Мусиқӣ
Маданияти мусиқии Водии Ҳисор, ки пойтахти Тоҷикистон дар он воқеъ аст, таърихи қадим дорад. Дар ҷараёни ҳафриёти бостоншиносӣ баробари диг. осори ҳунарӣ, инчунин намунаҳои зиёди тасвирҳои рӯисафолии ромишгарон (а 1 то м.) ба даст омадаанд, ки далели гуфтаҳои болост.
Баробари дигар минтақаҳо маҳз дар ҳамин мавзеъ анъаноти бисёрасраи ташаккул ва рушди достони ҳамосии мусиқии тоҷикон – «Гуруғлӣ» сурат гирифтааст. Дар осори Абдурраҳмони Ҷомӣ, Зайнуддини Восифӣ, Камолиддини Биноӣ ва диг. манбаъҳои хаттии асрҳои миёна лавҳаҳои рангине роҷеъ ба ҳаёти вусъат-афзои мусиқии ноҳияҳои ҷан. Тоҷикистони ҳозира ба қалам дода шудаанд.
Ахбори бостонӣ ва ҷолибе оид ба вазъи рушди фарҳанги мусиқии тоҷикони Бухорои Шарқӣ дар рисолаҳои мусиқии донишмандони шарқ – Абунасри Форобӣ (875 – 950) ва Абӯалӣ Сино (980 –1037) хотирнишон шудаанд. Мас., Абунасри Форобӣ дар асари машҳураш «Китоб-ал-мусиқӣ-ал-кабир» («Китоби бузурги мусиқӣ») роҷеъ ба равиши ҷӯрсози (кӯки)-и танбур бо шеваи «кӯки бухороӣ» (дар муқобили «кӯки бағдодӣ») маълумот додааст.
Мусиқии мардумии тоҷикони ин водӣ аз лиҳози жанр ва сабк хеле рангин аст. Минтақаҳои ҷуғрофии гуногуни ҷумҳурӣ баробари диг. махсусиёти хеш ҳамчунин сабк ва гӯиши хосу нотакрори мусиқиро доранд.
Фарҳанги мусиқии ноҳияҳои марказӣ аз лиҳози ифода, сохтору танзими пардавию хусусиятҳои композитсионӣ, инчунин зарбу вазн, рангомезии созҳои мусиқӣ фарқ менамояд. Дар анъанаҳои сурудани онҳо ҳамоҳангию иртиботи умумии ифодаҳои пардавӣ бо мусиқии ноҳияҳои Бухорою Самарқанд ба назар мерасанд.
Чунон ки аз манбаъҳои хаттӣ бармеояд, дар Водии Ҳисор ҳанӯз а-ҳои 17 – 18 мақомхонони касбӣ – хонандагони «Шашмақом», ки ба ин водӣ дар ҳайати расмӣ ба сафарҳои ҳунарӣ меомаданд, эътибори хоса доштаанд.
Дар Душанбе ва атрофи он қариб ҳама соз-ҳои мусқии тоҷикӣ, аз ҷумла созҳои мусиқии манотиқи кӯҳистон маъмул буданд. Мас., соз-ҳои тутак, қӯшнай (даноӣ), ғижжак, думбурак, дутор, чанг, танбур, сетор, панҷтор, най, сурнай (меҳтар), карнай, рубоб, доира, таблак, қайроқ ва ғ. Рӯзҳои ҷашнҳои мардумӣ дар идгоҳҳо садои созҳои мусиқӣ танинандоз мегаштанд, дастаҳои анъанавии навозандагони халқӣ ҳунарнамоӣ мекарданд.
Ташаккули сабк ва анъанаи фарҳанги мусиқии кунунӣ то андозае ба ҷараён ва вазъи марзбандии ҷуғрофии мардумони Осиёи Марказӣ, ки с. 1924 ба вуқӯъ пайваст, вобастагӣ дорад. Дар ташаккулу рушди мусиқии муосири пойтахти давлати навини тоҷикон ҷамъоварӣ ва истифода аз арзишҳои асили мероси мусиқии ноҳияҳои марказӣ нақши муассире гузоштааст.
Махсусияти давраи навин аз фаъолияти пурбори ҳама табақаҳои ҷомеа, ба эҷодиёти бадеӣ сафарбар намудани нерӯҳои созандакори ҷавон, ҳамоҳангию иртиботи фарҳангии минтақаҳои гуногун, умумияту тавъамии эҷодиёти бадеӣ, аз ҷумла эҷодиёти мусиқӣ иборат буд.
Ҳофизону навозандагон, ҳунарпешаҳои театрҳои мардумӣ, дорбозон, бонувони созандаю сароянда дар пойтахт барномаҳои ҷолиб ташкил карда, бо ин роҳ одамонро ба санъат наз-дику қарин менамуданд.
Нахустин зуҳуроти санъати касбӣ, махсусан фарҳанги мусиқии навини пойтахт, домангустарии оҳангҳои инқилобию машҳур, аз қабили «Марселеза» аст, ки устод С. Айнӣ бо номи «Марши ҳуррият» ба он матни ҳамсони тоҷикӣ нигоштааст. Ин суруд рамзи ҷумҳурии навҷавон ва баёнгари нидои пойтахти нав – ш. Душанбе гашт.
Солҳои аввали бунёди пойтахт ромишгарони таҳҷоӣ дар якҷоягӣ бо дастаҳои консертии русӣ барномаҳо мегузоштанд. Ин анъанаи нек дар оянда асоси робитаю ҳамкории санъаткорони Русия ва ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна гардид. Мас., дар консертҳои «омехта», ки барои шаҳриёну сокинони деҳ таҳия мешуданд, нафақат санъаткорони рус, балки бо ном «дастаҳои мусиқии таҳҷоӣ» низ иштирок менамуданд ва ин баҳри тарғиби барномаҳои нав омили муҳим ба шумор мерафт.
Солҳои баъдӣ эҷодиёти ҳунармандони тоҷик дар заминаи оҳангҳои машҳури инқилобӣ сурат мегирифтанд. Аз ин лиҳоз метавон гуфт, ки солҳои баъди инқилоб санъати суруд дар пойтахт дар ҳамбастагӣ бо санъати суруди сермиллати шӯравӣ рушд намуда, дар баробари ин дар ҷараёни эҷоду иҷро махсусияти фардию миллиро маҳфуз доштааст.
Аз оғози сохтмони Ҳукумати Шӯравӣ дар Тоҷикистон баробари ба роҳ мондани омӯзиши мусиқӣ ба ҳифзи асолати осори миллии мусиқӣ низ диққати ҷиддӣ дода мешуд. Ибт. с-ҳои 20 а. 20 муҳаққиқи рус В. А. Успенский бори аввал дар баробари ҷамъоварӣ дар ш. Маскав адвори мусиқии «Шашмақом»-ро (бидуни матн) сабт намуд. Баъдан бисёр пажӯҳандагон ва мусиқишиносони рус ба Душанбе омада, дар ташкилу танзими тамаддуни мусиқии навини пойтахт саҳми арзанда гузоштанд. Дар ин ҷода хидмати мардумшиносону мусиқидонон ва омӯзгорон Н. Миронов, А. Листопадов, Н. Руднев, С. Баласанян, А. Ленский, С. Урбах, В. Шарф, Д. Айрапетянс, Ғ. Баҳор, Ҳ. Назаров, М. Калонтаров, А. Ардобус, Л. Карман, П. Мирошниченко, Э. Будневич ва диг. бузург аст. Бо иштироку роҳбарии бевоситаи онҳо дастаҳои шаклан наву мазмунан миллӣ таъсис ёфтанд.
Соли 1929 дар Душанбе Театри давлатии драма (баъдан Театри давлатии академии драмаи ба номи Лоҳутӣ) таъсис ёфт, ки труппаи эҷодии он с. 1934 ба ду шоха – драма ва мусиқӣ ҷудо шуд. Метавон гуфт, ки гурӯҳи мусиқӣ баъдтар асоси театри мусиқии тоҷик гардид.
Февр. с. 1931 дар Душанбе бори аввал дар таърихи фарҳангии тоҷикон Слёти якуми навозандагону сарояндагон ва раққосон баргузор гашт. Дар он аз ҳама мавзеъҳои ҷумҳурӣ ва маҳалҳои тоҷикнишини Осиёи Миёна (Самарқанду Бухоро) чеҳраҳои машҳури мусиқии мардумӣ ва устодони маъруф ширкат намуданд. Дар ин ҳамоиши мусиқӣ баробари Шоҳназар Соҳибови ҷавон, устоди бузурги «Шашмақом» – Домулло Ҳалим Ибодов низ ҳузур дошт. Ин ҳамоиши аввалини навозандагон дар Душанбе воқеан ҳам идомаи бузургтарин ҷашнворҳои ҳунарии баъдӣ – «Бӯстон», «Андалеб», Озмун-ҳои байналмилалӣ ва ғ. гардид.
Соли 1934 дар Душанбе Комбинати бадеӣ таъсис ёфт. Он с. 1937 ба мактаби мусиқиву балет, ки аз шӯъбаҳои созҳои мусиқии миллӣ, фортепиано, скрипка, виолончель, контрабас ва балет иборат буд, табдил дода шуд. Соли 1938 Филармонияи давлатии Тоҷикистон ташкил шуд ва дар ҳайати худ дастаҳои ҳунарии оркестри созҳои миллӣ (1937), ансамбли тарона ва рақси бонувони рубобӣ (1940), ансамбли тарона ва рақс (1940), баъдан оркестри симфониро муттаҳид намуд.
Соли 1937 дар пойтахт кабинети пажӯҳиши мусиқӣ ташкил шуд, ки вазифаи он аз ҷамъоварию сабти навории мероси мусиқӣ иборат буд. Ин кор ба ӯҳдаи оҳангсоз А. Ленский ва коргузори техникӣ Н. Зубков гузошта шуд. Осори мусиқие, ки онҳо ҷамъоварию сабт намуданд, с. 1941 дар маҷмӯаҳои «Мусиқии тоҷикон», «Мелодияҳои помирӣ» ба табъ расиданд.
Баъди қабули қарори ШКХ ҶШС Тоҷ. аз 1 июни с. 1939 «Оид ба вазъи санъат дар ҷумҳурӣ ва чораҳои инкишофи минбаъдаи он», дар бораи таъсиси Иттифоқи оҳангсозони Тоҷикистон сухан рафт. 9 янв. с. 1940 дар Душанбе Иттифоқи оҳангсозон таъсис ёфт, ки ба узвияти он А. Камолов, Ш. Бобокалонов, С. Баласанян (раис), А. Ленский, С. Урбах, Н. Пӯлодов, З. Шаҳидӣ, М. Волберг, Ф. Солиев шомил шуданд. С. Баласанян, С. Урбах ва А. Ленский дар атрофи худ ҷавонони соҳибистеъдоди маҳаллиро муттаҳид сохтанд. Зарур буд, ки барои театру дастаҳои ҳунарӣ сарояндагон ва барои мактабу омӯзишгоҳҳои пойтахт асарҳои мусиқии нав эҷод карда шаванд.
Таҳти роҳбарии оҳангсозони рус с. 1939 дар назди Иттифоқи оҳангсозони ҷумҳурӣ студияи оҳангсозон таъсис дода шуд. Вазифаи он тарбияи мутахассисон дар бахши мусиқии касбӣ буд.
Нимаи дуввуми с-ҳои 30 оҳангсозони тоҷик дар заминаи омӯзишу ҷамъбасти осори мусиқии шифоҳӣ жанру шаклҳои нави мусиқии касбӣ – опера, балет, пйесаҳо барои оркестри симфонӣ, оркестри созҳои миллӣ, асарҳои овозӣ (вокалӣ), суруду романсҳо эҷод намуданд.
Намоишномаи мусиқии С. Баласанян ва С. Урбах «Лола» (1939) бар пояи либреттои С. Саидмуродов воқеаи муҳими фарҳангии он давра буд. Соли 1939 нахустнамоиши операи аввалини тоҷик – «Шӯриши Восеъ» (С. Баласанян, либреттои М. Турсунзода, А. Деҳотӣ), ки воқеаҳои таърихии а. 19-и дар Балҷувон рухдодаро таҷассум сохтааст, баргузор гашт. Соли 1941 нахустнамоиши балети аввалини тоҷик – «Ду гул» (А. Ленский) сурат гирифт.
Ба пойтахт аз диг. мавзеъҳои ҷумҳурӣ эҷодкорон меомаданд. Шӯҳрату эътибори барномаҳои театрии пойтахт тавассути радио ба самъи омма расонда мешуд. Дар гуфторҳои радио навозандагону сарояндагони сокини Душанбе баромад менамуданд. Махсусияти ҳунари иҷросозии он солҳоро метавон дар истифодаи сабку равияҳои аврупоимонанд, ки ҳунармандон Т. Фозилова, Ҳ. Тоҳиров, А. Бобоева, Б. Тӯраев, А. Муллоқандов, Р. Ғолибова ва диг. пеш гирифта буданд, баррасӣ кард. Чунин тозаҷӯиҳо дар иҷроиши намоишномаҳои Театри опера ва балети ба номи С. Айнӣ (с-ҳои 40 пешкаши тамошобинон кардааст) низ ба мушоҳида мерасид.
Соли 1940 бо ширкати оҳангсоз Ф. Солиев, балетмейстер А. Протсенко ва диг. дар Душанбе ансамбли этнографии тарона ва рақси Помир таъсис дода шуд, ки баъдан ба яке аз мубаллиғони шоҳкориҳои мусиқии Бадахшон табдил ёфт.
Яке аз саҳифаҳои рангини ҳаёти мусиқии Душанбе омодагӣ ва дар пояи баланди сиёсию фарҳангӣ гузаронидани аввалин Даҳаи адабиёт ва санъати тоҷик дар Москва буд (апр. с. 1941). Бори аввал дар саҳнаи машҳури ҷаҳонӣ – Москва даста ва гурӯҳҳои ҳунарии касбию ғайрикасбии тоҷик ҳунарнамоӣ карданд. Беҳтарин осори ҳирфаию баландғояи театри тоҷик пешкаши тамошобинон гашт (мас., операи «Шӯриши Восеъ»). Ба сокинони Москва муяссар шуд, ки бо баргузидатарин дастовардҳои эҷодиёти бадеии тоҷикон дар солҳои сохтмони ҷомеаи нав ошно гарданд. Матбуоти Москва роҷеъ ба бурду бахти артистони тоҷик маводи ҷолиб нашр намуд.
Ба рушди минбаъдии санъат Ҷанги Бузурги Ватанӣ монеъ шуд. Даста, коллективҳои театрӣ ва мусиқии Душанбе барои дар рӯҳи ватанпарастӣ муттаҳид намудани мардум кӯшиш ба харҷ медоданд. Санъаткорони Душанбе гурӯҳ-ҳои махсуси сафарӣ ташкил дода, дар ақибгоҳ ва фронт баромад мекарданд. Дар эҷодиёти оҳангсозони тоҷик асарҳои ба мавзӯоти ҳарбию ватандӯстӣ бахшида мавқеи хоса касб карданд. Мазҳакаи С. Баласанян – «Розия» (бо ҳамкории З. Шаҳидӣ; 1942) меҳнати садоқатмандонаи занонро дар солҳои ҷанг тавсиф менамуд. Ин мавзӯъ дар драмаи мусиқии «Суруди ғазаб» (С. Баласанян, 1942) боз ҳам рангинтар тасвир шудааст. Дар ҳаёти фарҳангии он солҳо суруд-ҳои ҳарбию ватандӯстонаи оҳангсозон Ш. Бобокалонов («Дар набард», «Шамшери бурро»), Ф. Солиев («Ватан», «Қалъаи фӯлодин»), З. Шаҳидӣ («Тоҷикистон», «Иди Зафар», «Москва») ва ғ. мавқеи хоса пайдо карданд.
Солҳои ҷанг ба Душанбе чун дигар пойтахт-ҳои ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна аз шаҳрҳои фронтӣ муассисаҳои тиббӣ, илмӣ, ҳамчунин дастаҳои машҳури мусиқӣ (аз Ленинград) кӯчонида шуданд. Хоса ба Душанбе омадани Оркестри давлатии симфонии Филармонияи Украина воқеаи муҳим ба шумор мерафт. Оҳангсозони пойтахт ба эҷоди силсилаи асарҳои симфонӣ комёб шуданд. Баъдан ин осор баҳри рушди жанрҳои мусиқии симфонӣ заминаи мусоид фароҳам овард: «Марши симфонӣ»-и Ф. Солиев, сютаи «Дӯстии халқҳо»-и А. Ленский, «Сюитаи тоҷикӣ»-и М. Волберг ва ғ. Театри опера ва балет барномаи ҳунариашро аз осори оҳанг-созони тоҷик ва ҷаҳонӣ ғанӣ намуд.
Соли 1945 дар Душанбе боргоҳи таълими касби мусиқӣ – Омӯзишгоҳи мусиқӣ ба фаъолият оғоз намуд. Дар он шӯъбаҳои созҳои мусиқии мардумӣ, созҳои нафасӣ, созҳои камонӣ, фортепиано, дирижёрӣ – ҳамсароӣ (хор), композиторӣ (оҳангсозӣ) амал мекарданд. Ин таълимгоҳи ҳунар минбаъд бо яке аз мактабҳои асосии тарбияи мутахассисон табдил ёфт.
Соли 1946 дар Душанбе оҳангсози машҳур С. Юдаков дар ҳамкорӣ бо А. Лоҳутӣ Суруди Миллии ҶШС Тоҷикистонро эъҷод намуд, ки дар ҳаёти сиёсию фарҳангии мамлакат падидаи муассир буд. Суруди Миллӣ аз нояб. с. 1946 иҷро мегашт. Оҳанги он ҳифз шуд ва баъдан шоири мардумии Тоҷикистон Гулназар матни нави онро навишт.
Ҳаёти мусиқии солҳои ҷанг таҷассумгари рӯҳияи ватанхоҳӣ ва дӯстии пойдори мардуму халқиятҳои ҳамонвақтаи шӯравӣ буд. Беҳтарин суруди он солҳо «Иди Зафар»-и З. Шаҳидӣ мебошад, ки то имрӯз маъруф буда, нишонаи сипоси мардуми тоҷикро дар рӯзи Иди Ғалаба бар зидди фашизми Германия инъикос месозад. Сурудро дар Душанбе рӯзи Иди Ғалаба оҳангсоз З. Шаҳидӣ дар ҳамкорӣ бо шоир Б. Раҳимзода эҷод намудааст.
Дар ҳаёти фарҳангии Душанбе мусиқии сол-ҳои аввали баъдиҷангӣ низ нақши муҳим дорад. Барқарорсозии иқтисодиёт ва фарҳанг вусъат гирифт. Бо ташаббуси роҳбарони Тоҷикистон аз Самарқанду Бухоро ва Тошканд ба Душанбе устодону донандагони «Шашмақом» даъват мешаванд. Соли 1947 роҷеъ ба ҷамъоварию сабти дурдонаҳои мусиқии тоҷикон – «Шашмақом» қарор ба тасвиб расид. Донандагони номвари «Шашмақом» Б. Файзуллоев, Ш. Соҳибов ва Ф. Шаҳобов дар ҳамкорӣ бо оҳанг-соз И. Рогалский тӯли ду сол ба сабти навории мақомҳо машғул шуданд, ки баъдан барои дар ш. Маскав пурра ба табъ расонидани ин шоҳкории мусиқӣ (ҷ. 1 с. 1950 ба табъ расид) заминаи беҳамто шуд. «Шашмақом»-е, ки тӯли ҳазорсолаҳо дар марказҳои таърихию фарҳангии тоҷикон – Самарқанд, Бухоро, Хуҷанд ҷамъоварию дастраси ҷомеа шуда буд, дар пойтахти ҷавони Ҷумҳурии Тоҷикистон дубора эҳё гашт ва рӯи саҳна омад.
Дастовардҳои мусиқии солҳои пешин омили муҳиме барои рушду инкишофи фарҳанги солҳои баъдӣ шуданд. Яке аз он дастовардҳо нахустин балети миллии тоҷикӣ «Лайлӣ ва Маҷнун» (С. Баласанян) аст, ки с. 1947 ба саҳна омад (балетмейстер-таҳиягар Ғ. Валаматзода). Асар дар пешрафти санъати мусиқии рақсӣ нақши беҳамто гузошта, ба мукофоти олии мамлакат – Ҷоизаи давлатии ИҶШС мушарраф гардид.
Солҳои 1940 – 1950 а. 20 оҳангсозони пойтахт ба эҷоди мусиқии симфонӣ даст мезананд ва асарҳои ҷолиби камеравӣ меофаранд. Фаъо-лияти оҳангсозон дар офариниши суруд ҳам чашмрас аст. Мутахассисони маҳалӣ, ки дар донишгоҳҳои шаҳрҳои марказии Иттифоқ таҳсил карда буданд (оҳангсозон, балетмейстеру дириежёрон) дубора, ба Душанбе бармегаштанд.
Нимаи дуввуми с-ҳои 40 ва ибт. с-ҳои 50 бисёр асарҳои ҷолиб рӯи саҳна омаданд: операҳои «Арӯс» (А. Ленский, 1946), «Бахтиёр ва Нисо» (Баласанян, 1954), балетҳои «Дилбар» (А. Ленский, 1954), «Гилеми кабуд» (Н. Волберг, 1958) ва ғ. Дар арафаи Даҳаи адабиёт ва санъати тоҷик дар Москва (1957) оҳангсоз Ш. Сайфиддинов операи «Пӯлод ва Гулрӯ» (дар заминаи романи «Одамони ҷовид»-и Раҳим Ҷалил)-ро эҷод кард.
Барои оркестри симфонӣ низ асарҳо навишта шуданд: «Увертюра»-и А. Ҳамдамов (1958), достони «Хотираи Рудакӣ» (1958) ва консерт барои фортепиано ва оркестр (1955)-и Я. Сабзанов. Дар баробари ин асарҳои вокалию симфонӣ – кантатаҳои «Гулҳои Тоҷикистон» (Ш. Сайфиддинов; 1954), «Ба партия» (Ҷ. Охунов, 1960), «Шараф ба партия» (Я. Сабзанов) ва ғ. эҷод гаштанд.
Асарҳои камеравию овозӣ – суруду романсҳои оҳангсозон Ф. Шаҳобов («Суруди ман», «Бахту саодат»), З. Шаҳидӣ («Бубин», «Зи сӯзи сина»), Ш. Соҳибов («Дар ҳаваси рӯи ту»), А. Ҳамдамов («Дили ман»), романсҳои Ш. Сайфиддинов, Я. Сабзанов, Х. Абдуллоев ва диг. шӯҳрати хоса касб менамоянд. Ҳамчунин аввалин квартети созии Я. Сабзанов, Ҷ. Охунов, Ш. Сайфиддинов ба вуҷуд омаданд.
Дар ҳаёти фарҳангии Душанбе сафарҳои ҳунарии солистон ва дастаҳои лирикии мусиқии ҷумҳуриҳои дигар аҳамияти хос дошт. Коллективҳои мусиқии Русия, Украина, Белоруссия, Ӯ збекистон, Қазоқистону Тотористон ва ғ. меҳмони сокинони пойтахт шуданд. Дар саҳнаҳои Душанбе Ансамбли давлатии рақсии халқии ИҶШС таҳти сарварии И. Моисеев ва ансамбли «Березка» борҳо ҳунарнамоӣ карданд. Муддати чанд сол Оркестри симфонии филармонияи Ӯ збекистон таҳти роҳбарии М. Ашрафӣ ва А. Козловский ба Душанбе сафари ҳунарӣ дошт.
Дар саҳнаҳои Душанбе ҳунарнамоӣ кардани гурӯҳҳои эстрадӣ аз шаҳрҳои Москва, Ленинград, Рига, Боку, ҳамчунин устодони мусиқии эстрадӣ К. Шулженко, Р. Бейбутов, Л. Русанова ва диг. воқеаи хотирмон буд. Сафарҳои ҳунарии барандагони Ҷоизаҳои байналмилалии мусиқӣ (скрипканавозон) Е. Гилелс, Э. Грач, М. Ванман, пианинанавоз Ю. Муравлев, виолочелнавозон М. Хомисер, С. Растрапович ва диг. дар ҳаёти мусиқии пойтахт падидаи муассире ба шумор мерафт.
Соли 1976 дар Душанбе бори аввал сози арғунун насб шуд ва мутрибони ҷавон Я. Орифов ва Д. Валаматзода консертҳои нахустини хешро намоиш доданд. Дар маросими ифтитоҳи насби арғунун мутриби машҳури шӯравӣ Г. Гродберг бо консерти фардӣ ҳунарнамоӣ кард.
Ҷамъбасти раванди рушду шукуфоии фар-ҳанги тоҷик дар солҳои 50 а. 20 баргузории Даҳаи адабиёт ва санъати тоҷик дар ш. Москва (1957) буд, ки барномаҳои консертӣ ва театрӣ дар пояи хеле баланд намоиш дода шуданд.
Дар рушди мактабҳои фарҳангу ҳунар таҳаввулот рух дод. Мактабҳои мусиқии нав кушода ва заминаи моддии Омӯзишгоҳи мусиқии Душанбе мустаҳкам карда шуданд. Дар толорҳои Филармонияи давлатӣ тарғиби осори мусиқии симфонии ватанию муаллифони ғарб вусъат пайдо кард.
Санъати операвии тоҷик низ рӯ ба инкишоф мениҳад. Пешрафти он аз бисёр ҷиҳат ба фаъолияти дастпарварони донишгоҳҳои олии мусиқии мамлакат вобаста буд. Онҳо барои ҳайати эҷодии дастаҳои ҳунарӣ ва Театри опера ва балети пойтахт асарҳо эҷод менамуданд. Дар муддати кӯтоҳ барномаи Театри опера ва балети ба номи С. Айнӣ бо чунин намоишномаҳои З. Шаҳидӣ «Комде ва Мадан» (1960), «Ғуломон» (1980); С. Урбах «Домоди номдор» (1964); Я. Сабзанов «Бозгашт» (1967); С. Ҳамроев «Шерак» (1968); Д. Дӯстмуҳаммадов «Лаънаткардаи халқ» (1973), «Қишлоқи тиллоӣ» (1981; Ш. Сайфиддинов «Рудакӣ» (1976), «Айнӣ» (1980); балетҳои Ю. Тер-Осипов «Афсонаи кӯҳӣ», «Писари Ватан», Т. Шаҳидӣ «Марги судхӯр» ва ғ. ғанӣ гашт. Барои кӯдакон низ асарҳои саҳнавӣ – операҳои «Рӯбоҳи фиребгар»-и М. Цветаев (1960), «Хонаи заргӯшбибӣ»-и Д. Дӯстмуҳаммадов (1978), балетҳои «Оҳуи тиллоӣ»-и Г. Александров (1969), «Малыш ва Карлсон» (1978) ва «Винни Пух» (1981)-и Ю. Тер-Осипов ва ғ.офарида шуданд.
Соли 1967 нахустин телеопера – «Парасту» (Ф. Одинаев) рӯи саҳна омад. Ба эҷоди оперетта низ эътибор дода шуд: «Духтаре аз Душанбе» (З. Шаҳидӣ, 1967), «Дугонаҳо» (Д. Дустмуҳаммадов, 1993) ва ғ.
Тӯли он солҳо асарҳои зиёди симфонӣ, достонҳои вокалю симфонӣ, консертҳо барои соз-ҳо ва оркестр, увертюра, фантазия, лавҳаҳо эҷод шуданд, ки дар барномаи Оркестри симфонии Филармонияи давлатии Тоҷикистон мавқеи хоса касб карданд. Мас., достони симфонии «Қишлоқи тиллоӣ»-и Ш. Сайфиддинов (1962), «Ленин дар Помир»-и Ф. Одинаев (1965), ораторияи «Чароғони Норак»-и Я. Сабзанов (1970), симфонияи «Мубориза»-и А. Атоев (1966), достони симфонии «Мароқанд»-и Ф. Баҳор (1970), симфонияи дуввум барои оркестри торӣ ва литаври Д. Дӯстмуҳаммадов (1969), «Симфонияи мақомҳо»-и З. Шаҳидӣ (1976), симфонияҳои Ф. Одинаев, Ф. Баҳор. М. Цветаев, А. Солиев, Г. Александров, Ю. Мамедов, Қ. Яҳёев: «Хотираи Талбак Лолаев» (1976) ва диг.
Ҳаёти мусиқии Душанбе беш аз пеш ривоҷу равнақ ёфт. Гурӯҳу дастаҳои нави касбии ҳунарӣ ба арсаи эҷод омаданд: ансамбли рақсии «Лола» (1965; роҳбари бадеӣ Ғ. Валаматзода), ансамбли эстрадии «Гулшан» (1964; роҳбарони бадеӣ Л. Шарифова, М. Муравин, баъдтар О. Орифов). Соли 1964 дар назди Кумитаи давлатии радио ва телевизион ансамбли мақомхонон ташкил шуд, ки ба он Ф. Шаҳобов ва Ш. Соҳибов роҳбарӣ мекарданд. Соли 1967 дар пойтахт Даҳаи санъати рус баргузор гашт, ки дар он солистони Театри калони ИҶШС, консерваторияи Москва иштирок намуданд. Дар навбати худ дастаҳои ҳунарии Тоҷикистон дар Москва, Свердловск, Новосибирск, Горкий ва диг. шаҳрҳо бомуваффақият ҳунарнамоӣ карданд. Яке аз комёбиҳои чашмгири санъати тоҷик дар ин солҳо баргузор шудани даҳаҳои адабиёт ва санъати тоҷик дар Ӯ збекистон (1968), РСФСР (1969), РСС Литва (1970), РСС Қирғизистон (1976), ҷашнҳои 100-солагии В. И. Ленин (1970), 50-солагии таъсиси ИҶШС (1972), 30-солагии ғалабаи халқи шӯравӣ дар ҶБВ (1977) буданд.
Таи он солҳо самтҳои фаъолияти эҷодии муассисаҳои ҳунарӣ густариш ёфт. Соли 1973 дар заминаи факултаи санъати Донишгоҳи омӯзгории Душанбе Донишгоҳи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода таъсис ёфт. Он чор шӯъба дошт: хорсароӣ, дирижёрӣ, мусиқишиносӣ ва яккахонӣ. Бо кӯмаки устодону донишҷӯён роҷеъ ба ҳаёту фаъолияти устодони мусиқии (оҳангсозони) дирӯзу муосир маърӯзаю нишастҳо баргузор мешуданд.
Соли 1978 дар назди Кумитаи давлатии радио ва телевизиони РСС Тоҷ. дастаи нави рақсии «Зебо» (роҳбари бадеӣ З. Аминзода) таъсис ёфт. Солҳои 70 сарояндагони машҳур Г. Олейниченко ва М. Биешу ба Душанбе сафари ҳунарӣ намуданд; с. 1972 таҳти роҳбарии омӯзгор, хореографи машҳури шӯравӣ А. Мессерер дар саҳнаи Театри академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ «Класс-консертҳо» баргузор шуданд. Дар радифи устодони номвари мусиқии хориҷӣ метавон солисти Театри операи Бухарест З. Пал-ли ва прима-балеринаи Театри «Ла Скала»-и Милан Лилиан Лозиро ном бурд, ки борҳо меҳмони тамошобинони пойтахт шуда буданд.
Солҳои 80 – 90 а. 20 дар ҳаёти мусиқии Душанбе дигаргуниҳои куллӣ ворид намуданд. Дар Донишгоҳи санъати Тоҷикистон кафедраи мусиқии Шарқ ба фаъолият оғоз кард, ки дастпарварони он имрӯзҳо дар дастаҳои ҳунарии ҷумҳурӣ фаъолият доранд. Рӯи саҳна омадани гурӯҳ ва дастаҳои нави «Дарё» (1989; дар назди Кумитаи радио ва телевизион), «Ганҷина» (1989; Филармонияи давлатии Тоҷикистон) ва таъсиси Осорхонаи фарҳанги мусиқии ба номи З. Шаҳидӣ (1987) аз падидаҳои фарҳангии ҷолиби он солҳост.
Душанбе чун пойтахти Тоҷикистони соҳиб-истиқлол ба маркази гузаронидани ҷашнвора, симпозиум, конференсияҳои байналмилалии мусиқӣ табдил ёфтааст: Симпозиум ва фестивали байналхалқии мусиқии мардуми Шарқи Наздик ва миёна, ки ба ҷашни 1400-солагии Борбад бахшида шуд (дар он аз 30 мамлакат намояндагон иштирок доштанд; 1990); Конфронси ҷаҳонии «Масъалаҳои методологияи мусиқишиносӣ-ховаршиносии муосир» (1992); симпозиуми «Саҳми мардумони эронӣ дар рушди тамаддуни башарӣ: дирӯз ва имрӯз» (1992); Конфронси ҷаҳонӣ ва фестивали мусиқии «Тамаддуни мусиқии тоҷик дар оғози а 21: масоили рушд» (1999) ва ғ.
Дар конфронси охир баробари масъалаҳои дигар вазъи фарҳанги мусиқӣ, тарбияи мутахассисон ва муроҷиатнома ба Ҳукумати ҶТ роҷеъ ба таъсиси Консерваторияи миллӣ қабул шуд. Соли 2002 дар Душанбе Фестивали санъати тоҷик «Аржанг» (дар се рӯз 20 дастаи мусиқӣ баромад намуд) ва с. 2004 Фестивал-симпозиуми байналмилалии «Фалак ва анъаноти бадеии мардуми Осиёи Марказӣ» баргузор шуданд.
Оҳангсозон эҷоди асарҳоро вобаста ба имконоту фаъолияти театрҳо ва дастаҳои мусиқӣ идома медиҳанд. Соли 1999 ду опера – «Шоҳ Исмоил»-и Т. Шаҳидӣ ва «Рустам ва Сӯҳроб»-и Т. Сатторов, ки ба ифтихори 1100-солагии Давлати Сомониён бахшида шуданд, рӯи саҳна омад. Оҳангсозон беш аз ҳама ба жанрҳои кантатаю оратория рӯ меоваранд. Бархе аз ин асарҳо баробари манзури ҷомеа шуданашон, инчунин дар барномаҳои театрӣ мавқеи хоса касб карданд, мас. ораторияи Ф. Одинаев «Аҳура Маздо», (1995), кантатаи Т. Сатторов «Самои бахт», (2001), асар барои хор ва оркестри симфонии Д. Дӯстмуҳаммадов «Чароғи Сомон» (1999), «Бародарӣ» (1999) ва ғ.
Таснифи суруди (гимни) миллии «Суруди анҷумани тоҷикони ҷаҳон», ки Д. Дӯстмуҳаммадов ба ифтихори Форуми ҷаҳонии тоҷикону форсигӯёни дунё иншо намудааст, аз дастовард-ҳои назарраси солҳои охири оҳангсозони Тоҷикистон ба шумор меравад.
Ба жанри дигари маъмули мусиқӣ – суруд низ таваҷҷӯҳ бештар гашт. Дар ҷараёнӣ эҷод ҳисси масъулият нисбат ба интихоби шеър ва арзишҳои волои мусиқӣ боло рафт: сурудҳои Х. Ниёзӣ «Ман барои ту ба дунё омадам», «Ёди ошно» (шеъри Гулрухсор); Т. Сатторов «Ишқи ман» (шеъри Гулрухсор), «Нигоҳ кун» (шеъри Ф. Фаррухзод), «Табассуми сулҳ» (шеъри М. Фарҳат); А. Мусоев «Хуш омадӣ» (шеъри Ҳ. Нозирӣ), «Модар» (шеъри Меҳринисо); Қ. Ҳикматов «Суруди арӯсӣ» (шеъри О. Азимӣ); «Суруди ваҳдат» (шеъри О. Азимӣ), С. Билолов «Суруди садоқат» (шеъри К. Олим) ва ғ. Барои соз-ҳо ва оркестр низ чандин консертҳо эҷод шуд: Т. Шаҳидӣ «Консертҳои фортепианоӣ» (1991, 1998), Ф. Баҳор (2002), Т. Сатторов «Барои рубоби бам» (1991), «Достони рӯъёҳо» (достон-фантазия) барои скрипка, З. Миршакар «Барои оркестри камерӣ ва литавра» (1991), А. Мӯсоев «Достонмақом» (барои скрипка ва оркестри камерӣ; 2000) ва ғ. Аз ҷониби оҳангсозон ҳамчунин бахшида ба 80-солагии Душанбе ҳамчун пойтахт асарҳои ҷолиби симфонию вокалӣ эҷод гардиданд: Х. Абдуллоев, Ш. Сайфиддинов, Ф. Одинаев, Т. Шаҳидӣ, Т. Сатторов, Қ. Ҳикматов, А. Низомов, З. Нишонов, А. Солиев ва диг.
Соли 2000 ансамбли тарона ва рақси «Сомон» таъсис ёфт, с. 2001 ба ансамбли «Шашмақом»-и Кумитаи давлатии радио ва телевизиони назди Ҳукумати ҶТ мақоми «Ансамбли давлатӣ» дода шуд ва бо фармони Президенти ҷумҳурӣ 12-май «Рӯзи Шашмақом» эълон гашт. Ҳамон сол ансамбли давлатии «Фалак» таъсис ёфт. Ҳоло дар Душанбе дастаҳои ҳунарии «Сомон», «Ганҷина», «Дарё», «Лола», «Зебо», «Чаман» (бонувони рубобӣ) ва ғ. эҷоду ҳунарнамоӣ мекунанд. Соли 2003 бо фармони Президенти ҷумҳурӣ дар заминаи факултаи сарояндагии Донишгоҳи санъати Тоҷикистон Консерваторияи миллӣ таъсис дода шуд.
Тӯли даҳ соли охир дар Душанбе гурӯҳу дастаҳои машҳури мусиқӣ, сарояндагони номии кишварҳои муштаракулманофеъ ва хориҷӣ меҳмон шуданд: И. Кабзон, Ш. Ҷӯраев, Ю. Усмонова, Н. Абдуллоева, Шаҷариён, Саттор, Аҳдия, Андӣ ва диг., дастаҳои «Ялла», «Блестящие» ва ғ.
Соли 2004 дар пойтахт бахшида ба ифтихори рӯзҳои фарҳангу ҳунари Русия ва Қирғизистон ҷашнвораҳои зиёди мусиқӣ баргузор гаштанд. Баромади оркестри камеравии машҳури Русия таҳти роҳбарии Э. Грач ва оркестри академии созҳои миллии Қирғизистон аз муҳимтарин рӯйдодҳои фарҳангии Душанбе буданд.
Маи с. 2004 толори нави консертии Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба истифода дода шуд. Дар он барои ҳунарнамоии дастаҳои касбии мусиқӣ тамоми имкониятҳо фароҳам оварда шудаанд.
Гузаронидани моно-фестивалҳо бо ширкати пианинонавози машҳури рус, зодаи Душанбешаҳр З. Шкарупа ба ҳукми анъана даромадааст. Ҳар сол дар Душанбе озмуни «Суруди сол» гузаронида мешавад, ки дар он дастаҳои машҳури эстрадии пойтахту ноҳияҳои ҷумҳурӣ ширкат менамоянд.
Имрӯз Душанбе воқиан ҳам ба маркази мусиқии кишвар табдил ёфтааст. Дар ин ҷо дастаҳои машҳури мусиқӣ фаъолият доранд: оркестри симфонӣ, оркестри созҳои миллӣ, ансамблҳои мақомхонону фалаксароён, ҳамчунин Иттифоқи оҳангсозон, осорхонаҳои мусиқии Г. Завқибеков, З. Шаҳидӣ ва ғ. Соли 2003 дар пойтахт ҳайати нави мусиқӣ–Оркестри симфонӣ-эстрадӣ (Вазорати фарҳанги ҶТ), инчунин гурӯҳи нави мусиқии ананавӣ – «Гулбонг» таъсис ёфтанд.