Тақсимоти вазифаҳо

ТАҚСИМОТИ

вазифаҳо байни муовини якум, муовинони Раиси шаҳр

 ва роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе

 

Қурбонзода Амирхон Файзулло

муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе

Барои татбиқи Нақшаи генералии шаҳр ва тақвияти ислоҳоту дигаргунсозиҳо дар соҳаҳои замин, сохтмон, роҳсозӣ, хизматрасонии коммуналӣ дар ҳамкорӣ бо раисони ноҳияҳои шаҳр, мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ, сохторҳои нигоҳдорӣ ва идоракунии биноҳои бисёрхонагӣ оид ба истифода, ободонию нигоҳдории фонди манзилу шабакаҳои муҳандисии он, фаъолияти самараноки системаҳои обтаъминкунию корезӣ, каналу селпартоҳо ва татбиқи лоиҳаи обтаъминкунӣ, ҷалби инвеститсияҳои ватанию хориҷӣ ва ташкили ҷойҳои нави корӣ дар соҳаҳои сохтмону хизматрасониҳои коммуналӣ ва мубориза бо коррупсия дар соҳаҳои зикршуда, ҳамоҳангсозии кори мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳри Душанбе дар таъмин намудани волоияти қонун, қонуният, тартибот, амният, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд дар доираи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ҳалли масъалаҳои ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи гражданӣ, муҳофизат аз сӯхтор ва тадбирҳои зидди обхезӣ масъул мебошад.

Сарпарастӣ ва ҳамоҳангсозии фаъолияти Раёсати сохтмон ва хизматрасониҳои коммуналии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, Кумитаи идораи замини шаҳри Душанбе, Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозӣ, Раёсати назорати давлатии меъморӣ-сохтмонӣ, муассисаҳои давлатии Раёсати сохтмони асосӣ, Раёсати сохтмон, азнавсозӣ ва таъмири роҳу кӯпрукҳо, Раёсати ҳисоби хоҷагии баҳисобгирӣ ва тақсимоти манзили шаҳри Душанбе, корхонаҳои воҳиди давлатии «Роҳсоз», «Обу корези Душанбе», «Сохтмони манзили дастрас», «Ободонӣ», «Партовгоҳи партовҳои сахти маишӣ», «Нуқтаи гӯркунии партовҳои радиатсионӣ», Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотӣ ва лоиҳакашии «Душанбе-шаҳрсоз», баҳодиҳӣ (нархгузорӣ), Корхонаи фаръии бақайдгирии молу мулки ғайриманқул дар шаҳри Душанбе, Муассисаи давлатии Раёсати «Обёрӣ», лоиҳаҳои обтаъминкунии шаҳри Душанберо ба уҳда дошта, бо раёсатҳои Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар шаҳри Душанбе, шуъбаи дуюми Раёсати оперативӣ-ҷустуҷӯии Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба шаҳри Душанбе, Хадамоти давлатии оташнишонии шаҳри Душанбе ва Ситод оид ба ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании шаҳри Душанбе ҳамкорӣ менамояд.

Фаъолияти комиссияҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе оид ба масъалаҳои пешниҳод ба мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, номгузории кӯчаҳо, додани иҷозат барои гузаронидани корҳои муҳандисию коммуникатсионӣ ва тақсимоти манзилро мусоидат мекунад.

 

МУИНӢ Мавсума Муинзода

муовини Раиси шаҳри Душанбе

Барои густариш ва тақвияти ислоҳоту дигаргунсозиҳо, амалӣ намудани барномаҳои қабулгардида дар соҳаҳои  маориф, тандурустӣ, фарҳанг, кор бо занон ва оила, ҷавонон ва варзиш, рушди сайёҳӣ, ҳуқуқи кӯдак, танзими анъана ва ҷашну маросими миллӣ, масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд, дин ва озодии виҷдон, тарғибу ташвиқи ҳама самтҳои фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе тавассути воситаи ахбори омма, ташкил ва сарпарастӣ намудан ба ҳама гуна чорабиниҳои фарҳангӣ, ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ вобаста ба масъалаҳои иҷтимоӣ, ҷалби инвеститсияҳои ватанию хориҷӣ мусоидат ба ташкили ҷойҳои корӣ дар соҳаҳои иҷтимоӣ, муқовимат ба коррупсия, ҷинояткорӣ, ҳама гуна ҳуқуқвайронкуниҳо дар соҳаи иҷтимоӣ масъул мебошад.

Ба Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷӣ, шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, Сарраёсати маориф, Раёсати тандурустӣ, Раёсати фарҳанг, Раёсати кор бо занон ва оила, шуъбаи корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросим, шуъбаи рушди сайёҳӣ ва бахш оид ба ҳуқуқи кӯдаки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, муассисаҳои давлатии «Маркази минтақавии хизмати иҷтимоӣ ба нафақахӯрон ва маъюбони шаҳри Душанбе», «Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳри Душанбе», «Рекламаи берунӣ ва ороиши шаҳри Душанбе», «Маҷмааи тандурустии «Истиқлол», «Аҳорун», театри намунавӣ минётурии «Оина», «Маркази худшиносии бонувон», «Маркази дӯстии Интернет-кафе», «Рӯзномаи Паёми Душанбе», «Телевизиони Душанбе», «Раёсати кор бо мактабҳо ва иншооти варзишӣ», «Театри таҷрибавии тамошобини ҷавонон ба номи М.Қосимов», Китобхонаи марказонидашуаи шаҳрии ба номи А.Лоҳутӣ, корхонаҳои воҳиди давлатии «Қасри теннис», «Маркази ҷавонон» сарпарастӣ намуда, фаъолияти Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе, шуъбаи Хадамоти давлатии ташхиси тиббию иҷтимоии шаҳри Душанбе, шуъба – хонаи ақди никоҳи шаҳри Душанбе, Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнатро ҳамоҳанг намуда, назорат менамояд.

Ҳамкории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанберо бо ҳизбҳои сиёсӣ ба роҳ мемонад.

Ба шӯроҳои рушди соҳаи маориф, ҳамоҳангсозӣ дар соҳаи   тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, комиссияҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе оид ба омодагӣ ва муташаккилона баргузор намудани мавсими «Ҳаҷ», оид ба муқовимат ба савдои одамон, ҳуқуқи кӯдак, оид ба татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» роҳбарӣ намуда, ба фаъолияти шӯроҳои маҳаллии кор бо ҷавонон, ҳамоҳангсозии фаъолият дар соҳаи сайёҳӣ дар шаҳри Душанбе, Комиссияи танзими анъана ва ҷашну маросими мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе  мусоидат менамояд.

 

ГУРЕЗЗОДА Умед

муовини Раиси шаҳри Душанбе

Ба густаришу тақвияти ислоҳоту дигаргунсозиҳои мухталиф дар соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ, ҷалби инвеститсияҳои хориҷиву дохилӣ, татбиқи барномаҳои мақсаднок оид ба мубориза бо коррупсия, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, шуғли аҳолӣ ва паст кардани сатҳи камбизоатӣ, хусусигардонии моликияти коммуналӣ масъул буда, пардохти саривақтии музди меҳнат, нафақапулию ҷубронпулиҳое, ки қонунгузорӣ муайян намудааст, таъини нафақа барои хизматҳои махсус дар рушду нумӯи шаҳри Душанберо таъмин менамояд ва бо сохторҳои марбутаи кредитӣ-молиявӣ, инвеститсионӣ, андоз ва гумрук, дастгирию рушди соҳибкорӣ, савдою хизматрасонӣ, новобаста аз шакли моликияташон ҳамкории судмандро амалӣ менамояд.

Сарпарастӣ ва ҳамоҳангсозии фаъолияти Раёсати иқтисод, молия ва ояндабинии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, шуъбаи ҳифзи иҷтимоии аҳолии мақомоти иҷроияи хокимияти давлатии шаҳри Душанбе, раёсатҳои сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, рушди иқтисод ва савдо, Муассисаи давлатии «Душанбе-Плаза», корхонаҳои воҳиди давлатии «Меҳмонхонаи Душанбе», «Бозори Саховат», «Бозори Деҳқон», «Оид ба истеҳсол, харид, захира ва фурӯши маҳсулоти ниёзи аввалия дар шаҳри Душанбе», Сарраёсати молияи шаҳри Душанбе, раёсатҳои Агентии давлатии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба шаҳри Душанбе, Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии шаҳри Душанбе, шуъбаҳои Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии шаҳри Душанбе, стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдо, Маркази дастгирӣ ва рушди соҳибкорӣ дар шаҳри Душанбе, шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳри Душанбе, Раёсати Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳри Душанбе (бобати назорати сифат ва мутобиқати маҳсулот ба меъёрҳои санитарию эпидемиологӣ ва байторӣ дар бозорҳои истеъмолии шаҳр), инчунин Комиссариати ҳарбӣ ва Ташкилоти мададгори мудофиа (вобаста ба масъалаҳои даъват ба хизмати ҳарбӣ)  ба уҳда дорад.

Комиссияи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе оид ба мусоидат ба шуғли аҳолӣ ва даъват ба хизмати ҳарбиро роҳбарӣ менамояд.

Сарпарастии ноҳияи Синоро оид ба ҳаллу фасли масъалаҳо ва тадбирҳои сатҳи шаҳрию ноҳиявӣ ба амал мебарорад.

 

ОДИНАЗОДА Дилшод Нурулло

муовини Раиси шаҳри Душанбе

Барои густаришу тақвияти ислоҳоту дигаргунсозиҳои мухталиф, воридоти инвеститсия ва ташкили ҷойҳои нави корӣ дар субъектҳои соҳаҳои энергетикаю саноат ва истеҳсолот, муқовимат ба коррупсия ва ҳар гуна ҳуқуқвайронкуниҳо дар ин самт масъул мебошад.

Сарпараст ва ҳамоҳангсози фаъолияти шуъбаи энергетика ва саноати дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, муассисаҳои давлатии «Шабакаҳои гармидиҳандаи шаҳри Душанбе», «Равшании Душанбешаҳр», Корхонаи воҳиди давлатии «Гулдастон», ҷамъиятҳои саҳомии кушодаи «Душанбегаз», «Шабакаҳои барқии шаҳри Душанбе», Раёсати назорати давлатии энергетикии шаҳри Душанбе, «Маркази истеҳсоли барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе» мебошад.

Ба фаъолияти комиссияҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанберо дар самтҳои марбут ба соҳаи энергетика ва саноат, мусоидат мекунад.

Сарпарастии ноҳияи Шоҳмансурро оид ба ҳаллу фасли масъалаҳо ва тадбирҳои сатҳи шаҳрию ноҳиявӣ ба амал мебарорад.

Дар ҳолати набудани ӯ ваколатҳои хизматиаш ба зиммаи яке аз муовинони Раиси шаҳри Душанбе тибқи супориши Раиси шаҳри Душанбе вогузор карда мешавад.

 

САИДЗОДА Фирдавс Ҳамро

муовини Раиси шаҳри Душанбе

Барои густаришу тақвияти ислоҳот ва дигаргунсозиҳо  дар соҳаи нақлиёт, алоқа, истифодабарии роҳҳо, ҷалби инвеститсияҳои ватанию хориҷӣ ба ин соҳаҳо, ташкили ҷойҳои нави корӣ, ҳифзи меҳнат ва пардохти саривақтии музди меҳнат ва муқовимат ба коррупсия, ҷинояткорӣ ва ҳар гуна ҳуқуқвайронкуниҳо дар соҳаҳои болозикр масъул мебошад.

Ба шуъбаи нақлиёти дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, Муассисаи давлатии коммуналии «Душанбенаклиётхадамот-расон», корхонаҳои воҳиди давлатии «Автобус-1», «Автобус-2», «Автобус-3», «Троллейбус», Гурӯҳи татбиқи лоиҳаи «Рушди нақлиёти  истифодаи умуми шаҳри Душанбе» сарпараст ва бо шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии Раёсати Вазорати корҳои дохилии  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, Раёсати хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёти шаҳри Душанбе, Шабакаҳои телефонии шаҳри Душанбе ва сохторҳои марбутаи ҷумҳуриявӣ баҳри таъмини фаъолияти самаранокашон ҳамкорӣ менамояд.

Ба фаъолияти комиссияҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар самтҳои марбут ба соҳаи нақлиёт ва коммуникатсия мусоидат мекунад.

Сарпарастии ноҳияи Фирдавсиро оид ба ҳаллу фасли масъалаҳо ва тадбирҳои сатҳи шаҳрию ноҳиявӣ ба амал мебарорад.

 

РАҲИМЗОДА Толиб Карим

муовини Раиси шаҳри Душанбе

Барои густаришу тақвияти ислоҳоту дигаргунсозиҳои мухталиф дар соҳаҳои ободонию кабудизоркунӣ, боғҳои фарҳангию фароғатии шаҳр, ҷалби инвеститсияҳои ватанию хориҷӣ, ташкили ҷойҳои нави корӣ, муқовимат ба коррупсия, ҷинояткорӣ ва ҳар гуна ҳуқуқвайронкуниҳо дар соҳаҳои ҳифзи табиат ва ободонӣ масъулият дорад.

Ба шуъбаи ободонӣ ва кабудизоркунӣ, Корхонаи воҳиди давлатии таҷрибавии илмию истеҳсолии «Сабзкорӣ», муассисаҳои давлатии «Нигоҳдорӣ ва истифодабарии иншоотҳо», «Наврӯзгоҳ», «Боғи ҳайвонот», «Боғи фарҳангию фароғатии Айнӣ», «Боғи фарҳангию фароғатии «Дӯстии халқҳо», «Боғи фарҳангию фароғатии «Кули ҷавонон»,Боғи фарҳангиву фароғатии «Ҷавонон», «Боғи «Ғалаба» ва нигоҳдории ҷангал» ва Муассисаи давлатии «Боғи фарҳангию фароғатии   «Хайём»,   «Раёсати оромгоҳҳо», Раёсати ҳифзи муҳити зисти шаҳри Душанбе, Раёсати назорати давлатии байтории шаҳри Душанбе сарпарасти намуда ва дар амали сохтани вазифаҳои ба зиммадоштаашон мусоидат менамояд.

Комиссияҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанберо дар самтҳои марбут ба ободонию кабудизор-кунӣ роҳбарӣ мекунад.

Сарпарастии ноҳияи Исмоили Сомониро оид ба ҳаллу фасли масъалаҳо ва тадбирҳои сатҳи шаҳрию ноҳиявӣ ба амал мебарорад.

 

САИДЗОДА Тоҷиддин Ниёз

роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе

Таъминоти иттилоотию таҳлилӣ, ташкилию ҳуқуқӣ, моддию молиявӣ ва техникии фаъолияти Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе ва Раиси шаҳри Душанберо амалӣ мегардонад.

Роҳбарии ҳамаи сохторҳои дастгоҳи Раиси шаҳри Душанберо амалӣ менамояд, банақшагирии фаъолият, ҷорӣ намудани низоми мураттаби кор, интизоми меҳнат ва назоратро таъмин намуда, вазифаҳои зеринро ба уҳда дорад:

- супоришҳои Раиси шаҳри Душанберо ба муовинони ӯ мерасонад, иҷрои онро назорат ва талаб менамояд.

- ҳамоҳангсозии фаъолияти раёсатҳо, шуъбаву бахшҳо, кори комиссияҳоро бо мақомоту сохторҳои дахлдор таъмин месозад;

- ба раёсатҳо, шуъбаҳо, бахшҳо ва кормандони дигари дастгоҳ супоришҳо медиҳад ва иҷрои онҳоро талаб мекунад;

- дар доираи ваколатҳои аз ҷониби Раиси шаҳри Душанбе вогузошта шартномаҳо, аз ҷумла қарордодҳои меҳнатиро бо мутахассисон, кормандони ҳайати техникӣ ва хизматрасон ба имзо мерасонад;

-  лоиҳаи сохтори дастгоҳ ва басти вазифаҳоро аз рӯи сохтор ва лимити шумораи ниҳоии хизматчиёни давлатии мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатӣ дар доираи муқаррар-намудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва барои тасдиқ ба Раиси шаҳри Душанбе пешниҳод менамояд;

- тадбирҳои интихоб, тарбия ва ҷобаҷогузории кадрҳоро мутобиқи қонунҳои амалкунанда дар мувофиқа бо Раиси шаҳри Душанбе ба анҷом мерасонад;

- захираи кадрҳо, бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси онҳо, пешбурди номгӯи мансабҳое, ки таъин ва озод намудани онҳо бевосита аз ҷониби Раиси шаҳри Душанбе ё бо мувофиқа ва розигии вазорату идораҳои дахлдор амалӣ мегардад, ташкил менамояд;

- хизматчиёни граждании (ҳайати техникӣ ва хизматрасонӣ) дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанберо бо қарордод ё тибқи фармоиши худ ба вазифа таъин ва аз вазифа озод менамояд;

- ҷиҳати тасдиқ ба Раиси шаҳри Душанбе лоиҳаи Низомнома дар бораи раёсатҳо, шуъбаҳою бахшҳо ва дастурамалҳои мансабии хизматчиёни давлатӣ ва коргузории дастгоҳро пешниҳод менамояд;

- назорати иҷрои талаботи муқарраргардидаро дар мавриди ҳавасмандгардонӣ, аз ҷумла пешниҳод ба мукофотҳои давлатӣ ва татбиқи ҷазои интизомиро таъмин мекунад;

- гузаронидани аттестатсияи хизматчиёни давлатии дастгоҳ, санҷиши фаъолияти раёсат, шуъба ва бахшҳоро таъмин менамояд;

- барои хизматчиёни давлатии дастгоҳ шароити зарурии меҳнатӣ ва моддию маиширо фароҳам меоварад;

- қабули шаҳрвандон аз ҷониби Раис, муовинони ӯ ва  таъмини назорати дахлдор оид ба баррасии муроҷиатҳоро амалӣ месозад;

- ташкили таҳияи лоиҳаи қарору амрҳои Раиси шаҳри Душанбе, лоиҳаи қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, манзури онҳо ба Раиси шаҳр ва баъди имзои санадҳо инъикоси онҳоро тавассути воситаҳои ахбори оммаи маҳаллӣ ба роҳ мемонад;

- таъмини иҷрои санадҳои Маҷлиси вакилони халқ ва Раиси шаҳри Душанбе, инчунин супоришҳои ӯро ташкил ва назорат мекунад;

- тибқи тартиби муқараргардида ташкил намудани ҳуҷҷат-гузорӣ, ба расмият даровардани қарору амр, инчунин расонидани дастуру супоришҳои Раиси шаҳри Душанберо ба иҷрокунандагон ва шахсони мансабдор расонида, назорати иҷрои онҳоро таъмин месозад;

- фаъолияти мураттаби комиссияҳои доимиву муваққатии Маҷлиси вакилони халқро омӯхта, барои таҳияи ҳуҷҷатҳои ба баррасии иҷлосия пешниҳодшаванда мусоидат намуда, онҳоро манзури Раиси шаҳри Душанбе месозад;

- маърӯзаҳо, ҳисоботи Раиси шаҳри Душанбе ва масъалаҳои муҳокимашаванда дар назди Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе омода менамояд;

- омода намудани машварати назди Раиси шаҳри Душанбе, дигар машваратҳои бо регламенти дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе муайянгардида ташкил мекунад ва онҳоро баргузор менамояд;

- шартномаҳое, ки аз ҷониби Раиси шаҳри Душанбе ба имзо мерасанд ва ташкили кор оид ба риоя ва иҷрои онҳоро назорат мебарад;

- мусоидат намудан дар таҳия ва пешниҳоди лоиҳаҳои қонунҳо, инчунин фармону амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бевосита ба шаҳри Душанбе ва фаъолияти мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр дахл доранд;

- муҳри Нишони давлати доштаи Раиси шаҳр ва Раиси Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе ва роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳри Душанберо нигоҳ медорад ва барои истифодаи он масъулиятро ба зимма дорад;

- ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоту сохторҳои дахлдори шаҳри Душанбе ва субъектҳои хоҷагидории моликияти коммуналии шаҳри Душанберо ба роҳ мемонад;

- маълумот ва ҳисоботу гузоришҳо ба Маҷлиси Олии Чумҳурии Тоҷикистон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вазорату идораҳои дахлдор омода ва пешниҳод менамояд;

- коргузории воридоту содирот, махсуси низоми махфидошта ва ҳуҷҷатгузорӣ барои истифодаи хизматӣ пешбинигардидаро таъмин менамояд.

Ба фаъолияти шуъбаҳои ҳуқуқ, ташкилӣ, кадрҳо, назорат, бахшҳои технология ва коммуникатсия, банақшагирӣ ва хариди давлатӣ, корҳои махсус, муҳосибот, корҳои хоҷагӣ, Бойгонии муттаҳидаи байниидоравӣ оид ба ҳуҷҷатҳои шахсӣ ва бо корхонаҳои ёрирасони тобеъ бевосита сарпарастӣ менамояд.

Доир ба таъмини назорат ва иҷрои қарор, амр ва супоришҳои Раиси шаҳри Душанбе аз ҷониби раёсатҳо, шуъбаҳо ва бахшҳои дастгоҳи Раиси шаҳр ва сохторҳои шаҳрӣ, баррасии саривақтии арзу шикоят, дархосту муроҷиатиҳои шаҳрвандон, такмили фаъолияту самараноку шаффофи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва сохтору зерсохторҳои он масъул мебошад.

Дар ҳолати набудани ӯ ваколатҳои хизматиаш ба зиммаи муовини роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе вогузор карда мешавад.

Кори комиссияҳои доимӣ ва муваққатии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанберо ҳамоҳанг месозад.



Илова кунед