯпруки автомобилгард дар хиёбони И. Сомонӣ идома доранд.

Дар давраи ҳисоботӣ дар кӯчаю хиёбонҳои шаҳри Душанбе сохтмони 25 адад истгоҳҳои нави замонавӣ дар заминаи истгоҳҳои мавҷуда амалӣ гардида истодааст.

Бояд тазаккур дод, ки бо мақсади сазовор таҷлил намудани ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нақшаи чорабиниҳо оид ба амалӣ намудани  корҳои ободонию созандагӣ барои солҳои 2019-2021 дар шаҳри Душанбе тасдиқ гардида, дар доираи он аз ҷониби шахсони эҳсонкор ва ташкилоту муассисаҳо 4145 чорабиниҳои гуногун бахусус дар самти бунёди иншоотҳои иҷтимоию саноатӣ ва савдою хизматрасонӣ бо таъсиси беш аз 23,0 ҳазор ҷойҳои нави корӣ ба нақша гирифта шудааст.

Баҳри иҷрои Нақшаи чорабиниҳои мазкур дар нимсолаи аввали соли 2020 дар шаҳри Душанбе 740 чорабинӣ, аз ҷумла рангубори 391 адад биноҳо ва азнавсозии 77 адад нуқтаҳои партовпартоӣ амалӣ карда шуд, ки ин 40,1 фоизи иҷроиши нақшаи умумии чорабиниҳои соли 2020-ро ташкил медиҳад.

Бояд зикр намуд, ки баҳри истиқболи ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе барои бунёди 8 адад меҳмонхонаҳои замонавӣ дар ҳудуди ноҳияҳои пойтахт санги асос гузошта шуд, ки айни ҳол дар онҳо корҳои сохтмонӣ бо маром идома доранд.

Ҷиҳати ба меъёрҳои шаҳрдорӣ мутобиқ намудани инфрасохтори пойтахти мамлакат ва суръат бахшидан ба таҷдиду азнавсозии роҳҳои дохилии хиёбону маҳаллаҳо, сохтмони пулҳо ва гузаргоҳҳои зеризаминӣ чораҳои зарурӣ андешида шуда истодааст.

Дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби Муассисаи давлатии «Раёсати сохтмон, азнавсозӣ ва таъмири роҳу кӯпрукҳои шаҳри Душанбе» дар 8 иншооти роҳсозӣ бо дарозии 19,0 километр,  дар 2 иншооти ирригатсионӣ бо дарозии 3,1 километр, дар 1 адад иншооти соҳилмустаҳкамкунӣ бо дарозии 3,3 километр ва дар сохтмони 32 адад истгоҳҳои нақлиётии замонавӣ бо маблағи умумии 84,5 миллион сомонӣ корҳо пешбинӣ шуда, иҷроиши он ба 87,5 миллион сомонӣ баробар гардидааст.

Қобили зикр аст, ки аз ҷониби Маркази татбиқи лоиҳаҳои таҷдиди роҳҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои сохтмонии роҳи автомобилгард аз муҷассамаи Абӯалӣ ибни Сино то дарвозаи ғарбии шаҳри Душанбе (эстакадаиқарияи боло) бо дарозии 4,2 километр ба анҷом расонида шуда, мавриди истифодабарӣқарор дода шуд.

Ҳамзамон, аз ҷониби Муассисаи давлатии «Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 2 иншооти роҳсозӣ бо дарозии 1,7 километр корҳои сохтмонӣ оғоз гардида, тибқи лоиҳа амалӣ шуда истодааст.

Боядқайд кард, ки бо ташаббусҳои Раиси шаҳри Душанбе дар доираи ҳамкориҳои судманд миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ҳиндустон аз ҳисоби маблағҳои грантии давлати Ҳиндустон лоиҳаи «Сохтмони роҳи автомобилгард аз Дарвозаи Ғарбӣ то маҳаллаи «Чортут»-и пойтахт, ки тарҳи муштараки Тоҷикистону Ҳиндустон маҳсуб меёбад, бо дарозии 9,2 километр ва паҳноии 40 метр бо маблағи 46,5 миллион доллари ИМА ба нақша гирифта шуда, корҳо дар ин самт оғоз гардидааст.

 



Илова кунед