Шарҳи мухтасари рушди иҷтимоию иқтисодӣ

ВАЗЪИ ДЕМОГРАФӢ

Ба ҳолати 1-уми апрели соли 2020 шумораи аҳолии доимии шаҳри Душанбе аз рӯи маълумотҳои пешакӣ ба 866 ҳазор 994 нафар расида, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1,9 фоиз зиёд гардидааст.

Тибқи маълумотҳои мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ба ҳолати 1-уми апрели соли 2020 дар шаҳри Душанбе 4098 нафар таваллуд шуда,  678 нафар фавтидаанд. Афзоиши табии аҳолӣ 3420 нафарро ташкил медиҳад.

 ВАЗЪИ ИҶТИМОИЮ ИҚТИСОДИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ ДАР НИМСОЛАИ ЯКУМИ СОЛИ 2020

(АХБОРОТИ САРРАЁСАТИ АГЕНТИИ ОМОРИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ) 

МОЛИЯ

Дар нимсолаи аввали  соли 2020 нақшаи контингенти умумии даромадҳо (бе назардошти андози иҷтимоӣ) ба маблағи 1355,4 миллион сомонӣ ё 100,2 фоиз иҷро гардид, ки ин нисбат ба нақша 2,7 миллион сомонӣ зиёд мебошад.

Қисми даромади буҷети маҳаллии шаҳри Душанбе аз рӯи воридоти андозу пардохтҳои ҳатмӣ 97,8 фоиз иҷро гардида, ба буҷет 900,1 миллион сомонӣ маблағ ворид шуд, ки ин аз нақшаи пешбинигардида 20,5 миллион сомонӣ кам аст.

Воридоти контингенти умумии андоз ва пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷети ноҳияҳои пойтахт, аз ҷумла ноҳияи И. Сомонӣ 100,0 фоиз ё ба маблағи 332,8 миллион сомонӣ, ноҳияи Шоҳмансур 100,0 фоиз ё ба маблағи 466,7 миллион сомонӣ, ноҳияи Фирдавсӣ 100,1 фоиз ё ба маблағи 178,5 миллион сомонӣ ва ноҳияи Сино 100,0 фоиз ё ба маблағи 365,1 миллион сомонӣ иҷро гардидааст.

Нақшаи қисми хароҷоти буҷети шаҳри Душанбе ба андозаи 91,6 фоиз иҷро гардида, ба соҳаҳои гуногуни иқтисодию иҷтимоии шаҳр 921,4 миллион сомонӣ равона карда шуд, ки ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 27,6 миллион сомонӣ кам мебошад.

Дар нимсолаи аввали соли 2020 ҳаҷми умумии маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои маблағгузорӣ бо нархҳои муқоисавӣ ба 1272,2 миллион сомонӣ баробар гардида, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 3,3 фоиз зиёд мебошад.

Ҳаҷми маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ дар моҳҳои январ - июни солҳои 2019 – 2020. Аз ҳаҷми умумии маблағҳои асосии азхудкардашуда 468,2 миллион сомонӣ ё 36,8 фоиз ба маблағгузориҳои давлатӣ, 645,8 миллион сомонӣ ё 50,8 фоиз ба маблағгузориҳои шахсӣ ва 158,2 миллион сомонӣ ё 12,4 фоиз ба сармояҳои хориҷӣ рост меояд.

 ХИЗМАТРАСОНИҲОИ КОММУНАЛИЮ МАНЗИЛӢ

Дар ин давра барои кам намудани талафоти оби нӯшокӣ дар истгоҳҳои обтаъминкунии КВД «Обу корези Душанбе» 68,0 миллион метри мукааб оби нӯшокӣ истеҳсол ва ба истифодабарандагон интиқол гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 0,8 миллион метри мукааб зиёд мебошад. Талафоти оби нӯшокӣ ба 31,9 миллион метри мукааб баробар гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1,1 миллион метри мукааб кам мебошад.

Аз ҷониби корхонаи мазкур ба истеъмолкунандагон ба маблағи 45,7 миллион сомонӣ оби нӯшокӣ интиқол дода шуда, ҷамъоварии маблағи он 40,1 миллион сомонӣ ё 87,7 фоизро ташкил намудааст. Аз ҷумла, ба аҳолӣ ба маблағи 22,4 миллион сомонӣ оби нӯшокӣ интиқол гардида, ҷамъоварии маблағи он 17,9 миллион сомонӣ ё 80,0 фоизро ташкил додааст.

САНОАТ

Дар моҳҳои январ-июни соли 2020 аз ҷониби 464 адад корхонаҳои саноатӣ новобаста аз шакли моликият ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 1192,0 миллион сомонӣ баробар гардид, ки суръати афзоиши он нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 96,1 фоизро ташкил дод.

Дар соҳаи саноати истихроҷи маъдан истеҳсоли маҳсулот ба 25,5 миллион сомонӣ ё 1,5 маротиба, саноати коркард 577,7 миллион сомонӣ ё 79,7 фоиз, таъминоти нерӯи барқ, газ, буғ, об ва тозакунии ҳаво 559,8 миллион сомонӣ ё 108,2 фоиз нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта таъмин гардидааст.

Дар нимсолаи аввали соли 2020 суръати афзоиши маҷмӯи маҳсулоти саноатӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта дар ноҳияҳои И. Сомонӣ – 92,7 фоиз, Шоҳмансур – 75,8 фоиз, Фирдавсӣ – 107,2 фоиз ва Сино – 96,5 фоизро ташкил додааст.

Дар ин давра ба афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ зиёдшавии истеҳсоли маҳсулотҳо дар соҳаи коркард, аз ҷумла коркарди чӯбу тахта ва истеҳсоли маҳсулот аз чӯб, фаъолияти табъу нашр ва коғаз 106,7 фоиз, истеҳсоли кимиёвӣ 2,1 маротиба, истеҳсоли таҷҳизоти барқӣ 1,7 маротиба ва истеҳсоли воситаҳои нақлиёт 7,6 маротиба мусоидат намуданд.

Дар нимсолаи якуми соли равон 101,1 ҳазор дона либоси мактабӣ ба маблағи зиёда аз 4,3 миллион сомонӣ истеҳсол гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта истеҳсоли он 7,6 фоиз зиёд мебошад.

Ҳаҷми маҳсулот дар анбори корхонаҳо бо инобати захираи маҳсулот аз соли қаблӣ ба маблағи 1203,7 миллион сомонӣ ба қайд гирифта шудааст, ки дар ин давра 1143,3 миллион сомонӣ ё  95,0 фоизи он ба фурӯш бароварда шудааст.

Содироти корхонаҳои саноатии шаҳри Душанбе дар ин давра ба 2,3 миллион доллари ИМА баробар шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 11,0 фоиз зиёд мебошад.

Дар ин давра дар шаҳр барои оғози фаъолият 12 адад корхонаю коргоҳҳои истеҳсолӣ бо таъсиси 454 адад ҷойҳои нави корӣ ба қайд гирифта шудааст.

 СОХТМОН

Дар давраи ҳисоботӣ бо истифода аз имкониятҳои молиявӣ барои иҷрои корҳои сохтмонӣ - васлгарӣ, лоиҳакашию муҳаққиқӣ ва бартарафкунии иншоотҳо дар ҳаҷми 310,9 миллион сомонӣ (барои корҳои сохтмону васлкунӣ 202,4 миллион сомонӣ, корҳои лоиҳакашӣ 784,3 ҳазор сомонӣ ва барои бартарафкунии иншоотҳо 107,7 миллион сомонӣ) маблағгузорӣ амалӣ шудааст.

Дар ин давра аз ҷониби муассиса дар 10 иншооти таъиноти гуногун корҳои сохтмонӣ - васлгарӣ, бахусус дар соҳаи манзил 1 иншоот, коммуналӣ 2 иншоот, маориф 1 иншоот, фарҳанг 3 иншоот ва дигар соҳаҳо 3 иншоот, инчунин дар 7 иншоот корҳои лоиҳакашию муҳаққиқӣ (дар соҳаи коммуналӣ 3 иншоот, фарҳанг 1 иншоот, тандурустӣ 1 иншоот ва дар дигар соҳаҳо 2 иншоот) дар ҳаҷми 118,3 миллион сомонӣ корҳо иҷро гардидааст.

Дар ин давра тибқи ҷадвали тасдиқгардида дар 12 иншоот корҳои сохтмонию васлкунӣ ва дар 3 иншоот корҳои лоиҳакашию муҳаққиқӣ бо маром идома доранд.   

Дар давраи ҳисоботӣ дар соҳаи маориф корҳои сохтмонӣ, таъмир ва азнавсозӣ дар 12 иншоот барои 13284 ҷойи нишаст дар як баст ба роҳ монда шудааст.

Аз ҷумла, аз ҳисоби Муассисаи давлатии «Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтмони 6 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ барои 6764 ҷой, аз тарафи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон 1 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ барои 1200 ҷой ва аз ҷониби соҳибкорон сохтмони 5 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ барои 5320 ҷой идома доранд.

Инчунин, дар ҳудуди ноҳияҳои пойтахт аз ҷониби соҳибкорону эҳсонкорон корҳои лоиҳакашии 8 муассисаи таълимӣ барои 6272 ҷойи нишаст дар як баст оғоз гардидааст.  

Дар ин давра сохтмони 12 муассисаи томактабӣ барои беш аз 2380 ҷой ва корҳои лоиҳакашии 9 муассисаи томактабӣ барои 1900 ҷой идома доранд.

Таҷдиду таъмири пули роҳи оҳан ва автомобилгард дар хиёбони Б. Ғафуров ва кӯчаи А. Ғуломов ба анҷом расида, корҳои сохтмонӣ дар мавзеи бунёди Боғи Истиқлол бо майдони «Истиқлол ва Озодӣ» ва дар кӯчаи Айнӣ аз бурриши кӯчаҳои Айнӣ ва А. Дониш то маркази савдои «Пайкар», инчунин азнавсозии кӯпруки автомобилгард дар хиёбони И. Сомонӣ идома доранд.

Дар давраи ҳисоботӣ дар кӯчаю хиёбонҳои шаҳри Душанбе сохтмони 25 адад истгоҳҳои нави замонавӣ дар заминаи истгоҳҳои мавҷуда амалӣ гардида истодааст.

Бо мақсади сазовор таҷлил намудани ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нақшаи чорабиниҳо оид ба амалӣ намудани  корҳои ободонию созандагӣ барои солҳои 2019-2021 дар шаҳри Душанбе тасдиқ гардида, дар доираи он аз ҷониби шахсони эҳсонкор ва ташкилоту муассисаҳо 4145 чорабиниҳои гуногун бахусус дар самти бунёди иншоотҳои иҷтимоию саноатӣ ва савдою хизматрасонӣ бо таъсиси беш аз 23,0 ҳазор ҷойҳои нави корӣ ба нақша гирифта шудааст.

Баҳри иҷрои Нақшаи чорабиниҳои мазкур дар нимсолаи аввали соли 2020 дар шаҳри Душанбе 740 чорабинӣ, аз ҷумла рангубори 391 адад биноҳо ва азнавсозии 77 адад нуқтаҳои партовпартоӣ амалӣ карда шуд, ки ин 40,1 фоизи иҷроиши нақшаи умумии чорабиниҳои соли 2020-ро ташкил медиҳад.

Ҷиҳати ба меъёрҳои шаҳрдорӣ мутобиқ намудани инфрасохтори пойтахти мамлакат ва суръат бахшидан ба таҷдиду азнавсозии роҳҳои дохилии хиёбону маҳаллаҳо, сохтмони пулҳо ва гузаргоҳҳои зеризаминӣ чораҳои зарурӣ андешида шуда истодааст.

Дар давраи ҳисоботӣ 8 иншооти роҳсозӣ бо дарозии 19,0 километр,  дар 2 иншооти ирригатсионӣ бо дарозии 3,1 километр, дар 1 адад иншооти соҳилмустаҳкамкунӣ бо дарозии 3,3 километр ва дар сохтмони 32 адад истгоҳҳои нақлиётии замонавӣ бо маблағи умумии 84,5 миллион сомонӣ корҳо пешбинӣ шуда, иҷроиши он ба 87,5 миллион сомонӣ баробар гардидааст.

 НАҚЛИЁТ

Дар моҳҳои январ – июни соли 2020 бо ҳама намудҳои нақлиёт 5016,2 ҳазор тонна бор кашонида шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 11,5 фоиз зиёд мебошад.

Дар ин давра бо нақлиёти автомобилии корхонаю ташкилотҳо новобаста аз шакли моликият ва нақлиётҳои шахсони воқеӣ, ки ба боркашонии тиҷоратӣ машғуланд 4654,4 ҳазор тонна бор кашонида шуд, ки 92,8 фоизи ҳаҷми умумии боркашониро бо ҳама намудҳои нақлиёт ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 9,5 фоиз зиёд мебошад. 

Дар давраи ҳисоботӣ бо ҳама намуди нақлиёт 133,4 миллион нафар мусофир кашонида шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи  соли гузашта ба 84,9 фоиз баробар мебошад.

Бо нақлиёти автомобилӣ (корхонаю ташкилотҳо новобаста аз шакли моликият, ки нақлиёти автомобилӣ доранд ва аз ҷониби соҳибкорони хусусӣ) дар ин давра 124,7 миллион нафар мусофир кашонида шудааст, ки нисбат ба ҳамин давари соли гузашта ба 83,7 фоиз баробар мебошад.

Бо мақсади беҳбуд бахшидани фаъолият дар самти  комплекси нақлиёти автомобилии мусофирбарӣ дар доираи қарорҳои дахлдори Раиси шаҳри Душанбе масъалаҳои хизматрасонӣ дар соҳаи мусофиркашонӣ ва танзими фаъолияти воситаҳои нақлиёти ҷамъиятию хусусӣ зери назорати роҳбарияти мақомот қарор дорад.

Дар шаҳри Душанбе хизматрасониҳо дар самти ҳамлу нақли мусофирон аз ҷониби 4 корхонаи коммуналии воҳиди давлатӣ, 16 ҷамъиятҳои хусусии нақлиётӣ ва 11 ширкати таксӣ  амалӣ гардида истодааст.

Ба сокинону меҳмонони пойтахт хизматрасонӣ тавассути нақлиёти истифодаи умуми автомобилӣ дар 83 хатсайрҳои мусофирбари ҷамъиятӣ, ки аз ин 26 адад автобусгард, 8 адад троллейбусгард ва 49 адад микроавтобусгард мебошанд, ба роҳ монда шудааст.

Дар хатсайрҳои шаҳрӣ ҳамарӯза то 355 адад автобус, 54 адад троллейбус, 1120 адад микроавтобуси сектори хусусӣ ва 1550 адад воситаи нақлиёти сабукрави таксӣ ба фаъолият сафарбар карда мешаванд.

Бо мақсади ҳамлу нақли мусофирон дар шаҳри Душанбе дар маҷмӯъ 3079 адад нақлиёти истифодаи умуми мусофирбар, аз ҷумла 559 адад нақлиёти мусофирбари корхонаҳои коммуналӣ, 2520 адад микроавтобусҳои сектори хусусӣ ва  воситаҳои нақлиёти сабукрави таксӣ фаъолият доранд.

Аз шумораи умумии воситаҳои нақлиёти мусофирбари корхонаҳои коммуналии шаҳр 64 адад автобусҳои тамғаи гуногуни «ISUZU», 299 адад тамғаи «AKIA», 40 адад тамғаи «ЛиАЗ», 29 адад тамғаи «ПАЗ», 2 адад тамғаи «Кинг-лонг», 4 адад тамғаи «SAZ», 29 адад микроавтобуси тамғаи «Газел» ва 92 ададро «Троллейбус» ташкил медиҳанд.

 САВДО

Дар моҳҳои   январ – июни соли 2020 ҳаҷми умумии гардиши савдо ба 4078,1 миллион сомонӣ баробар гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 9,5 фоиз зиёд мебошад.

Дар ин давра ба афзоиши ҳаҷми умумии гардиши савдо, ҳаҷми савдои яклухт 1076,7 миллион сомонӣ ё 106,9 фоиз ва савдои чакана ва таъмири автомобилҳо 3001,4 миллион сомонӣ ё 110,4 фоиз мусоидат намудааст.

Дар давраи ҳисоботӣ дар шаҳри Душанбе ҳаҷми хизматрасонии пулакӣ ба аҳолӣ дар ҳамаи соҳаҳои хизматрасонӣ ба 2770,8 миллион сомонӣ баробар гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта бо нархҳои муқоисавӣ 3,5 фоиз зиёд мебошад.

Дар сохтори хизматрасонии пулакӣ ба аҳолӣ саҳми корхонаҳои бахши давлатӣ ба 729,3 миллион сомонӣ ва бахши ғайридавлатӣ ба 2041,5 миллион сомонӣ баробар гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта мутаносибан 1,8 маротиба ва 89,9 фоизро ташкил медиҳад.

 ОБОДОНӢ

Дар давраи ҳисоботӣ як қатор корҳои назаррас дар соҳаи ободонӣ ва кабудизоркунии шаҳри Душанбе ба анҷом расонида шуд.

Дар мавсими ниҳолшинонӣ дар кӯчаю хиёбонҳо, боғҳои фарҳангӣ - фароғатӣ, шаҳраку маҳаллаҳо ва корхонаю ташкилотҳо ба миқдори 122,9 ҳазор бех дарахту буттаҳо, 11,4 миллион бех гулҳои мавсимии бисёрсола ва дар майдони 257,3 ҳазор метри мураббаъ майса корида шуд.

Аз ҷониби Комиссияи фавқулодаи зиддиэпидемиявии шаҳри Душанбе дар давраи пандемияи сирояти коронавируси COVID - 19 ташкил ва безараргардонии нуқтаҳои партовҷамъкунӣ бо моеъ ва хокаи хлор ба роҳ монда шуд.

Бо мақсади зиёд намудани навъи дарахтони нодир дар ин давра ба миқдори 6444 бех дарахтони ороишию сояафкан ва буттагӣ аз хориҷи кишвар ворид карда шуда, дар мавзеъҳои муқарраргардида шинонида шуд.

 НАРХ ВА ТАРИФА

Дар моҳи июни соли 2020 таваррум (нисбат ба моҳи декабри соли 2019) дар сатҳи 4,8 фоиз нигоҳ дошта шуд.

Ба болоравии сатҳи таваррум дар ин давра зиёд гардидани нархи молҳои ғайриозуқаворӣ 5,8 фоиз, хизматрасониҳо 1,1 фоиз ва молҳои озуқаворӣ 6,1 фоиз таъсир расонидааст.

Зиёд гардидани нархи маҳсулоти озуқаворӣ дар ин давра асосан аз ҳисоби баланд шудани нархҳои гӯшт ва маҳсулоти гӯштӣ - 103,1 фоиз, шакар - 103,3 фоиз, орди навъи якуми - 114,6 фоиз, макарон - 114,9 фоиз, биринҷ - 102,1 фоиз, картошка - 141,3 фоиз, меваҷот - 120,7 фоиз ва сабзавот - 113,7 фоиз ба амал омадааст. 

 ШУҒЛИ АҲОЛӢ, БОЗОРИ МЕҲНАТ ВА ҲИФЗИ ИҶТИМОӢ

Тибқи маълумотҳои фаврӣ ба ҳолати 1 июни соли 2020 аз ҳисоби ба кор даровардани иншоот ва баланд бардоштани иқтидорҳои истеҳсоливу хизматрасонии мавҷуда, дар корхонаю муассисаҳои шаҳр новобаста аз шакли моликият 7497 адад ҷойҳои корӣ таъсис ва барқарор карда шуд.

Дар нимсолаи аввали соли 2020 тавассути мусоидати мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ 3862 нафар шаҳрвандони бекор бо ҷойи кор таъмин карда шуданд, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 1750 нафар ё 31,1 фоиз кам мебошад.

Аз теъдоди умумии бокортаъминшудагон 2055 нафарро занон ташкил медиҳанд.

Бо мақсади омӯзиши касбу ҳунар 1244 нафар шаҳрвандони бекор ба курсҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзӣ сафарбар карда шуданд, ки ин нишондиҳанда 49,7 фоизи иҷроиши дурнамои Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолии шаҳри Душанберо ташкил медиҳад.

Аз шумораи умумии ба касбомӯзӣ фарогирифташудагон 1092 нафарро занон ташкил медиҳанд.

Касбомӯзии шаҳрвандон аз рӯи 19 намуди касбу ихтисосҳои гуногун роҳандозӣ гардидааст.

Ҳамзамон, дар заминаи маълумоти ҷамъовардашуда ҷиҳати паст намудани сатҳи бекорӣ дар ҳудуди шаҳри Душанбе
15 маротиба ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ ташкил ва баргузор карда шуд, ки тавассути он 335 нафар шаҳрвандони корҷӯй бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардиданд.

Бо мақсади дастгирии фаъолияти соҳибкории шаҳрвандони бекор дар ин давра ба 96 нафар шаҳрвандони бекор ба маблағи умумии 244,6 ҳазор сомонӣ кӯмаки молиявӣ расонида шуд.

Бо мақсади дастгирии табақаҳои осебпазири пойтахт ба оилаҳои камбизоат дафнпулӣ ба маблағи 81,8 ҳазор сомонӣ, ба кӯдакони то синни 16 сола, ки гирифтори бемории ВНМО мебошанд, ба маблағи 560,8 ҳазор сомонӣ ва бо ташаббуси роҳбарияти мақомот ба оилаҳои камбизоату ниёзмандон дар арафаи идҳо ба маблағи 9,7 миллион сомонӣ кӯмакҳои хайриявӣ расонида шуд. 

Дар шаҳри Душанбе дар давраи ҳисоботӣ шумораи нафақахӯрон ба 57765 нафар расидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1257 ё ин, ки 2,2 фоиз афзоиш ёфтааст.

Аз шумораи умумии нафақахӯрон 45530 нафарро нафақахӯрони меҳнатӣ ва 12235 нафарро нафақахӯрони иҷтимоӣ ташкил медиҳанд.

Талаботи маблағи нафақа бо назардошти андухти нафақавӣ ва кӯмакпулиҳо дар ин давра 145,7 миллион сомониро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1,1 миллион сомонӣ ё ин, ки 0,8 фоиз зиёд гардида, ба ҳисоби миёна ба як нафақахӯр 400,9 сомонӣ рост меояд.

 



Илова кунед